Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон дар дохили зарфҳои пластикӣ нафасгир мешавад" ВИДЕО


Партовгоҳи канори шаҳри Душанбе бузургтарин партовгоҳ дар Тоҷикистон аст. Чиҳил сол аст, ки ҳар рӯз ба инҷо ҳазорон тонна партов меоранд. Ба гуфтаи кормандон, агар зарфҳои пластикии инҷоро дубора коркард кунанд, барои эҳтиёҷи даҳсолаи кишвар кофист, вале касе ба ин кор ҷиддӣ машғул намешавад.

Сокинони атроф аз инҷо зарфҳои пластикиро ҷамъ оварда, ба чанд корхонаи хурди коркарди пластикӣ мефурӯшанд.

Фирдавс Шарипов, ҳуқуқшиноси партовгоҳ, гуфт, "ба корхонаи мо аз чаҳор ноҳияи пойтахт партовҳои сахти маошӣ меоранд. Дар як шабонарӯз аз 700 то 1000 тонна партов ворид карда мешавад."

Тақрибан 10 сол аст, ки дар Тоҷикистон дар бораи коркарди саноатии партовҳо суҳбат мешавад, вале акнун мақомот барои расидан ба ин ҳадаф камар бастаанд. Сармоягузор меҷӯянд ва мегӯянд, омодаанд, ба онҳо имтиёз бидиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Мушкили коркарди партов дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Мақсад Мардонов, раиси Хадамоти назорати истифодаи замин, мегӯяд, "дар Тоҷикистон стратегияи миллӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ таҳия мешавад ва дар баррасӣ қарор дорад. Дар он тамоми паҳлӯҳои соҳа ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, ворид кардани техникаҳои нав барои кашондан ва коркарди он."

Дар Тоҷикистон 24 корхонаи хурди коркарди партов ҳаст, ки бо таҷҳизоти куҳна кор мекунанд. Аксарият ба оҳангудозӣ ва истеҳсоли хӯлаҳо (арматура) машғуланд. Корхонаи “Ормон” яке аз корхонаҳои камшуморест, ки дар баробари оҳан, резин, чӯб ва партовҳои дигари табииро коркард мекунад. Раҳбаронаш мегӯянд, дар зарфи як сол харҷи таҷҳизоти корхонаро тақрибан бозпас гирифтаанд.

Аз партовҳои органикӣ нурӣ истеҳсол мекунанд ва як метри мукааби онро ба 7 доллар мефурӯшанд. Дар як шабонарӯз инҷо то 100 метри мукааб нурӣ истеҳсол мешавад. Резину шишаро ба корхонаҳои дохилӣ мефурӯшанд ва талабгори маҳсулоташон кам нест.

Мушкили асосӣ дар Тоҷикистон мавҷуд набудани саноати дурусти коркарди зарфу бастаҳои пластикӣ аст, ки таҷзия намешаванд ва муҳити зистро олудаву вайрон мекунанд. Агар ин масъаларо ба зудӣ ҳал накунанд, Тоҷикистон дар дохили зарфҳои пластикӣ нафасгир мешавад.

Мақсад Мардонов, раиси Хадамоти назорати истифодаи замин гуфт, "ҳозир дар Душанбеву Хуҷанд ва ноҳияҳои Рӯдакиву Ваҳдат корхонаҳои коркарди зарфҳои пластикӣ ҳастанд, вале талаботи ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонанд".

Дар Тоҷикистон зарурати тақсиму ҳифзи ҷудогонаи партов пеш омадааст, ки коркарди дубораи онро осону камхарҷ мекунад. Сокинон мегӯянд, барои ин кор омода ҳастанд. Баъзе аз роҳгузарон дар Душанбе гуфтанд:

  • "Дар тамоми ҷаҳони мутамаддин ин корро мекунанд ва мо ҳам бояд кунем."
  • "Агар қуттиҳои алоҳида монанд, ман худам партовро ҷудо-ҷудо мепартоям."
  • "Партофтани партовро на дар кӯча, балки дар дохили партовгоҳ ёд бигиранд, баъдан метавонем дар ин бора фикр кунем."

Ба қавли мақомот, маълум кардани тақсими партов аз тарафи сокинон осон аст, чун дар назди қуттиҳои партов дурбинҳои назоратӣ гузоштаанд. Вале кай ба тақсими ҷудогонаи партов мегузаранд, рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG