Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф гуфт, Эрон силоҳи ҳастаӣ намесозад


Муҳаммадҷавод Зариф
Муҳаммадҷавод Зариф

Муҳаммадҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии Эрон – гуфт, кишвараш ба дунболи сохтани силоҳи ҳастаӣ нест.

Зариф инро рӯзи 27-уми май дар ҷавоб ба изҳороти нави Доналд Трамп, президенти Амрико, баён кард.

Трамп бо сафари давлатӣ дар Ҷопон қарор дорад. Ӯ рӯзи 27-уми май дар Токио гуфт, Вашингтон дар пайи сарнагунии режими Эрон нест, балки мехоҳад бовар ҳосил кунад, ки Теҳрон силоҳи ҳастаӣ намесозад.

Пас аз ин изҳороти Трамп, вазири корҳои хориҷии Эрон дар "Твиттер" навишт, раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо судури фатво Теҳронро аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ манъ кардааст. Ӯ ҳамчунон дар идома навишт, "терроризми иқтисодӣ" ба мардуми Эрон осеб мерасонад ва "боис ба таниш дар минтақа мешавад".

Робитаҳо байни Теҳрону Вашингтон баъди хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015 бо Эрон бисёр сард шудааст. Ҳукумати Доналд Трамп баъд аз ин таҳримот ба зидди Эронро барқарор кард ва дар чанд ҳафтаи гузашта ҳузури нерӯҳояш дар Ховари Миёнаро низ тақвият бахшид.

XS
SM
MD
LG