Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе бо ҷурми таҷовузи духтараш умрбод ҳабс шуд


Акс аз бойгонӣ

Як сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Ҳукмро Додгоҳи пойтахт рӯзи 28-уми майи имсол содир кард. Бино ба ҳукм, С.И. дар зиндони низомаш пурзӯр нигаҳдорӣ мешавад.

"Ин сокини пойтахт ба номуси духтари ноболиғи худ дастдарозӣ карда, чанд дафъа такроран ӯро таҷовуз намудааст", -- гуфтанд дар хадамоти матбуоти Додгоҳи шаҳри Душанбе.

Бар асоси омори расмӣ, дар ду соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мавриди таҷовуз ба номуси ноболиғон сабт шудааст.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои таҷовузи ноболиғи то 14-сола аз 12 то 25 соли зиндон ва ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG