Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн таҷлил мешавад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи якуми июн қарор қабул кард.
Вале Русия ва баъзе аз кишварҳои дигар рӯзи Иди Рамазонро 4-уми июн ҷашн мегиранд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо гуфт, намози ид дар масҷидҳои Тоҷикистон соати шаши субҳ хонда мешавад.
Як нафари огоҳ аз ҷаласаи Шӯрои уламо хабар дод, ки дар ҷаласаи рӯзи шанбе масъалаи ҳаққи узвияти масҷидҳо ва танзими “идгардак”-ро низ баҳс кардаанд.
Иди Фитр ба як моҳи рӯзадорӣ поён мебахшад. Дар он рӯз сокинон баъди намози ид ба зиёрати оромгоҳҳо ва ё аёдати беморон ва хешу таборон мераванд.
Дар гузашта дар ин рӯз кӯдакон ба хонаи ҳамсояҳо ва наздикон рафта, туҳфа мегирифтанд. Вале ду сол пеш мақомот "идгардак"-ро бо баҳонаи ин ки зери чархи мошин намонанд ё ба фалокате дучор нашаванд, маҳдуд карданд.
Ҳамчунин оростани дастархони калон ва пур аз нуқлу наво манъ шудааст.
Бино ба қонунҳои Тоҷикистон Иди Фитр рӯзи истироҳат аст, вале дар гузашта раҳбарияти идораҳои давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна кӯшиш карда буданд, мардум ба кор ва донишомӯзонро ба дарс даъват кунанд.
Мардум чунин бархӯрдро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва динии худ медонанд.
Hamin tolibo ku guruhi teroristiand. Baroi chi ba joi torumor kardan bo eshon guftuguzor karda istodaand?
Котил бачаи тагадор будайчи. Агар бетага мебуд давно дар телик нишон медоде.
Мақомотҳои қудратии Тоҷикистон дар тамоми кор ба қонуншикани ё ҳуқуқпоймолкунӣ роҳ медиҳанд, онҳо умуман ҳақ надоранд, ки ноболиғро бе ҳузури волидайнаш бозпурсӣ намоянд. Ҳарчанд муртакиби ҷиноятҳам шуда бошад бояд волидонаш ва равоншиносу вакили мудофеъ дар наздаш бошанду баъдан пурсида шавад!
Мактаб ва муаллим чи гунох доранд бечорагон бо музди ночиз кор мекунан мухтарам вазир ВКД ба фикрам як руза обеди шумо як моха маоши муаллим боз муаллим гунахкор.Акар чи кадаре байни кишри чомеа дорову нодор зиёд шудан гирад проблема бисёр шудан менирад.
ВКД ба зуди ин чиноятро ошкор кунед. Агар натавонед, Пас шумо чи даркоред шумо ба ин чамъият? Шумо ин саволро як бор ба худ дихед.