Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия як узви ДИИШ-ро ба Русия истирдод кард


Белгия як шаҳрванди Русияро, ки ба узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" гумонбар аст, ба Маскав таслим кард.

Масъулони Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 29-уми май гуфтанд, ки Имомпошо Аҳмадовро дар боздоштгоҳе дар Маскав нигоҳ медоранд.

Ба иттилои онҳо, Аҳмадов соли 2014 ба Сурия рафта, ба сафи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Чанде аз ҷангҷӯёни қафқозӣ дар Интернет навори савганди вафодории худро ба гуруҳи "Давлати исломӣ" нашр карда буданд, ки дар Русия ва кишварҳои дигар мамнуъ ва террористӣ аст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ду ҳазор аз шаҳрвандони ин кишвар ба сафи ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Ҷое, ки ин созмони террористӣ соли 2014 минтақаҳои зиёдро зери тасарруфи худ дароварда буд ва ҳоло аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG