Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мафҳуми зидди ҳам. Кӯдакӣ ва саратон дар Тоҷикистон


Якуми июн ҳамасола дар бисёре аз кишварҳо Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад. Дар остонаи ин рӯз Радиои Озодӣ тасмим гирифт мушкили кӯдакони гирифтори саратон дар Тоҷикистонро, ки теъдоди онҳо, ба гуфтаи коршиносон сол ба сол зиёд мешавад, бозтоб диҳад.

Амин Абдумамадови 10-сола ҳамроҳи падараш дар бемористони кӯдаконаи Морозовскийи шаҳри Маскав хоб аст. Бемории ӯро "лейкози шадиди навъи ҳуҷайравии номушаххас" номидаанд.

"Тақрибан дар аввалҳои январ Амин сармо хӯрд ва худро нохуб ҳис кард, мо ба беморхонаи вилоятии Хоруғ муроҷиат кардем, таҳлил супурдем. Бар асоси натиҷаи онҳо, моро ба Душанбе фиристоданд, ки он ҷо моро гуфтанд, ки бояд ба духтури саратоншинос муроҷиат кунем, вале мо тасмим гирифтем, ки барои муоина ба Маскав биёем",-нақл мекунад падари Амин Мирзомамад.

Дар ҳоли ҳозир кӯдак танҳо марҳилаи аввали кимиёдармониро пушти сар мекунад ва вобаста ба натиҷаи он маълум мешавад, ки табобатро, ки аз 6 марҳала бо арзиши 3,5 млн рубл иборат аст, давом медиҳад ё не. Ба гуфтаи падараш, духтурон баъди табобат пайванди мағзи устухонро тавсия медиҳанд ва мегӯянд, ки табобати кафолат дорад. Вале табобат ҳудуди 6 миллион рубл арзиш дорад. Ин пулро падару модари ҷавони Амин надоранд, аз ин рӯ ба гуфтаи падараш, бисёриҳо ба онҳо кӯмак карданд.

"Ба мо хешу табор, дӯстон, ҳамкорон ва мардумони саховатманд ёрӣ расониданд ва мо масрафи табобатро аз ҳамин маблағҳо мепардозем" - мегӯяд Абдумамад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолон ҳамчунин флешмоберо бо акси Амин роҳандозӣ кардаанд ва аз мардум хостаанд, ки дар канор набошанд ва ҳар чӣ қадар маблағе, ки метавонанд, ба ҳисоби бонкии падараш фиристанд.

Кӯдакони тоҷик бештар бемор мешаванд

Ба гуфтаи мудири шӯъбаи кӯдаконаи бемориҳои саратони Маркази илмии ҷумҳурияви саратоншиносӣ Моҳира Умарова, дар Тоҷикистон низ чун дигар нуқтаҳои дигари ҷаҳон, болоравии теъдоди гирифторони бемории саратон мушоҳида мешавад. "Дар ҷойи аввал кӯдакони гирифтори лимфом ҳастанд. Ба ин лимфоми ғайриҳудкин ва лимфоми ҳудкин (омоси бадсифати системаҳои лимфатикӣ). Баъдан кӯдакони гирифтори саратони гурда, саркоми бофтаҳои нарм, саркомҳои устухон ва омоси бадсифати чашм",-мегӯяд Умарова.

Ба унвони омилҳои аслии пайдоиши бемориҳои саратон, табиб аз ирсият, хӯрокворӣ ва муҳити зист ва никоҳи хешутабории падару модарон ном мебарад. "Ҳар севумин кӯдаке, ки бо ин беморӣ пеши мо омадааст, падару модарашон никоҳи хешутаборӣ доранд" - эътироф мекунад саратоншиноси тоҷик.

"Имкони шифоёбии кӯдакон ва зинда мондани онҳо бастагӣ ба марҳилаи рушди беморӣ, аз мавқеияти он ва аз табобати саривақтӣ бастагӣ дорад", мегӯяд табиб. Нақши муҳимро дар марҳилаи аввали беморӣ, ба гуфтаи ӯ, ҳушёрии падару модар ва мутахассисони маҳаллӣ доранд, ки аз онҳо муайян кардани нишонаҳои ибтидоии беморӣ вобастагӣ дорад.

Аксари мутлақи кӯдакони гирифтори саратон аз тамоми кунҷу канори кишвар, ба эътирофи Умарова, дар Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ табобат мекунанд, ки дар кишвар ягона аст ва равишҳоеро ба кор мегирад, ки мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Салим Исҳоқҷонови 6-сола ду сол аз умри кутаҳи худро аллакай дар чордевории шӯъбаи кӯдакони ин марказ гузаронидааст. Ӯ бори дувум аст, ки табобати кимиёдармонӣ мегирад, ки 6 марҳала дорад. То ин вақт Салим ҷарроҳӣ шуда буд, ки омосро нобуд кунанд, вале зарурат шуд, ки табобатро ҳамоно идома диҳанд.

Бибии Салим Матлуба Салимова мегӯяд, ки доруҳо бисёр нархи гарон доранд, аз ин рӯ хонаводаи онҳоро аз ин лиҳоз Бунёди хайрияи "Лона" ёрӣ медиҳад. "Мо дархост менависем ва барои кимиёдармонӣ дору дарёфт мекунем. Доруҳои дигаре, ки дар марказ нестанд, бо пули худ мехарем",-мегӯяд Салимова.

Пизишкон табобати дараҷаи сеюми бемории саратонро дардовартар ва гаронарзиштар медонанд, ки дар ин марҳила арзиши як ампулаи дору метавонад то ҳудуди 300 доллар бошад. Хароҷоти осмонӣ дар ин гуна мавридҳо ба дӯши волидайн аст, ки ба ҳар василаи мумкин талош мекунанд фарзандони худро наҷот диҳанд.

Ёрии саховатмандон

Даргаҳи умед барои теъдоди зиёди кӯдакон дар кишвар дар солҳои ахир Бунёди хайрияи "Лона" шудааст, ки соли 2009 бо ташаббуси духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон таъсис ёфтааст. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ бунёд барои табобати кимиёдармонии кӯдаконе, ки дар Маркази саратоншиносӣ табобат мегиранд, дорувор мерасонад.

"Оинномаи мо ёрӣ ба хонаводаҳои камбизоатро пешбинӣ карда аст, вале мо аз рӯи имконият талош мекунем, ки ҳамаи кӯдаконеро, ки дар марказ барои табобат омадаанд, ёрӣ бирасонем ва онҳоро бо доруҳои лозим, асосан барои кимиёдармонӣ таъмин кунем",-мегӯяд роҳбари Бунёди "Лона" Ҷӯрахон Бобохонов.

Доруҳо бо дархости табиби марказ харида мешаванд, баъдан таҳти назорати намояндаи фонд дар марказ ба кӯдаки бемор расонида мешаванд. Мувофиқи оиннома, ниёзмандон бояд ба фонд маълумотномаи таъйидкунандаи вазъи нохуби иҷтимоиву иқтисодияшонро пешниҳод кунанд ва фонд бар асоси он ёрӣ мерасонад.

Ба ҷуз ин, дар рӯзҳои ид "Лона" консертҳои гуногун ва маъракаҳоро барои беморон созмондеҳӣ мекунад ва ба онҳо ҳамчунин ёриҳои маънавиву равонӣ мерасонад.

Бобохонов мегӯяд, ки дар шӯъбаи кӯдакона ҳудуди 150-200 кӯдак табобат мегиранд ва агар теъдоди давраҳои кимиёдармониро ҳисоб кунем, пас дар 4-5 соли охир бунёди "Лона" барои 1000 давра доруворӣ барои кӯдакони бемор ба таври ройгон фароҳам кардааст.

Ҳар севумин аз сад ҳазор

Мувофиқи маълумоте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, дар кишвар теъдоди кӯдакони гирифтори саратон ҳар севумин бар сари 100 ҳазор рост меояд. Сиҳатёбии онҳо аз дараҷаи беморӣ бастагӣ дорад. Дар марҳилаи аввал то 99%, дар марҳилаи дувум то 75-80%, дар марҳилаи сеюм то 40-50% ва дар марҳилаи чорум то 5-10%.

Ҳамасола ба Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ аз будҷа 400 ҳазор сомонӣ (42,5 ҳазор доллар) барои табобати беморон ҷудо карда мешавад. Дар ҳоле, ки теъдоди солонаи беморони ин Марказ 6,5 ҳазор мебошанд. Ба ҳамин тартиб, барои табобати як бемор 60 сомонӣ ё 6,3 доллар рост меояд.

Соли гузашта дар атрофи бемории Иброҳим Тиллозодаи 4-сола, набераи раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ сару садоҳо баланд шуд. Ӯ гирифтори марҳилаи чоруми саратон буд ва ҳамроҳ бо модараш ба далели надоштани шиносномаи хориҷӣ наметавонист, кишварро тарк кунад. Пизишкони тоҷик гуфта буданд, ки бемории ӯ табобатнашаванда ва кӯдак маҳкум ба марг аст. Вале пас аз ҷарроҳӣ дар Туркия бемор рӯ ба беҳбуд ниҳод.

Мувофиқи омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, саратон аз рӯйи шумора омили дувуми марги кӯдакон баъди ҳаводиси нохуш мебошад. Аз ҳама бештар кӯдакон гирифтори саратони узвҳои хунэҷодгар (хунсоз) (лейкозҳо, лимфомҳои бадсифат лимфогранулематоз) – 70% мегарданд. Аз ҳама кам шакли "бузургсол"-и саратон дида мешавад – 3%.

Мувофиқи арзёбии созмон, дар ҷаҳон ҳамасола ҳудуди 215 ҳазор кӯдаки зери 15 сол ва 85 ҳазор кӯдак – аз 15 то 19-сола гирифтори бемории саратон мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳар сол дар ҷаҳон ҳудуди 100 ҳазори онҳо аз саратон мемиранд. Вале дар кишварҳое, ки барои бахши тандурустӣ хароҷоти зиёд мекунанд, аз 10 гирифтори беморӣ, 8 нафарашон зинда мемонанд.

Дар ҳоли ҳозир коршиносони тиб мепазиранд, ки саратон бемории табобатшаванда аст. Аз ҷумла коршиносони амрикоӣ пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2021 шаклҳои асосии саратон қобили табобат мешаванд.

XS
SM
MD
LG