Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи мудири коллеҷ баъд аз қазияи таҷовузи як хонанда


Додгоҳи шаҳри Қӯқанди Узбекистон ҳафтаи гузашта мудири Коллеҷи саноати сабуки Қӯқанд, мудири анбор ва як шахси дигарро маҳкум кард.

Додгоҳ онҳоро дар сӯистифодаи мақоми хидматӣ, аз они худ кардан ва сохтакорӣ айбдор намуд.

Тирамоҳи соли 2018 мудир бо айби сӯистифодаи мақоми хидматӣ ва чанд коргари ин муассиса бо айби таҷовуз ба номуси хонандагон боздошт шуда буданд. Дар ин коллеҷ ҳудуди 200 духтари душвортарбия аз саросари Узбекистон таълим мегиранд.

Айбдоршавандаҳо мутаносибан аз 3 ҳазор то 9 ҳазор доллар ҷарима ва аз толори додгоҳ озод шуданд.

Тирамоҳи соли гузашта хабар расид, ки як хонандаи 16-солаи коллеҷи мазкур ҳомила аст. Мақомот мудири коллеҷро бо айби сӯистифодаи мақом ва чанд корманди ин коллеҷро бо айби хушунати ҷинсӣ боздошт карданд.

Расонаҳо дар бораи ҳукми додгоҳ дар робита ба айби таҷовуз ба номуси хонанда хабар намедиҳанд. Баррасии парвандаи таҷовуз пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳукми додгоҳ низ эълом нашудааст.

XS
SM
MD
LG