Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду варзишгари тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ дар Олмон иштирок менамояд. САДО


Шаҳриёр Даминов ва Умар Рустамов, варзишгарони тоҷик, дар давраи дуюми Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (ICF Kanoe Sprint World Cup 2019), ки аз 31-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Дуйсбурги Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми май, хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар давраи дуюми Ҷоми ҷаҳонии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Дуйсбург варзишгарони беш аз 60 кишвар иштирок мекунанд.

«Шаҳриёр Даминов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Олмон дар каноэи якнафарӣ ба масофаҳои 500 метр, 1000 метр ва 5 километр қувваозмоӣ менамояд. Варзишгари ҷавони тоҷик Умар Рустамов бошад, дар каноэи якнафарӣ ба масофаҳои 200 метр, 500 метр ва 5 километр рақобат мекунад»,-гуфт Нодир Сафаров.

Гуфтугӯ бо Нодир Сафаров
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00
Линки мустақим

Ба иттилои ӯ, ҳарду варзишгари тоҷик аз 17-ум то 27-уми май дар шаҳри Будапешти Маҷористон тамрин карда, ба давраи дуюми Ҷоми ҷаҳонӣ ва қаҳрамонии ҷаҳон омодагӣ диданд. Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ моҳи август дар Будапешт доир мегардад.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо медали нуқра сарфароз гаштааст. Имсол бошад, ӯ дар Ҷоми бози ҷаҳонӣ дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон дар се масофа се медал гирифт. Аз он ҷумла, дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр соҳиби медали тилло гардид.

Зимнан, Шаҳриёр Даминов Тоҷикистонро имсол дар Ҳамоиши байналмилалии варзишгарон, ки моҳи апрел дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария баргузор шуд, намояндагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG