Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хеши олигархи рус" дар Австрия донишҷӯе аз Босния будааст


Расонаҳо шахсияти духтареро мушаххас карданд, ки дар соли 2017 дар Ибитс бо муовини садри аъзами вақти Австрия Ханс-Кристиан Штрахе мулоқот ва худро "хеши олигархи рус" муаррифӣ карда буд.

Ба навиштаи нашрияи австриягии Die Kronen-Zeitung, дар воқеъ, ин духтар як донишҷӯи босниягӣ аст. Барои ширкат дар таҳияи навори мазкур бо Штрахе ба вай дар ивази ҳар рӯз наздики 7 ҳазор евро пардохт кардаанд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, духтарро барои нақши хеши олигархи рус дар асоси иттилои шахсии Штрахе интихоб кардаанд. Донишҷӯ дар мулоқот бо вай имкони сармоягузорӣ аз сӯи Русияро дар остонаи интихоботи порлумонии Австрия баррасӣ кард.

Навор ду ҳафта пеш нашр шуд. Баъди нашри навор Штрахе ба истеъфо рафт, дар Австрия эътилофи ҳукмрон фурӯ рехт ва шӯрои миллии он кишвар ба садри аъзам Себастян Куртс раъйи нобоварӣ эълом кард.

Штрахе мегӯяд, қонунро нақз накардааст. Феълан мулоқоти ӯро бо "хеши худхондаи олигархи рус" додситонӣ тафтиш мекунад. Дар ҳамин ҳол, мухолифон мавзуи баргузории интихоботи нави порлумониро муҳокима доранд.

XS
SM
MD
LG