Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар аз эъломияҳои поёнии нишастҳои Макка интиқод кард


Кишвари арабии Қатар баёнияҳои се нишасти Маккаро, ки Эронро ҳадафи интиқодҳои шадид қарор доданд, радд карда ва мегӯяд, ин баёнияҳо ишорае ба пайгирии як сиёсати миёнаравона барои кушодани дарвозаҳои гуфтугӯ бо Теҳрон намекунанд.

Рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ мизбони се нишасти минтақавӣ ва байналмилалӣ -- нишасти сарони Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, Иттиҳодияи Араб ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ буд, ки тайи он аз сиёсатҳои Эрон интиқод шуд ва баёнияҳое низ алайҳи Теҳрон содир гашт.

Қатар дар як иқдоми бесобиқа тайи ду соли гузашта аз замони буҳрон дар равобиташ бо Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони он, нахуствазири худро ба ин нишастҳо фиристода буд.

Аммо Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар рӯзи якшанбеи 2-юми июн дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Ал-Ҷазира" изҳор кард, ин баёнияҳо "Эронро маҳкум мекунанд, аммо барои боз кардани дарвозаҳои музокира бо Теҳрон бетаваҷуҳ ҳастанд".

Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ афзуд, ки нишастҳо дар Макка "сиёсати Вашингтон дар баробари Эронро пайгирӣ намудааст, на сиёсате, ки ҳамсоягиро мадди назар қарор диҳад".

Вазири умури хориҷии Қатан дар мусоҳибае, ки рӯзи якшанбе аз телевизиони "Ал-Арабӣ" пахш шуд, бо ишора ба инки нишастҳои Макка "мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ, ҳамчун масъалаи Фаластин ва ҷанги Либияву Яманро нодида гирифт", гуфт, "интизор доштем, ки ин нишастҳо заминае барои гуфтугӯ ва коҳиши таниш бо Эрон эҷод мекунад".

Ҳукумати Арабистони Саудӣ то ба ҳол ба ин изҳороти вазири умури хориҷии Қатар вокунише нишон надодааст. Қатар дувумин кишвари арабӣ пас аз Ироқ аст, ки аз мавзеъгириҳои ин нишастҳо дар баробари Эрон, норозигӣ кардааст.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти изтирории Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Иттиҳодияи Араб дар Макка, Эронро "хатаре барои минтақа ва ҷаҳон" гуфт. Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ин нишастҳо бори дигар Эронро ба даст доштан дар ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ муттаҳам кард.

Cухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш аз ин, ки Арабистони Саудӣ "аз шароити мизбонӣ", "фурсати моҳи мубораки Рамазон" ва "ҷойгоҳи муқаддаси Макка" ба гуфтаи ӯ, "сӯистифода" кард, ибрози таассуф намуд. Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон "иттиҳомоти беасос" дар баёнияи поёнии ин нишастҳоро рад ва маҳкум кард.

Танишҳо байни Теҳрон ва Вашингтон дар ҳафтаҳои ахир шиддат гирифтааст ва эҳтимоли даргириҳои низомӣ дар минтақа зиёд шудааст. Дар ин байн, гузоришҳо дар мавриди "амалиёти харобкорона" дар киштиҳои нафткаш дар бандари Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳамлаҳои гурӯҳи Ҳусӣ ба коргоҳҳои нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, бар танишҳо афзуд. Нишастҳои Макка низ дар чунин шароите баргузор шуданд.

XS
SM
MD
LG