Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Ҳамоиши олимпичиёни наврас дар Маскав


Варзишгарони тоҷик дар Ҳамоиши олимпичиёни наврас, ки дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 1-уми июн дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Кумитаи олимпии Русия хабар додааст, Ҳамоиши олимпичиёни наврас барои бори дувум аст, ки дар шаҳри Маскав доир мегардад. Ҳамоишро Кумитаи олимпии Русия дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии зидди допинги Русия, Вазорати варзиши Русия ва Департаменти варзиш ва сайёҳии шаҳри Маскав бо дастгирии Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор мекунанд.

Ба ҳамоиш беш аз 100 варзишгари наврас аз 16 кумитаи миллии олимпӣ, инчунин бархе аз қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ даъват шудаанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш чаҳор варзишгари наврас – Ғаниҷон Ғаниев (ҷудо), Муиб Саидов (футбол), Нурангез Нурматова (шиноварӣ) ва Фараҳноз Аминова (каратэ-до) намояндагӣ мекунанд.

Аҳдофи аслӣ аз баргузории ҳамоиш тадбирҳои пешгирӣ намудани истеъмоли допинг ва тарғиби муносибати оштинопазир бо допинг миёни варзишгарони наврас мебошад.

Дар доираи ҳамоиш намояндагони Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг ва Оҷонсии зидди допинги Русия ба ширкаткунандагон дар бораи қоидаҳои асосии зиддидопингӣ ва масъулият барои вайрон кардани онҳо, вижагии низоми назорати допингӣ дар чорабиниҳои бузурги маҷмуӣ маърӯзаҳо пешкаш мекунанд.

Олимпичиёни наврас метавонанд донишҳои худро дар соҳаи зидди допинг зимни баррасии масъалаҳо дар гурӯҳҳо ва ҳангоми таҳлили вазъиятҳои махсус дар шакли брейн-ринг "Барои варзиши одилона" бисанҷанд.

Иштироккунандагони ҳамоиш имкон пайдо мекунанд, ки бо ҳам ошно шаванд, ҳамчунин ба саволҳои худ аз меҳмонони чорабинӣ, аз он ҷумла варзишгарон-олимпичиёни даъватшуда посух бигиранд.

XS
SM
MD
LG