Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Панҷакент ду бародарро кушт. ВИДЕО


Ҳодиса инҷо рух додааст.

Бар асари омадани сел дар деҳаи Рӯзи Обноки Панҷакент ду нафар ҷон бохт. Муҳаммадсобир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ду нафар бародарон ҳастанд ва барои меҳмонӣ аз Душанбе омада буданд".

Ҳодиса баъд аз зуҳри 4-уми июн рух додааст. Сафарзода гуфт, "то кунун ҷасади яке аз онҳо пайдо шуд ва ҷустуҷӯи ҷасади дувум идома дорад."

Як корбари Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса видеоеро ба мо фиристод ва гуфт, ҳодиса дар километри 52-юми шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент рух додааст. Ӯ гуфт, ки шоҳиди айнӣ будаст ва табибон 2 нафарро барои муолиҷа ба шифохона бурдаанд.

Сел дар Панҷакент ду бародарро кушт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

Ду рӯз пеш бар асари омадани сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ як ҷавони 18-даҳсола ҷон бохт. Борону сел дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар оромгоҳ ва даҳҳо манзилу роҳро вайрон кардааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG