Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон мошинҳои навъи Volkswagen истеҳсол мекунад


Франк-Валтер Штайнмайер ва Шавкат Мирзиёев
Франк-Валтер Штайнмайер ва Шавкат Мирзиёев

Узбекистон якҷо бо ширкати Volkswagen мошин истеҳсол мекунад. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Узбекистон хабар дод. Ба иттилои марказ, президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 28-уми май бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанд созишнома имзо кард.

Ба ҷуз ин, ҷонибҳо дар мавриди додугирифт ва ҳифзи иттилоъ, ҳамкорӣ дар бахши кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва мувофиқ шудан ба тағйирёбии иқлим созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Президенти Олмон ҳамроҳ бо ҳамсараш рӯзи 29-уми май бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Урганҷ мулоқот ва ба шаҳри таърихии Хева мераванд.

Табодули мол миёни ду кишвар дар соли 2018 ба 770 миллион доллар расид. Ин нишондод нисбат ба як соли пеш 25 дарсад бештар аст.

Президенти Олмон рӯзи 27-уми май бо сафари расмӣ вориди Узбекистон шуд.

XS
SM
MD
LG