Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский шаҳрвандии Михаил Саакашвилиро барқарор кард


Михаил Саакашвили

Владимир Зеленский, президенти Украина, шаҳрвандии Михаил Саакашвили, волии пешини Одессаро барқарор кард.

Дар фармоне, ки рӯзи 28-уми май имзо шуд, қарори президенти пешини Украина Петро Порошенко аз моҳи июли соли 2017 дар бораи аз шаҳрвандии Украина маҳрум шудани Саакашвилӣ бекор гардидааст.

Фармони Зеленский баъди ҳашт рӯзи ба ҳайси президент савганд ёд кардани ӯ ва шаш рӯз баъд аз дархости вакили мудофеи Михаил Саакашвили сурат гирифт.

Таня Баҳрановска, сухангӯи Саакашвили, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бегоҳи 29-уми май бо ҳавопаймо аз Варшава, пойтахти Лаҳистон, ба Киев парвоз хоҳад кард.

Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва дӯсти даврони донишҷӯии Петро Порошенко, соли 2015 шаҳрвандии Украинаро гирифт ва раиси вилояти Одесса таъйин шуд. Ба хотири онки байни Гурҷистону Украина низоми душаҳрвандӣ нест, мақомоти Тифлис ӯро аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум карданд.

Моҳи ноябри соли 2016 муносибати Саакашвили бо Порошенко дар робита ба иттиҳоми фасоди молӣ бад шуд ва ӯро аз мақоми раиси вилояти Одесса барканор карданд. Моҳи июли соли 2017, вақте Михаил Саакашвили ҳизби мухолифи “Ҷунбиши нерӯҳои нав”-ро созмон дод, Порошенко ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум намуд. Вай моҳи феврали соли 2018 аз Украина ихроҷ карда шуд.

Саакашвили аз он вақт то кунун дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG