Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Болтон дар Абузаби амнияти минтақаро баҳс мекунад


Ҷон Болтон

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико, гуфт, “тақрибан мутмаинанд”, ки дар паси ҳамла ба киштиҳои нафткаш дар соҳили Имороти Мутатаҳидаи Араб дар аввали моҳи ҷорӣ Эрон меистад.

Болтон рӯзи 29-уми май дар Абузаби, маркази Имороти Муттаҳидаи Араб гуфт, “ин киштиҳо бо минаҳои баҳрӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки эҳтимол аз Эрон аст”.

Гуруҳи иборат аз намояндагони панҷ кишвар, аз ҷумла Амрико, ҳамлаи рӯзи 12-уми майро таҳқиқ мекунанд. Дар ин ҳамла чаҳор киштӣ, аз ҷумла ду киштии нафткаши Арабистони Саудӣ осеб дидааст.

Инчунин, Арабистони Саудӣ Теҳронро барои ҳамлаҳо бо дрон ба маҳалли тавлиди нафти он кишвар муттаҳам кардааст.

Мақомоти Эрон иттиҳомотро рад мекунанд.

Ҷон Болтон рӯзи 28-уми май барои гуфтугӯ дар бораи амнияти минтақа вориди Имороти Муттаҳидаи Араб шуд. Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳо байни Эрону Амрико ва муттаҳидонаш дар Халиҷи Форс афзудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG