Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ОЗОДӢ ОНЛАЙН" - барномаи нави видеоии Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Барномаи нав бо номи "Озодӣ онлайн" рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа соати 15:00 ва ё соати 3 ба вақти Душанбе нашр мешавад ва дар муддати камтар аз 3 дақиқа муҳимтарин ва ҷолибтарин шарҳҳоро ба якдигар мерасонем.

  • "Ба фитри рӯзаи мардум чӣ кор доред, ё одамон бе Шумо хайр карда наметавонанд? Барои ҳукумат ба ин корҳо даст задан айб аст."
  • "Ман аз бонк 9 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаву ба Русия омадам, чун барои табобати писарам маблағи калон гуфтанд, зӯрам намерасад. Мақсади ман ин ки ягон фитри рӯзаи ҷамъкарда ба камбизоатону маъюбон намерасад."

Фақат ду шарҳ ё дарди дили корбарони Радиои Озодӣ дар мавзӯи ҷамъоварии фитри рӯза аз тарафи мақомоти расмӣ, ки гузоришеро дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми май нашр кард.

Ҳар рӯз бахши тоҷикӣ аз Шумо, корбарони гиромӣ, дар вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо шарҳ мегирад. Бо мақсади онки шарҳи Шумо ба доираи васеътари мардум бирасаду дар ҳалли мушкиле саҳм гузорад, Радиои Озодӣ тасмим гирифт, барномаи видеоие омода кунад.

Барномаи нав бо номи "Озодӣ онлайн" рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа соати 15:00 ва ё соати 3 ба вақти Душанбе нашр мешавад ва дар муддати камтар аз 3 дақиқа муҳимтарин ва ҷолибтарин шарҳҳоро ба якдигар мерасонем.

ОЗОДӢ ОНЛАЙН. Барномаи нави Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00

Шарҳи видеоӣ, ки аз тариқи телефон фиристодаед, шарҳе, ки аз Фейсбук мехоҳед, нашр шавад. Дар Инстраграм, ё Одноклассники ҳам бинависед ва мехоҳед, ҳама бидонад, истифода ва нашр мекунем.

"Озодӣ онлайн"-ро метавонед дар вебсайти Радиои Озодӣ, дар Ютуб дар канали оzodivideo, дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук дар Инстаграм, дар шабакаи Одноклассники тамошо кунед.

Ёдатон наравад, ки онро ба дӯстонатон ҳам бифристед, то ба баҳс ё гуфтӯгу дар бораи масоили муҳими Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд, чӣ дар масъалаи муҳоҷират, чӣ бекорӣ, чӣ сиёсату иҷтимоиёт ва ё ҳар масъалаи дигаре, ки худатон мехоҳед, сӯҳбат кунед.​

Агар мехоҳед, худатон қаҳрамони барнома бошед, назаратонро бигӯеду мушкили худатон ё ҳар каси дигарро ҳал кунед, пас, телефони мобилатонро бигиред, назари худро дар камтар аз як дақиқа сабт кунед ва ба мо аз тариқи Вайбер ва ё Вотсапп, Телеграм фиристед ва ба ин шумора. +420 724 053 959.

Шарҳҳоро бинед (11)

XS
SM
MD
LG