Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти мағзи устухон ва гурдаи беш аз 90 хориҷӣ дар Душанбе


Табибон дар Тоҷикистон ба 96 шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳои баданро анҷом додаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, шумори шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои анҷоми амалиёти пайвандсозии узвҳои бадан ба пизишкони тоҷик муроҷиат кардаанд, афзоиш ёфтааст. Онҳо бовар доранд, ки ин вазъият аз "бештар шудани эътимод ба сифати кори табибон" дарак медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, кам нестанд он беморони ниёзманд ба гурда ё ҷигари донорӣ дар Тоҷикистон, ки ба мутахассисони маҳаллӣ эътимод надоранд. Баъзе аз беморон мегӯянд, омода ҳастанд бо сарфи ҳазорҳо доллар худро ба клиникаҳои Ҳинду Олмон ва Русияву Исроил бирасонанд ва интизори анҷоми муваффақиятомези ин амалиёт шаванд.

Бибихонум Дарвешова, сухангӯи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар се моҳи аввали соли 2019 ба 28 шаҳрванди Озарбойҷон, 31 нафар аз Қирғизистон, 26 нафар аз Исроил ва шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Тоҷикистон амалиёти пайвандсозии узвҳо анҷом доданд."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки дар Муассисаи давлатии "Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон" то анҷоми соли 2018 беш аз 70 шаҳрванди хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо анҷом дода буданд.

Аз омори тоза бармеояд, шумори шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон амалиёти пайвандсозии узвҳоро пушти сар кардаанд, 19 нафар бештар шудааст.

Амалиёти пайвандсозии узвҳои баданро дар Тоҷикистон танҳо "Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон" анҷом медиҳад, ки соли 2011 таъсис ёфтааст.

Аз оғози фаъолият табибони ин марказ, дар маҷмуъ, ба 536 бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва ба 33 нафар ҷарроҳии пайванди ҷигарро гузаронидаанд.

Яке аз омилҳое, ки шаҳрвандони хориҷиро барои анҷоми амалиёти пайвандсозии узвҳои бадан ба Тоҷикистон меорад, нисбатан арзон будани нархи хадамоти табибони тоҷик мебошад.

Бино ба иттилои ин марказ айни замон нархи амалиёти пайвандсозии гурда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 48 ҳазор сомонӣ (4800 доллар) ва барои хориҷиён 58 ҳазор сомонӣ (5800 доллар) муайян шудааст.

Айни чунин амалиёт дар хориҷа ба маротиб гаронтар аст ва арзонтаринаш аз 30 ҳазор доллар оғоз мешавад. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон пизишкон амалиёти пайвандсозии гурда, ҷигар ва ҳамчунон мағзи устухонро анҷом медиҳанд.

Cоли гузашта табибони тоҷик, ҷарроҳии табдили гурдаи Маҳшед Ҳомидӣ, ҳамсари Иброҳим Ҳомидӣ, маъруф ба Эбӣ, ҳунарманди шинохтаи эронии муқими Амрикоро анҷом дода буданд.

Вале матбуоти Тоҷикистон борҳо масъалаи дар хориҷ муолиҷа ё амалиёт шудани мансабдоронро низ матраҳ карда ва аз вазири тандурустӣ то раҳбарияти донишгоҳи тиббиро интиқод кардаанд, ки саломати худро ба шогирдону дастпарвардаҳояшон бовар намекунанд.

Соли 2015 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як сӯҳбаташ ба ин масъала ишора кард ва таъкид намуд, тибби кишвар тавре бояд бошад, ки дигар мансабдорони баландпоя барои табобат ба хориҷ нараванд. Гуфта мешавад, мақомоти тоҷик аксар вақт барои муолиҷа ё амалиёт ба Русия, Олмон, Ҳинд ва ё Исроил сафар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

XS
SM
MD
LG