Дар ин нишаст сармураббиёну капитанҳои тимҳои миллии ҳарду кишвари ҳамҷавор ба хабарнигорон иброз доштанд, ки ба бозии дӯстона комилан омодаанд.
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба саволҳои хабарнигорон посух дод. Ӯ гуфт, ”умедворам, ки бачаҳо бозии хуб нишон медиҳанд. Баъди ин бозӣ маълум мешавад, кӣ ба чӣ қодир аст. Минбаъд ба бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр оғоз меёбад, омодагӣ мебинем. Бозиҳои дӯстона тамрини бузург аст. Чунонки дар футбол мегӯянд: беҳтарин омӯзгор ин бозист. Албатта мо мехоҳем дар бозии дӯстона бо Афғонистон пирӯз шавем. Мухлисон ба бозиҳои мунтахаби миллии кишвар пазмон шудаанд. Мо мекӯшем, ки ба боварии мухлисон сазовор шавем ва хуб бозӣ кунем.”
Ҳамчунин дар нишасти хабарӣ Аҳтам Назаров, капитани мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, “тими миллии кишвар кайҳо боз дар майдони худ бозӣ накардааст. Бозии охирин якуним сол пеш баргузор шуда буд. Мехоҳем дар рӯзи ид бо ғалабаи худ мухлисонро хурсанд намоем.”
Анӯш Дастгир, сармураббии тими миллии Афғонистон, ба хабарнигорон гуфт, ки мутмаин аст бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон шавқовар сурат мегирад. “95 дар сади бозикунони мо дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд. Мо огаҳӣ дорем, ки дар ҳайати мунтахаби феълии Тоҷикистон низ ба мисли тими мо бисёр бозикунони ҷадид ҳастанд. Ҳарчанд бозӣ мақоми дӯстона дорад, ҳар як тим мекӯшад, ки пирӯз шавад”, - иброз дошт Анӯш Дастгир.
Дар ин нишаст Фаршод Нур, капитани мунтахаби Афғонистон, гуфт, “панҷ рӯз қабл аз бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омадем. Мо ба бозӣ ҷиддӣ омодагӣ дидаем. Ҳар рӯз ду бор тамрин мекунем. Дар ин бозӣ тиме, ки бозии хубтар нишон медиҳад, пирӯз хоҳад шуд.”
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон шоми имрӯз, 7-уми июн, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Зимнан, тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон ҳамагӣ шаш бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи 120-ум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи 149-ум қарор доранд.