Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони муҳоҷирони тоҷик: "Ба мо рублҳоямонро диҳед" ВИДЕО


Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон рублҳои фиристодаи онҳоро бо қурби паст ба сомонӣ иваз карда, ба наздиконашон медиҳанд. Ба ҳисоби миёна як муҳоҷири корӣ аз ҳазор рубли фиристодааш 3 сомонӣ зиён мебинад.

Ҳикматулло Шарифзода, муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Маскав мегӯяд, дар арафаи Иди Фитр ба волидонаш пул фиристод. Вақте аз Тоҷикистон ба ӯ гуфтанд, ки бо кадом қурб рублҳои бо сад заҳмат пайдокардаи ӯро ба сомонӣ табдил карданд, табъаш хира шуд.

"Ҳам дар наъл мезананд, ҳам дар пошна"

“Мо барои ирсоли ҳазор рубли русӣ ба бонкҳо 100 рубл комиссия медиҳем. Дар Тоҷикистон ба падарам ҳазор рублро 143 сомонӣ ҳисоб карда додаанд. Ҳатто аз қурби расмии Бонки миллӣ ҳам арзонтар. Ҳоло он ки қурби хариди рубли русӣ дар худи бонкҳо 145-146 сомонӣ муайян шудааст. Аз ҳар ҳазор рубл мо боз 3 сомонӣ бой медиҳем", -- шиква кард ӯ.

Шикояти муҳоҷирони корӣ, ки бинобар тадқиқоти созмонҳои байналмилалии молӣ даромади ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби онҳост, дар ҳолест, ки фарқи қурби ғайрирасмии рубл аз қурби расмӣ рӯз аз рӯз меафзояд.

Ҳоло дар бозори ғайрирасмӣ ҳазор рубли русӣ ба беш аз 150 сомонӣ хариду фурӯш мешавад. Зиёни муҳоҷирон бо назардошти қурби ғайрирасмӣ аз ҳар 1000 рубл 7-10 сомонӣ аст ва баҳрабардори асосии ин маблағҳо бонкҳо ҳастанд.

То замони нашри ин матлаб посухи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷумла бонки давлатии “Амонатбонк” дар ин бобат дастраси Радиои Озодӣ нашуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Наздикони муҳоҷирон: "Ба мо рублҳоямонро диҳед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Фармони Бонки миллӣ

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар ҳоле аз пулҳои интиқолӣ ва фарқияти қурб суди ҳангуфте мебардоранд, ки пардохти рубли русӣ бевосита ба муштариён дар Тоҷикистон манъ шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2016 бо судури як фармон пардохти пулҳои интиқолиро бо рубли русӣ дар бонкҳои кишвар манъ кард. Тибқи ин фармон, бонкҳо рубли русиро ба сомонӣ табдил карда, баъдан ба муштариён медиҳанд.

Он замон Бонки миллӣ дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буд, "ҳадаф таъмини устувории сомонӣ, ҳамчун ягона воситаи пардохт дар Тоҷикистон аст". Ин тасмими Бонки миллӣ вақте содир шуда буд, ки камчинии шадиди доллари амрикоӣ мушоҳида мешуд ва қурби он бо суръат боло мерафт.

Коршиносон гуфтанд, ҳадафи аслӣ ин аст, ки Бонки миллӣ мехоҳад рублҳои воридшуда дар хазинаҳои бонкҳо монад. Бонкҳо тавассути рубл аз бонкҳои Русия доллар харидорӣ кунанд ва камчинии доллар дар кишвар камтар шавад.

Зимнан 90 дарсади пулҳои интиқолӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон бо рубл ворид мешаванд.

Аммо ҳоло амри манъи пардохти интиқолҳои пулӣ бо рубл боис шудааст, ки муҳоҷирон зиён мебинанд. Онҳо аз имконияти бо рубл гирифтани пули интиқолдодаи худ ва бо қурби бозорӣ ба сомонӣ табдил кардани он маҳруманд.

Ҳикматулло Шарифзода мегӯяд, дар сурате ки бонкҳо бо қурби бозорӣ рублро табдил карда намедиҳанд, бигзор пардохт бо рубл иҷозат дода шавад.

"Талаб кунед, ёрӣ медиҳем"

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои интиқолдиҳандаи пул аз Русия мегӯянд, муштариён ҳақ доранд аз бонкҳо талаб кунанд, маблағ бо ҳамон асъоре, ки ирсол шудааст, пардохта шавад.

Ходими маркази хидматрасонии ширкати “Золотая Корона”, ки худро Владимир муаррифӣ кард, рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар бонкҳо аз додани пул бо ҳамон асъоре, ки фиристода шудааст саркашӣ кунанд, ин гуна сарпечӣ нодуруст аст. Дар ин сурат муштарӣ метавонад ба бонки дигар рӯ орад ва ё ба мо муроҷиат кунад, мутахассисони мо ба унвонии бонк дархост фиристода ин мушкилро ҳал мекунанд."

Пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз хориҷа як манбаи асосии даромади асъор ба Тоҷикистон ба шумор меояд.

Бонки миллии Тоҷикистон чанд сол инҷониб омори пули фиристодаи муҳоҷирон аз хориҷаро нашр намекунад ва онро махфӣ нигоҳ медорад.

Аммо Бонки марказии Русия дар гузориши охирини худ гуфт, дар соли 2018 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон 2 миллиарду 553 миллион доллар маблағ фиристода шудааст. Ин маблағ баробар ба 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мебошад.

Мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2018 дар маҷмӯъ 17 миллион доллар бештар назар ба соли 2017 будааст.

Дар солҳои пеш аз бӯҳрони иқтисодии Русия (то соли 2014) мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирони тоҷик якуним-ду баробар бештар буд ва нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод. Русия, ки бо сабаби ғасби Қрим ва шурӯи мухолифатҳои низомӣ дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, бо рукуди нишондодҳои иқтисодӣ, беқурбшавии рубл ва афзоиши бекориву камбуди ҷои кор рӯбарӯ шуд. Ин ҳолат дар даромади муҳоҷирони корҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳам таъсири манфӣ гузошт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG