Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Аз Қирғизистон дар чанд сол ба хориҷ $250 млн бурда шудааст

Тибқи санадҳое, ки дастраси Бахши қирғизии Радиои Озодӣ шуд, тайи чанд соли ахир аз Қирғизистон дасти кам 250 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд. Рӯзноманигори радио Алӣ Токтакунов дар пайи таҳқиқи худ муайян кард, ки як қисми ин пулҳо ба ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ворид гаштааст. Вале манбаъҳои муътамад мегӯянд, пуле, ки ба хориҷ аз Қирғизистон бурдаанд, беш аз 700 миллион доллар аст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрванди Чин Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Худи ӯ дар суҳбат бо радио гуфт, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди "Исмоил Матраимов" солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.

Муовини раиси Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон Эмил Жамгирчиев 27-уми май гуфт, санҷиши дороиҳои Матраимов ба зудӣ ба поён мерасад. Бояд гуфт, санҷиши дороиҳои Райимбек Матраимов панҷ сол мешавад, идома дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Тоҷикистон коронавирус ба 46 нафари дигар сироят кардааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвар 46 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт шудааст, вале талафот аз беморӣ дар шабонарӯзи гузашта мушоҳида нашуд.

Дар иттилоияи вазорат, ки шоми 16-уми июл нашр шуд, омадааст, ки дар умум 6741 нафар дар Тоҷикистон ба коронавируси нав сироят ёфтаанд. Аз ин теъдод тибқи омори расмӣ, 80 дарсад шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, бемории COVID-19 то ин дам дар кишвар 56 қурбонӣ доштааст.

Бисёриҳо ба омори расмӣ доир ба сирояти бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки миқёси густариши беморӣ ва талафот бузургтар аз он аст, ки тасвир мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон барканор карда шуд

Элмар Маммадёров, собиқ вазири умури хориҷии Озарбойҷон

Дар пасманзари тавсеаи низоъ бо Арманистон президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев вазири корҳои хориҷии кишвар Элмар Маммадёровро, ки дарозмуддат дар ин вазифа кор кардааст, аз мақомаш сабукдӯш кард. Ба ҷои ӯ ба ин мақом Ҷайҳун Байрамов таъин шуд. Қарори рӯзи 16 июл як рӯз баъди он содир шуд, ки дар як ҷаласаи ҳукумат президент Мамадёровро барои бархӯрди “заъиф” дар робита бо низои мусаллаҳона дар марзи Озарбойҷону Арманистон дар таърихи 12 июл интиқод кард. Алиев гуфт: “Ба назари ман, фаъолиятҳои дипломатии мо бояд муассиртар бошад. Ман борҳо гуфтаам, ки дипломатияи мо бояд таҳоҷумӣ бошад, на мунфаил ё дифоӣ. Дипломатия набояд аз сӯҳбат кардан битарсад”. Маммадёров шурӯъ аз соли 2004 дар ин кишвари ғанӣ аз нафт дар мақоми вазири хориҷа кор кардааст. Байрамов пеш аз таъинаш ба вазифаи вазири хориҷа дар мақоми вазири маориф кор кардааст.

Расонаҳои Чин сабаби марги Шоира Бузруковаро "пневмонияи коронаӣ" номиданд

Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми июл даргузашт

Расонаи чинии "Садои Осиё" ба нақл аз манбаъҳои худ хабар додааст, ки сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд Шоира Бузрукова аз сирояти коронавирус фавтидааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳоло сабаби марги сардухтури зоишгоҳи вилоятиро расман шарҳ надодаанд.

Шоира Бузрукова рӯзи 4-уми июл дар Беморхонаи касалиҳои сироятӣ даргузашт. Навбатдори Раёсати тандурустии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 июл гуфт, хонум Бузрукова аз рӯзи 30 юми июн то то рӯзи маргаш дар беморхонаи сироятии вилоятӣ бистарӣ буд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Вай аз гуфтани сабаби марг худдорӣ намуд. Дар ҳоле ки дар беморхонаи сироятии Суғд, ки ин пизишк бистарӣ буд, асосан беморони гирифтори вируси COVID-19 табобат мешаванд.

"Садои Осиё" менависад, Шоира Бузрукова ба коронавируси нав мубтало шуда, он диабети ӯро вазнинтар кард ва ҳам сабаби илтиҳоби шуш гардад, ки ҳамаи ин ба маргаш боис гаштанд. Хабари "Садои Осиё"-ро ҳамчунин нашрияи дигари чинӣ "Нигоҳи нав ба Тоҷикистон" бознашр кардааст. Ҳарду расона ҳамчунин карантин шудани Беморхонаи касалиҳои сироятии Хуҷандро пас аз марги Бузрукова рад кардаанд.

Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Муҳиддин Хоҷазод, адиби тоҷик аст. Моҳи апрел хабар нашр шуда буд, ки ин адиби тоҷик бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” ҳамроҳи як писараш дар бемористони шаҳрии рақами 2-и Хуҷанд таҳти табобат қарор доранд. Муҳайё Музаффарова, ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод, ки синнаш аз 70 боло буд, 28 апрел даргузашт. Мақомот ҳамаи онҳоро гирифтори бемории илтиҳоби шуш меноманд. "Садои Осиё" ба матлаби худ "Марги сардухтури тоҷик аз пневмонияи коронаӣ" унвон ниҳодааст.

Дар Узбекистон доруҳои зиддивирусӣ камчин шудаанд

Дар дорухонаҳои Узбекистон давоми ҳафтаҳои ахир камчин шудани доруҳои зиддивирусӣ мушоҳида мешавад. Дорухонаҳое, ки ин доруҳоро доранд, онро 3-4 баробар гаронтар аз нархи пешин мефурӯшанд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо тасдиқи мушкили мавҷуда дастур дод, ки доруҳои мазкурро барои се моҳ захира кунанд.

"Чи қадаре сармоя лозим бошад, медиҳем. Вале вақте дору гарон мешавад, норозигии мардум ба миён хоҳад омад. Мо бояд ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ гирем. Бори дигар мегӯям, ки ҳама чизро захира кардаем, ҳар чизе нарасид, аз берун хоҳем овард", - изҳор дошт Мирзиёев.

Сокинони Узбекистон мегӯянд, доруҳои "Арбидол", "Эргоферон", "Лопинавир", "Авиган", "Гидроксихлорохин", ки барои мубталоёни коронавирус тавсия мешаванд, наметавонанд дар дорухонаҳо пайдо намоянд.

Ҳамчунин доруҳои "Азитромитсин", "Плаквенил", "Ремдесивир", "Умифеновир", "Фавипиравир", ки Вазорати тандурустӣ ва Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон барои муолиҷаи мубталоёни вирус дар хона тавсия додаанд, дар дорухонаҳои Тошканд камчин шудаанд.

Ҳамчунин сокинон дар пайдо кардани доруҳои "Паратсетамол" ва "Аспирин" бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Масъулони дорухонаҳои Тошканд мегӯянд, доруҳои мазкур давоми ҳафтаҳои ахир камчин гаштаанд.

Доналд Трамп аз Эрон хост, ки аз иҷрои ҳукми қатли се эътирозгар худдорӣ кунад

Ин се нафарро додгоҳ барои нақшашон дар эътирозҳои ноябри соли 2019 ба марг маҳкум кардааст

Президенти ИМА Доналд Трамп аз Эрон тақозо кард, ки ҳукми қатли се ширкатдори эътирозҳои соли 2019-ро иҷро накунад. Ӯ гуфт, иҷрои ҳукми қатли ин се нафар ба ҷаҳон паёмҳои “ваҳшатнок мефиристанд ва набояд ба ин кор роҳ дода шавад”. Низоми адлияи Эрон рӯзи 14 июл гуфт, ки додгоҳ ҳукми марги ширкатдорони эътирозҳои моҳи ноябри соли гузаштаро бетағйир гузошт. Эътирозҳо тирамоҳи порсол бо сабаби якбора боло рафтани нархи газ бархост. Гузоришҳо маҳкумшудаҳо ба маргро ҳамчун тоҷири телефонҳои мобил Амирҳусейн Муродии 26-сола, донишҷӯ Саид Тамҷидии 28-сола ва Муҳаммад Раҷабии 26-сола муаррифӣ кардаанд. То ҳол беш аз 2 миллион нафар тавассути ҳештеги #NoToExecution ба иҷрои ҳукми қатли ин нафарон мухолифат баён кардаанд ва дар миёни онҳо афроди саршиноси кишвар ҳам мебошанд.

Ноябри соли гузашта нархи сӯзишворӣ дар Эрон якбора боло рафт ва эътирозҳое, ки дар пай бархост, аз ҷониби мақомот шадидан саркӯб шуд. То ҳол мақомот омори дурусте дар заминаи талафоти ҷонӣ нашр накардаанд. Ба ҳисоби як узви маҷлиси Эрон, дар паи саркӯби эътирозҳо дар кишвар 230 нафар куштаву ҳазорҳо тан захмӣ шудаанд. ИМА шумори кушташудаҳоро беш аз як ҳазор нафар ҳисоб кардааст.

Рэпсаро Кане Уэст номзадиашро ба мақоми президентии ИМА пешниҳод кард

Рэпсаро Кане Уэст асноди лозимиро барои сабти номи номзадияш ба мақоми президентии ИМА дар интихоботи соли равон пешниҳод кард.

Ба иттилои хабаргузории Associated Press, ӯ ҳамчунин маблағи лозимӣ барои қайди номзадиро дар ҳаҷми 35 ҳазор доллар пардохтааст. Уэст аснодашро 15 июл, рӯзи охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба комиссияи иёлати Оклаҳома ироа намудааст.

Бар асоси асноди ироашуда, Кане Уэст номзадии худро аз сӯи кумитаи "Кане-2020" пешниҳод кардааст. Вай пештар гуфта буд, ки номзадиашро аз номи ягон ҳизб пешниҳод нахоҳад кард, зеро тасмим дорад, ҳизби худашро бо номи "The Birthday Party" (Ҳизби зодрӯз) таъсис диҳад. Дар шарҳи номи ҳизбаш гуфт, "вақте мо пирӯз шавем, ин ба он маъност, ки ҳама зодрӯз доранд".

Кане Уэст дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ дар интихоботи навбатии ИМА дар Твиттер хабар дод. Ин навиштаи ӯ 4 июл - Рӯзи истиқлоли Амрико нашр шуд ва дар давоми чанд соат садҳо нафар онро писандиданд ва бознашр карданд.

Мирзиёев вазири беҳдошту шаҳрдори Тошкандро дар робита бо коронавирус сарзаниш кард

Карантин дар Тошканд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 16 июл вазири беҳдошти кишвар Алишер Шодмонов, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва дигар раҳбарони минтақаҳои кишварро барои “нокомӣ” дар бархӯрд бо бӯҳрони коронавирус сарзаниш кард. Мирзиёев рӯзе аз ин пеш дар як ҷаласаи ҳукуматӣ мақомоти шаҳри Тошкандро дар он гунаҳгор кард, ки “назорати вазъ дар пойтахтро аз даст доданд” ва вазоратро дар он гунаҳгор кард, ки стратегияи поинбарии батадриҷи паҳншавии коронавирус дар ҷомеа дар 30 рӯзи ахир вайрон шудааст. Мирзиёев гуфт, ки аз дорухонаҳои маҳаллӣ маводи дорувори бемориҳои роҳҳои нафас гум шуда, нархи дору 800 дарсад афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфт, “мардум намедонад, ки барои супурдани тести коронавирус ба куҷо муроҷиат кунад. Дастрасӣ ба ёрии таъҷилӣ мушкил шудааст”. Омори ахир мегӯяд, ки то 15 июл дар Узбекистон 14,581 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла 71 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қазоқистон мақомот гуфтанд, ки муовини аввали раиси вилояти Туркистон Қосман Айтмухамедов дар синни 57-солагӣ бар асари COVID-19 ҷон дод. Рӯзи 16 июл президент Қосимжомарт Тоқаев бо имзои дастуре 40 корманди тибро, ки ба ҳангоми табобати беморон аз коронавирус ҷон додаанд, бо медал қадрдонӣ кард. То 16 июл дар Қазоқистон 65,188 ҳолати олудагӣ ва 396 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қирғизистон рӯзи 16 июл вазири беҳдошт Айнура Ахматова гуфт, ки дар ин кишвар шумори кормандони тиббе, ки ба ҳангоми табобати беморон ба COVID-19 олуда шудаанд, 2,076 нафарро ташкил дод. Президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи панҷшанбе ба хонаи як донишҷӯи курси болои донишгоҳи тиббии кишвар рафт, ки баъди 11 рӯзи кори ихтиёрӣ дар ҷабҳаи мубориза бо коронавирус даргузашт. Адинай Мирзобекова рӯзи 13 июл бар асари пневмония даргузашт. Ҷеенбеков ӯро баъди маргаш бо нишон “Барои шуҷоат” қадрдонӣ кард. Дар Қирғизистон то 16 июл 12,498 ҳодисаи олудагӣ, аз ҷумла 167 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Рахнагарон саҳифаҳои Twitter-и Билл Гейтс ва Барак Обамаро хароб карданд

Замимаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар телефони мобил

Рахнагарон даҳҳо саҳифаҳои Twitter -и корбарон, аз ҷумла, саҳифаҳои чандин шахсияти маъруфи сиёсиву ҷамъиятии ИМА-ро хароб карданд. Дар миёни онҳо – муассиси Microsoft Билл Гейтс, раҳбари кулли ширкати Tesla ва муассиси SpaceX Илон Маск, рэпсаро Канйе Уэст, собиқ президенти ИМА Барак Обама, сиёсатмадорон Ҷо Байден ва Майкл Блумберг, муассиси Amazon Джеф Безос ва дигарон мебошанд. Инчунин саҳифаҳои расмии ширкатҳои Apple, Uber ва бозорҳои пули рақамӣ рахна шуданд. Дар шабакаи иҷтимоӣ нусхаи саҳифаҳо бо даъват ба ирсоли пулҳои рақамӣ ба ҳамёни муайян нашр ва ваъда шудааст, ки пулҳо дар ҳаҷми ду баробар бештар баргардонида мешаванд. Вале базудӣ ин навиштаҳо дар Твиттер тоза шуданд. Нашрияи The Verge гуфт, ки тақаллуборон тавонистанд аз ин бебандуборӣ беш за 104 ҳазор доллар ба даст оваранд. Дар ширкати Twitter гуфтанд, ки дар бораи ин ҳодиса хабар доранд ва ҳоло талош доранд, ки ин мушкил ҳал шавад.

Табибони қирғиз гуфтанд, ҳиҷомат дар табобати коронавирус кумак намекунад

Айнура Акматова

Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова аз сокинони кишвараш даъват кард, ки ҳангоми табобат аз ҳиҷомат худдорӣ кунанд.

Вай гуфт, вақтҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешавад, ки гӯиё ҳиҷомат (хунгирӣ аз бадан ба воситаи шохмонӣ) дармони бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус аст ва табибон онро тасдиқ карда, тавсия медиҳанд.

"Аз нигоҳи тиббӣ муфид будани он дар ягон ҷой тасдиқ нашудааст. Дар ягон дастурамали табобатӣ низ ҳиҷомат зикр нагаштааст. Хоҳиш мекунем, аз он худдорӣ кунед. Фаромуш насозед, ки бемории Ҳепатит, ВИЧ ва касалиҳои дигар тавассути хун мегузаранд. Мардум мегӯянд, ки 7-8 рӯз ҳиҷомат карданд ва тасфашон поин рафтааст. Фикр намекунанд, ки дар ин муддат организми инсон бо вирус мубориза бурда, масуният пайдо мекунад ва тасф ҳам поин меравад", - изҳор дошт ӯ.

Дар Қирғизистон шумори умумии мубталоён ба коронавирус расман ба 12498 расида, аз ин миён, 3735 кас шифо ёфтанд ва 167 нафар ҷон бохтанд.

Болоравии нишондодҳои иқтисоди Чин дар пасманзари пандемия

22 апрели соли 2020. Маҳаллаи марказии тиҷоратии Пекин

Бар хилофи поинравии амиқи нишондодҳои иқтисодии Чин дар оғози соли ҷорӣ, дар семоҳаи дуюм афзоиш мушоҳида мешавад. Омори иқтисодии Чин ҳамчун нишонаи солим будани иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, дар ҳоле, ки дигар кишварҳо талош доранд аз паёмадҳои пандемияи коронавирус наҷот ёбанд. Бюрои миллии омор рӯзи 16 июл гуфт, ки афзоиши иқтисоди Чин – иқтисоди дуюм дар ҷаҳон дар моҳҳои апрел то июн 3,2 дарсади рушди солонаро ташкил дод ва аз пешбиниҳои иқтисодшиносон, ки 2,5 дарсад мегуфтанд, пеш гузашт. Пеш аз ин дар семоҳаи аввали сол нишондодҳои иқтисодӣ 6,8 дарсад поин омад. Чин, ки аввал шуда аз коронавирус осеб дид, дар ду моҳи гузашта тадриҷан тадбирҳои маҳдудкунандаро сабуктар кард.

Иқтисоди кишварҳои дигар, аз ҷумла, дар Амрикои Лотинӣ ва ҷазираҳои Карриб аз пандемия амиқан осеб дидааст. Коронавирус дар ИМА, ки то ҳол ҷони 137 ҳазор нафарро гирифтааст, қисматҳои ҷануб ва ғарби ин кишварро, ки даст ба пурра ё қисман боз кардани иқтисод задаанд, осеби ҷиддӣ расонидааст.

Ҳизби рӯ ба Аврупои Македонияи Шимолӣ ба ғалаба дар интихобот наздик шудааст

16 июл, Скопйе. Собиқ нахуствазир Зоран Заев пирӯзии Иттиҳоди сотсиал-демократии Македонияро дар интихоботи дирӯза таҷлил мекунад

Ба назар мерасад, ки ҳизби рӯ ба Иттиҳоди Аврупои сотсиал-демократии Македонияи Шимолӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии 15 июл наздик шудааст. Дар паи шумориши 94 дарсади овозҳо гуфта шуд, ки Иттиҳоди сотсиал-демократии Македония (SDSM) дар интихоботи гузашта 36,13 дарсад ва рақибаш ҳизби ростгарои VMRO-DPMNE - 34,65 дарсади раъйи мардумро ба худ ихтисос додаанд. Агар ин натиҷаҳо тасдиқ шаванд, собиқ нахуствазир Зоран Заев ва SDSM ҳақи ташкили ҳукумати навро ба даст меорад. Македонияи Шимолӣ яке аз кишварҳои нодортарин дар қаламрави Аврупо ба самти узвият дар ИА ва НАТО ҳаракат мекунад. Заев худро пирӯз эълон карда гуфтааст, ки бо ҳизби хурди албанитаборҳо, ки аз VMRO-DPMNE дастикам се курсии бештари парлумонро бурдааст, эътилоф ташкил мекунад. Заев дар нишасти хабарии ҳизбаш гуфт: “Мо интихоботи сулҳомез, шоиста, озод, демократӣ ва амн барпо кардем”. Ҳизби албанитаборҳои Иттиҳоди демократии ҳамгироӣ бо 11,6 дарсади овозҳо дар мавқеи “тақдирсоз” қарор гирифт. Дигар ҳизбҳо натавонистанд аз 10 дарсад бештар овоз ба даст оваранд. Комиссиюни марказии интихобот гуфт, ки давоми рӯзи 16 июл таносуби курсиҳо дар парлумонро эълон мекунад.

Идомаи задухӯрдҳои марзии миёни Озарбойҷону Арманистон

Низомиёни арманӣ дар назди деҳаи Мовсеси воқеъ дар марз бо Озарбойҷон. 15 июли соли 2020

Тибқи гузоришҳо дар марзи Озарбойҷону Арманистон низоъҳои мусаллаҳона идома дорад ва ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар ҳамла ва тарандозӣ ба сӯи деҳоти марзӣ гунаҳгор карданд. Низомиёни Арманистон иддао карданд, ки дар соатҳои субҳи барвақти 16 июл монеи баргузории рейди озарбойҷониҳо дар нуқтаҳои марзии ин кишвар дар ноҳияи шимолушарқии Товуш шуданд. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки “баъди як тирандозии шадид душман бо хисороти муайян ақибнишинӣ кард”. Дар ин изҳорот иддао мешавад, ки нирӯҳои озарбойҷонӣ ба сӯи ду деҳаи марзии арманӣ бо хумпораву тӯпхонаи вазнин оташ кушоданд. Степанян соатҳои субҳи барвақт дар Фейсбук навишт, ки “задухӯрдҳо ҳоло ҳам идома дорад” ва “воҳидҳои нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон иғвоҳои озарбойҷониҳоро безарар мекунанд”. Степанян инчунин бо нашри изҳороте дар Фейсбук рӯзи 16 июл иддао кард, ки нирӯҳои Арманистон як тонки озарбойҷоинро хароб карда ба мавқеъҳои “хумпораву тӯпхонаҳои Озарбойҷон, ки мавқеъҳои аҳолинишини моро ҳадаф қарор дода буданд, нобуд карданд”. Дар як видеои кӯтоҳе, ки ӯ нашр кард, дуди сиёҳи ғализе за пушти баландие ба чашм мерасад, ки зоҳиран хоки Озарбойҷон аст.

Степанян ичунин гуфт, ки вазири дифои Арманистон Давит Тоноян дар занги телефоние ба Андржей Каспршик, раҳбари ҳайати нозиротии САҲА дар Қаробоғи кӯҳӣ таҳаввулоти ахирро гузориш дод. Ӯ гуфт, ки Тоноян ба Каспршик гуфт, ки ҷониби Озарбойҷон “хисороти зиёд дид”. Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, ки дар ҳодисаи марзии соати 9-и субҳ ҳеҷ як сарбози арманӣ кушта нашудааст.

Дар соатҳои субҳи 16 июл волии Товуш Ҳайк Чобанян гуфт, на танҳо деҳот, балки шаҳраки Берд ҳам таҳти оташи хумпораи озарбойҷониҳо қарор гирифт. Ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳеҷ як сокини маҳаллӣ осеб надид, вале бархе хонаву сохторҳои бунёдӣ зарар дидаанд. Чобанян гуфт, ки “сокинон дар таҳхонаву хаймаҳо панаҳ мебаранд” ва “зиндагии онҳо таҳти хатар нест”. Ӯ афзуд, ки зарурат ба интиқоли мардум ба ҷойҳои амн вуҷуд надорад. “Умедворам, ки ин ҳолат дер давом намекунад”, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Озарбойҷон нирӯҳои арманиро дар ҳамла ба нирӯҳои ҷабҳаи пеш ва тирандозӣ ба рустоҳои озарбойҷонӣ дар ноҳияи Товуз, ки бо Товуш ҳаммарз аст, гунаҳгор аст. Дар изҳорот тафсилоти аз ин беш оварда намешавад.

Азсаргирии тирандозӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон як рӯз баъди он рух дод, ки дар се рӯзи даргириҳои хунини миёни нирӯҳо 15 сарбоз кушта шуда мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Пеш аз ҳодисаҳои 16 июл, миёнаравҳо дар Гурӯҳи Мински САҲА аз ИМА, Русия ва Фаронса ҳарду ҷонибро ба идомаи худдорӣ аз тавсеаи низоъҳо даъват карданд. Дар изҳороти рӯзи 15 июли ин гурӯҳ омадааст, ки “ҳамраисон тасдиқи вазоратҳои хориҷаи Арманистон ва Озарбойҷонро барои барпо кардани музокирот оид ба паҳлӯҳои муҳими истиқрори ҳарчи зудтари вазъ дар Қаробоғи Кӯҳи ва бозгашти муҳими нозирони САҲА ба минтақа, агар шароит имкон диҳад, истиқбол мекунанд”.

Идомаи эътирозҳо дар Белорус. Лукашенко танқиди кишварҳои Ғарбиро беасос номид

Эътирозҳо дар шаҳри Минск идома дорад

Президенти Белорус Александр Лукашенко танқиди кишварҳои ғарбӣ дар бораи таъқиби хушунатбори мухолифинро беасос номид. Лукашенко гуфт, "мо намехоҳем касе ба мо дастур диҳад, ки чӣ хел зиндагӣ кунем."

Рӯзи 14-уми июл баъди худдории комиссияи интихоботӣ аз сабти номи ду довталаби курсии президенти Белорусия, тарафдорони онҳо роҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил намуданд. Вале пулиси таъиноти махсус онҳоро пароканда кард.

Рӯзи чаҳоршанбе Лукашенкои 65-сола дар шаҳри Витебск бо роҳбарони ин устони шарқӣ дидору гуфтугӯ дошт. Лукашенко, ки мехоҳад дар интихоботи 9-уми август бори шашум ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишинад гуфт, ки мо бо тамоми василаҳои қонунӣ аз кишварамон ҳимоят мекунем.

Дар ҳоле, ки Лукашенко суҳбат мекард дар Минск пойтахти Белорус камаш ду ҳазор нафар бо аризаҳои шикоятӣ ба комиссияи марказии интихобот муроҷиат карданд. Онҳо талаб доранд, ки ду довталаби мухолифи ҳукумат барои ширкат дар интихоботи президентӣ сабти ном шаванд. Полис ин издмиҳомро ҳам пароканда карда, 16 касро боздошт намуд. Дар умум рӯзи 14-уми июл беш аз 300 нафар боздошт шуда буданд.

Амрико тарафдорони Русияро ба доман задани ҷанг дар Либия муттаҳам кард

Ситоди нерӯҳои мусалаҳи ИМА дар Африқо гурӯҳи зархаридони рӯ ба Кремлро, ки бо номи "Гуруҳи Вагнер" маъруф аст бо поймол намудани таҳрими силоҳ ба Либия муттаҳам кард. Ба қавли низомиёни Амрико "Гуруҳи Вагнер" дар гирду атрофи шаҳри Троблус ё Триполи, мина ва маводи тарканда ҷо ба ҷо намуданд.

Дар изҳороти низомиёни Амрико рӯзи 15-уми июл гуфта мешавад, ки шаҳодату аксҳое дастрас шудаанд, ки дар он майдонҳои минакоришуда аз шаҳри Троблус то шаҳри Сирт воқеъ дар 450 километрии ҷануби шарқи Троблус вуҷуд дорад.

Ба қавли генерали амрикоӣ Градфорд Геринг, "Гуруҳи Вагнер", ки аз сӯи давлати Русия ҳимоя мешавад ба амнияти мардуми Либия беэҳтиромии комил зоҳир мекунад. Генерал афзудааст ки иқдомҳои бемасъулиятонаи "Гуруҳи Вагнер" ҷанг дар Либия, азияти беҳуда ва маргу мири мардуми мулкиро бештар мекунад.

Вазорати мудофеаи Амрико ахиран иттилоъ дода буд, ки Русия ба низоъи Либия ҳавопаймоҳои ҷангандаи МИГ 29-ро интиқол додааст.

Боздошти беш аз 100 мухолифи "Путини абадӣ" дар Москва

Тазоҳурот дар Маскав, Русия, 15 июли 2020.

Маъмурони "Росгвардия" дар хиёбонҳои Твер ва Петровкаи шаҳри Москва беш аз 100 иштирокчии ҳамоиши эътирозии "Не ба Путини абадӣ"-ро дастгир карданд.

Ин ҳамоишро ташаббускорони маъракаи зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русия ташкил намуданд. Радиои Озодӣ аз рафти он пахши мустақимеро баргузор кард.

Ҳамоиш соати 7-и бегоҳ дар майдони Пушкин оғоз шуд. Дар он садҳо нафар иштирок намуданд. Иштирокчиён барои баргузории тазоҳуроте аз шаҳрдори Москва пешакӣ иҷозат хоста, тасмим доштанд, бекор кардани натиҷаҳои раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Русияро талаб кунанд, вале мақомоти Москва барои тазоҳурот иҷозат надоданд.

Аз ин рӯ, дархосткунандагон тасмим гирифтанд, ҳамоиши эътирозиро дар шакли вохӯрӣ ва ҷамъоварии имзо баргузор кунанд. Вале ҳамаи иштирокдорон огаҳ карда шуданд, ки эҳтимол дорад, пулис ҳамоиши онҳоро ғайриқонунӣ номида, онҳоро боздошт кунад.

Иштирокчиён баъди ду соат дар хиёбони Твер роҳпаймоиеро ташкил карданд. Вале маъмурони Росгвардия роҳро бастанд ва боздоштҳо оғоз шуданд. Шоҳидон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нерӯ кор гирифтанд. Бештари дастгиршудаҳо шикоят мекунанд, ки захм бардоштаанд.

Тағйири Конститутсияи Русияро президенти ин кишвар Владимир Путин дар моҳи январи соли равон пешниҳод карда буд. Ӯ он замон гуфт, ҳарчанд қонун талаб намекунад, вале тағйирот ба Қонуни асосӣ бояд бар асоси раъйпурсии умумӣ ворид карда шавад.

Ба иттилои расмӣ, 78 дарсади раъйдиҳандагон аз тағйири Конститутсияи худ ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳудуди 65 дарсади афроди қобили раъй дар раъйпурсӣ иштирок намудаанд. Мухолифон аз сохтакориҳои бесобиқа дар он хабар дода, гуфтанд, ки натиҷаҳоро намепазиранд.

Яке аз тағйироте, ки дар Конститутсияи Русия пешниҳод шуда буд, ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Путин аст. Тибқи ин тағйирот, президенти амалкунандаи Русия имкон пайдо мекунад, ки ду давраи дигар, то соли 2036 номзадиашро ба курсии президентӣ пешбарӣ кунад. Соли 2036 Путин 84-сола хоҳад буд.

Бинои Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон карантин шуд

Тошканд, Узбекистон.

Бинои Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон ба карантин гирифта шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҳудуди даҳ корманди Шӯрои марказӣ ба коронавирус мубтало гаштаанд.

Расонаҳо бо истинод ба манобеи худ иттилоъ доданд, ки "бинои шӯро пурра ба карантин гирифта шудааст".

Сухангӯи Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон Нодир Абдуқодиров гуфт, шумори кормандони онҳо, ки гирифторияшон ба коронавирус расман тасдиқ шудааст, "он қадар зиёд нест".

Абдуқодиров гуфт, Шӯрои марказии иттиҳод сар аз 10 июли соли равон кори худро онлайнӣ пеш мебарад ва рӯзҳои ахир танҳо чанд корманд ба маҳалли кор ҳозир мешуд.

Бонки ҷаҳонӣ барои Қирғизистон 13 мошини "ёрии таъҷилӣ" харид

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки ба бемористонҳои ин кишвар 13 мошини нави "ёрии таъҷилӣ" дода шуд.

Ин мошинҳо дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ -- "Тақвияти устуворӣ дар баробари хатари офатҳои табиӣ дар Қирғизистон" ба маблағи 764 ҳазору 900 доллари амрикоӣ харидорӣ шудаанд. Сетои ин мошинҳо дастгоҳи нафаси сунъӣ доранд.

"Мошинҳо дар 7 вилоят тақсим мешаванд. Онҳо бо таҷҳизоти лозимӣ барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва интиқоли беморон муҷаҳҳазанд",-омадааст дар иттилоияи вазорат..

Қирғизистон қарор аст, дар доираи лоиҳаи мазкури Бонқи ҷаҳонӣ ба маблағи 9 млн доллар таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дарёфт кунад.

Қазоқистон ба гуруҳи кишварҳои дорои бештарини мубталоёни COVID-19 шомил шуд

Яке аз бемористонҳои шаҳри Алмато.

Қазоқистон рӯзи 15 июл ба гуруҳи кишварҳои сигонае шомил гашт, ки дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 бештар сабт шудааст.

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Қазоқистон пештар аз рӯи шумори мубталоён дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 31-ум қарор дошт, вале 15 июл мақоми 30-умро касб кард.

Дар Қазоқистон баъд аз бекор кардани карантин шумори мубталоён ба коронавирус якбора афзоиш ёфта, ҳоло дар ин кишвар расман 63 ҳазору 514 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки то ҳол 375 танашон ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Қазоқистон, танҳо дар моҳи июни соли равон дар ин кишвар аз бемории илтиҳоби шуш, ки яке аз нишонаҳои коронавирус аст, 628 кас ҷон бохтаанд. Ин фавтидаҳо ба рӯйхати қурбониёни коронавирус шомил нашудаанд. Ҳамчунин садҳо мубталои дигар низ, ки комиссияи давлатӣ сабаби марги онҳоро бемории дигар мегӯяд, шомили рӯйхат нагаштанд.

СҶТ гуфт, аз афзоиши бемории "илтиҳоби шуш" дар Туркманистон "нигарон" аст

Яке аз бемористонҳо дар шаҳри Марви Туркманистон.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, аз афзоиши шумори беморони илтиҳоби шуш дар Туркманистон "нигарон" аст.

Раҳбари ҳайати СҶТ Кэтрин Смолвуд дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Ишқобод ба ҳукумати Туркманистон андешидани чораҳоеро тавсия дод, ки "дар сурати мавҷуд будани коронавирус" зарур ҳастанд. Ин нишаст дар поёни сафари даҳрӯзаи ҳайати СҶТ ба Туркманистон баргузор гашт.

​Смолвуд маҳдудиятҳои ахир дар Туркманистонро ҳамчун як қисми талошҳо барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус мусбат арзёбӣ карда, афзуд, ки "тими ӯ аз шунидани хабари афзоиши илтиҳоби шуш дар Туркманистон сахт нигарон аст".

"Тавсия медиҳем, ки кори низоми назорати эпидемиологӣ ва санҷиши вирус ба монанди кишварҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои мубталошавӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст, фаъол гардонида шавад", - изҳор дошт ӯ.

Мақомоти Туркманистон иддао доранд, ки то ҳол дар он кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, беморхонаҳои ин кишвар "лабрез" аз беморони дорои нишонаҳои илтиҳоби шуш буда, баъзе аз онҳо, бо шумули табибон ҷон бохтаанд.

Дар Тоҷикистон COVID-19 ба 52 нафари дигар сироят кардааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 52 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст, вале талафот аз беморӣ мушоҳида нашуд.

Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 15-уми июл нашр шуд, омадааст, ки дар умум аз рӯзи 30-уми апрел то 15 – уми июл 6695 нафар мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд ва аз ин ҳисоб “5383 нафар ё худ 80,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, 56 нафар фавтидаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, “шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд». Бисёриҳо ба омори расмӣ доир ба сирояти бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки миқёси густариши беморӣ ва талафот бузургтар аз он аст, ки тасвир мешавад.

Дар Алмато шумори маросимҳои дафн ду баробар зиёд шудааст

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Расонаҳо бо истинод ба "Оҷонси хидматрасонӣ дар маросими дафн"-и шаҳри Алмато хабар додаанд, ки давоми як рӯзи ахир шумори қабрҳо як баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир фавтидаҳоро дар тамоми қабристонҳои Алмато ба хок месупоранд. "Мо наметавонем шумори дақиқи маросимҳои дафнро муайян кунем. Ин номумкин аст. Вале дар муқоиса бо рӯзҳои гузашта ду баробар бештар аст", - мегӯянд масъулони оҷонс.

Дар Алмато то эъломи карантин ба ҳисоби миёна 25-27 касро дафн мекарданд. Вале ҳоло танҳо дар Қабристони ғарбии шаҳр дар як рӯз то 30 ҷасадро ба хок месупоранд. "Кормандон ба таври фоҷеавӣ намерасанд. Дар Қабристони ғарбӣ бо трактор қабр меканем",-гуфтанд дар ин ниҳод.

Пештар расонаҳо дар бораи навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари сардхонаҳои Алмато хабар дода буданд. Кормандони сардхонаҳо ҳатто маҷбур мешуданд, баъди ба поён расидани соати корӣ низ ҷасадҳоро ба наздикони фавтидаҳо супоранд.

Дар Қазоқистон то 13 июл шумори умуии мубталоён ба коронавирус ба 62 ҳазор расида, расман 375 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Ба ин рӯйхат онҳое шомил нестанд, ки ба гуфтаи комиссияи махсус ба коронавирус мубтало буданд, вале бар асари бемории дигар фавтиданд.

Ҷопон ба Қирғизистон дар ҳаҷми $4,6 млн таҷҳизоти тиббӣ медиҳад

Ҷопон ба Қирғизистон ба маблағи 4,6 миллион доллар кумак хоҳад кард. Дар ин бора сафири Ҷопон дар шаҳри Бишкек Маэда Сигэкӣ ва вазири молияи Қирғизистон Бахтигул Ҷеенбоева 14 июл санадеро ба имзо расониданд.

Ба огаҳии сафорати Ҷопон дар Бишкек, ин кишвар дар доираи "Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ" ба Қирғизистон 500 миллион иен (наздики 4,6 млн доллар) ҷудо мекунад.

"Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ба ҷониби Қирғизистон таҷиҳизоти нави замонавӣ ва босифати тиббии мавриди ниёзро барои мубориза бо коронавирус кумак кунад",-омадааст дар иттилоияи сафорат.

Туркия низ 15-уми июл ба Қирғизистон кумаки башардӯстона фиристодааст. Он, аз ҷумла аз 20 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 20 ҳазор бастаи тест, 50 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ, 35 ҳазор либосҳои муҳофизатии махсус иборат аст.

Ҷангсолори муттаҳам бо ҷиноятҳо Абдуррашид Дӯстум унвони маршал гирифт

Абдуррашид Дӯстум, соли 2015. Ҷангсолори узбектабор дар мақоми муовини аввали президенти Афғонистон дар вилояти Форёб суханронӣ мекунад

Ҷангсолори бонуфузе, ки дар одамрабоиву таҷовуз ба номуси як рақиби сиёсӣ ва нақзи тӯлонимуддати ҳуқуқи башар гунаҳгор мешавад, баландтарин мақоми низомӣ дар Афғонистонро соҳиб шуд. Абдуррашид Дӯстуми 66-сола, ки дар мақоми муовини президенти Афғонистон кор кардааст, рӯзи 15 июл дар маросиме рутбаи маршал гирифт. Ҳамакнун шумори умумии дорандагони ин рутбаи баландтарини низомӣ дар Афғонистон се нафар шуданд.

Маросими рутбагирии Дӯстум дар вилояти Ҷузҷон баргузор шуд. Ин қарор бахше аз созиши тақсими қудрат миёни президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдулло Абдулло мебошад, ки баъди чанд моҳи баҳс бар сари натиҷаҳои интихоботи тирамоҳи соли 2019 ҳосил шудааст. Дӯстум дар интихобот аз Абдулло Абдулло ҳимоят кардааст.

Дӯстум зимни суханронӣ дар маросими рутбагирӣ раҳбарияти кишварро ба ваҳдат даъват кард ва гуфт, ки онҳо бояд ихтилофҳоро канор гузоранд, вагарна Толибон дар ин ҷанг пирӯз мешаванд.

Бар асоси созиши моҳи феврали миёни ИМА ва Толибон, ҳукумат бояд то 5 ҳазор Толибон ва Толибон то як ҳазор узви зиндонии ҳукуматро озод кунанд. Зимни суханронӣ дар маросими рутбагирии Дӯстум Абдулло гуфт, ки ҳамаи Толибони зиндонӣ озод мешаванд ва аз ин гурӯҳ тақозо намуд, ки барои пешбурди ҷараёни сулҳ баҳонаҷӯӣ накунанд.

Дӯстум як ҷангсолори узбектабор буда, баъди суқути ҳукумати Толибон дар соли 2001 дар канори нирӯҳои ба раҳбарии ИМА ҷангидааст.

Соли 2016 замони муовини президент буданаш Дӯстум дар одамрабоӣ, шиканҷа ва таҷовуз ба номуси собиқ волии Ҷузҷон Аҳмад Ишчӣ бо истифода аз силоҳ муттаҳам шуд. Он замон Абдулло маҷбур кард, ки Дӯстум дар Туркия паноҳ барад.

Дӯстум июли соли 2018 ба Афғонистон баргашт ва дар Ҷузҷон муқимӣ шуд. Он замон дар чандин вилоят мардум ба ҷонибдории ӯ бархоста буданд.

Мақомоти тоҷик гаронии чиптаҳоро ба чартерӣ будани парвозҳо рабт доданд

Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ таҳлилу хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рузи 15-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ҳарчанд бозори ҳавоӣ дар кишвар таҳти монополияи ҳеҷ ширкате қарор надорад, аммо онҳо талош доранд нархи чиптаҳоро ба танзим дароранд.

Муъминзод гуфт, "танҳо ду ширкати ватанӣ дорем, ки яке 17 дарсад ва дигари 28 дарсад дар ин бозор саҳм доранд. Дигар дар ин бозор ҳавопайҳои ширкатҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Тибқи маълумотҳои мо ҳоло нархи чиптаҳо то 450 евро аст".

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, сабаби аслии гаронии нархи чиптаҳо дар чартерӣ будани парвозҳо аст, ки аз як самт бидуни мусофир парвоз мекунанд ва ҳамчунин 40 дарсад ҳақи хизматрасонии фурудгоҳҳоро пардохт мекунанд.

Дар пайи авҷи пандемияи каронавирус роҳҳои ҳавоии байнулилалӣ баста шуданд ва ҳоло танҳо парвозҳои чартерӣ парвоз мекунанд. Аммо аксари мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шикоят доранд ки нархи чиптаҳо гарон аст.

Охири моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки қимати билетҳо аз 23 то 24 ҳазор рубли русӣ аст ва дар муқоиса ба нархи пешинаи парвозҳо "чандон гарон нест". Аммо муҳоҷирон мегуянд, билетҳоро аз 34 то 36 ҳазор рубл харидорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегуянд, посухи ҳукуматро дар мавриди таҳлилу хулосаҳои пешниҳодкардаашон интизоранд ва умедворанд бо аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо поин бурда мешавад.

Дума тарҳи қонуни муҷозоткунанда барои интиқоди ишғоли Қримро қабул кард

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ мегӯяд, тарҳи қонун ба хотири “ҳифзи тамомияти арзии Русия” равона шудааст

Думаи давлатии Русия дар хониши аввал тарҳи қонуни тавсеаёфта дар бораи ифротгароиро қабул кард. Ин тарҳ алайҳи фаъолони мухолифин ва сиёсатмадороне равона шудааст, ки қонунмандии ғасби нимҷазираи Қримро ба ҳар шакл зери суол мебаранд. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи 14 июл гуфт, тарҳе, ки қарор аст ба қонун табдил шавад, ба хотири “ҳифзи тамомияти арзии Русия” равона шуда, “ҷудоиталабонро ба унвони ифротгаро” арзёбӣ мекунад. Володин гуфт, “ҳама гуна даъват барои ҷудо кардани минтақаҳои Русия ғайри қобили қабул аст”. Қонуни мазкур инчунин барои матбуот ва шабакаҳои интернетиву хабарӣ барои нашри “муроҷиатҳои ҷамъиятӣ” дар ин замина ҷаримабандиву пайгарди ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Ишғоли худсаронаи Қрими Украина дар соли 2014 аз ҷониби Русия мавриди маҳкумияти ҷомеаи байналмилалӣ шуд ва то ҳол чандин нафар, аз ҷумла рӯшанфикрон барои маҳкум кардани Кремлин барои ин кораш ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG