Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хидматгори халқ" пайравони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯяд


Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский дар пешорӯи интихоботи порлумонии ин кишвар, ки рӯзи 21-уми июли имсол баргузор хоҳад шуд, ҳизби нави "Хидматгори халқ"-ро таъсис дод ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни узвият дар ҳизбро ба роҳ монд.

Ин шеваи ҷалби аъзои ҳизб, ки бо истилоҳи “краудсорсинг” муаррифӣ шудааст, аз ду реша - "crowd" ва "source", яъне "мардум" ва "манбаъ" иборат аст.

Маъмурияти Зеленский, ки корро бо шеваи замонавӣ ва диҷиталии таблиғоти сиёсӣ пеш мебарад, аз сокинони Украина хост, бо барномаҳои тозаву пешрафтаи худ барои узвият дар ҳизби сиёсии ӯ дархост фиристанд.

Ҷалби аъзои нави ҳизб тавассути вебсайти “Лифт” ба роҳ монда шудааст, ки онро макони ҷамъоварии идеяву истеъдодҳои тоза дар миёни мардум ном мебаранд. Ҳадафаш, ба гуфтаи масъулин, пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаи Украина бо ҷалби мардуми оддӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, ба қавли нозирон, даъват ба ширкати фаъоли доираҳои васеи ҷомеаи Украина мавқеи президенти ҷавон ва нави ин кишварро бештар таҳким мебахшад. Ӯ бо шиорҳои зидди коррупсия ва барҳам додани низом ва шеваи пешинаи сиёсат сари кор омада ва гуфтааст, мехоҳад симои кишварро комилан тағйир диҳад ва ҷомеаи афсурда аз кашмакашҳои сиёсии Украинаро ба ояндаи кишвар дилгарм кунад.

Святослав Юраши 23-сола, як узви тими таблиғотии Зеленский мегӯяд, ташаббуси ҷалби мардуми зиёд аз саросари кишвар барои намоиши ҳунару истеъдод ва ҷалби онҳо барои ширкат дар ояндасозии кишвар “идеяи нодир” ва хеле “зарур аст".

Дар таърихи сиёсати Украина методи "краудсорсинг" хеле кам ба кор рафтааст. Вале бо назардошти пирӯзии Зеленский дар интихоботи ахири президентӣ, ки натиҷааш рекордӣ будааст, дар муваффақияти маъракаи "краудсорсинг" барои ҷалби аъзо ба ҳизби сиёсии нав зиёд шубҳа намекунанд.

Дар миёни онҳое, ки дар ин замина шубҳа доранд, як сиёсатмадори ҷавони дигар мебошад. Святослав Вакарчук, ситораи рок ва фаъоли ҷамъиятӣ, ахиран ҳизби нави сиёсии худро бо номи “Ҳолос” (“Садо”) таъсис дод ва ӯ ҳам ваъда дод, ки аз роҳи "краудсорсинг" пеш меравад.

Маъракаи "краудсорсинг" дар асл таҷрибаи омада аз Амрико гуфта мешавад, ки дар интихоботи соли 2016 аз ҷониби баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҷалби ҷавонон татбиқ шудааст. Гуруҳҳое ба монанди Run for Something, She Should Run ва Launch Progress PAC барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба интихобот аз ҳамин роҳ истифода карданд ва дар натиҷа, бархе номзадҳои онҳо ҳам пирӯз шуданд.

Маъмурияти Зеленский ва аъзои ҳизбаш мегӯянд, ки онҳо "Лифт"-ро ба унвони намунаи кори худ истифода накардаанд, вале рад намекунанд, ки шеваи кори онҳо бо ин модел шабоҳатҳое дорад.

Юраш, ки ба иддаои ӯ, “ҳамарӯза” нафароне аз тарафдорони Зеленский ба ӯ муроҷиат мекунанд, гуфт, ҳадафи роҳандозии "Лифт" ба хотири “танзими роҳи пайдо кардани афроди мутахассис” мебошад.

Вебсайти "Лифт" мегӯяд, ин майдон ба хотири “ба ҳам овардани мутахассисони касбӣ ва ташаббускор аст. Ҳадафи он ба самти мусбат тағйир додани кишвар ва дастёбӣ ба пешрафтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад”.

Мушовири президенти Украина Михайло Федоров дар саҳифаи Фейсбук навишт, ҳамарӯза маъмурияти президент 573 шарҳи ҳол ва 834 пешниҳоди барномаву роҳи ҳалҳое барои мушкилоти кишвар дарёфт мекунад.

Як назарсанҷии моҳи май, ки аз ҷониби созмони “Rating” анҷом шудааст, мегӯяд, 43,8 дарсади сокинони Украина аз ҳизби нави “Хидматгори халқ” пуштибонӣ мекунанд, вале ин шумор феълан барои назорат бар аксари порлумон кофӣ нест.

Вале назарҳои дигаре ҳам дар заминаи ташаббуси краудсорсинг вуҷуд дорад. Аз ҷумла, бархе ба ин назар ҳастанд, ки роҳандозии чунин як маъракаи азими сартосарии таблиғотӣ “талоши ниқоб кашидан” ба рӯи бархе чеҳраҳои баҳсбарангези атрофи президент мебошад.

Олексий Ҳаран, профессори улуми сиёсии Академияи Моҳилаи шаҳри Киев, гуфт, ба мақоми раиси дастгоҳи президент таъйин шудани шахсе бо номи Андрей Боҳдан “мояи нигаронӣ” аст.

Ӯ гуфт, ин таъйинот “аломати бад дорад”, чунки ин на танҳо шахси марбут ба “олигархи баҳсбарангез аст”, балки “ин таъинот хилоф бо қонун мебошад”.

Боҳдан, вакили дифои олигархи украинӣ Игор Коломойский, ки як дафъа гуфтааст, идеяи президентиро дар зеҳни Зеленский маҳз ӯ ҷой дода буд, як муддат дар маъмурияти президенти собиқ Виктор Янукович кор кардааст. Қонуне, ки соли 2014 қабул шуда, ба мансабдорони ҳукумати Янукович ҳаққи бозгашт ба мақомҳои ҳукуматиро манъ мекунад.

Вазорати адлия гуфт, Боҳдан бар асоси ҳамин қонун ҳақ надорад дар ҳукумат кор кунад ва Кумитаи ҷамъиятии люстратсия барои таъйин шудани Боҳдан парванда боз кардааст.

Худи Боҳдан мегӯяд, ӯ аз рӯи ин қонун наметавонад муҳокима шавад, чунки бар асоси қонуни дигар вазифаи раиси дастгоҳи президент “хидматчии давлатӣ” ҳисоб намешавад.

Худи Зеленскийро дар он муттаҳам мекунанд, ки бо олигарх Коломойский робита дошта, барномаҳои пуртарафдори мазҳакавии ӯ дар телевизиони “1+1”-и Коломойский пахш мешаванд. Филми машҳури “Хидматгори халқ”, ки номи ҳизбаш ҳам аз он гирифта шудааст, дар ҳамин телевизион намоиш дода шуд.

Вале худи Зеленский борҳо ин иттиҳомотро рад кардааст. Игор Коломойский, як рақиби президенти собиқ Петро Порошенко, баъди пирӯзии Зеленский дар интихобот, бори аввал баъди ду соли тарки кишвар ба Киев баргашт.

Профессор Ҳаран айни замон мегӯяд, на ҳама ашхоси таъйинкардаи президент бад ваё номуносиб ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ӯ ба “афроде, ки таъйин кардааст, такя хоҳад кард”.

“Нафароне, ки дар маъмурияти президент таъйин шудаанд, бисёр эҷодкор ва боақлу ҳуш ҳастанд”, -- гуфт Ҳаран, вале ба афзуд, “фақат суол дар ин аст, ки то куҷо касбияти онҳо барои пешбурди барномаҳои кории президент кофӣ аст?”.

Интизор меравад, бо айни методи кори ҳизби Зеленский дар интихоботи парлумонии Украина ҳизби “Садо”-и Вакарчук вориди рақобати шадид мешавад, чун ҳарду гуфтаанд, ки “симои кӯҳнаи сиёсатро аз байн бурда, роҳҳои нави фаъолиятҳои сиёсиро пайдо мекунанд”.

XS
SM
MD
LG