Пайвандҳои дастрасӣ

Шойгу: Русия ба пуштибониаш аз Тоҷикистон идома медиҳад


Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Шойгу. Рӯзи 28-уми май дар Душанбе

Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон ва вазири дифои Русия баргузор шуд ва ду тараф ҳамкориҳои низомиро баррасӣ кардаанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу рӯзи 28-уми май дар Қасри Миллат тахминан як соат паси дарҳои баста ҷараён гирифтааст. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст мақомоти ниҳодҳои қудратӣ ва аз ҷониби Русия, ба гуфтаи як манбаъ, "тахминан 7-8 мақоми баландпояи вазорати дифоъ" иштирок карданд.

Сергей Шойгу дар оғози мулоқот бо президент ва дар ҳузури журналистон аз мизони ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон ба унвони як шарики стратегии Русия ситоиш карда гуфтааст, Маскав ба пуштибониаш Душанбе ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома медиҳад.

Вай афзудааст, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби дигар сохторҳои низомие ба монанди Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой давом мекунад.

"Президенти Тоҷикистон ҳам дар ин дидор аз Русия ба унвони як шарики боэътимод ва ҳамкори кишвараш ситоиш кард", -- гуфт як журналисте, ки дар Қасри Миллат аз ҷараёни шурӯи мулоқот назорат мекард.

Қаблан сухангӯи вазири дифои Русия ба матбуот гуфт, Сергей Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Душанбе мавзӯи модернизатсия ё навсозии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳам фаъолияти пойгоҳи 201-уми Русия ин кишварро баррасӣ кунад.

Фаъолияти пойгоҳи низомии азимтарини Русия дар хориҷа, ки 7 ҳазор низомии рус дар он хидмат мекунанд, бар асоси як созишномаи байнидавлатии ду кишвар то соли 2042 ба нақша гирифта шудааст. Дар посух ба ин ҳамкорӣ Русия вазифадор шудааст, дар модертизатсия ё навсозии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, баъди анҷоми мулоқот бо президент Раҳмон мақомот ба назди журналистон ҳозир нашуданд ва Сергей Шойгу бо ҳайаташ ба пойгоҳи 201-уми Русия ҳаракат кард.

"Як ҳадафи аслии ин боздид санҷиши шароити кори низомиёни рус дар пойгоҳ, мулоқот бо мутахассисон ва ошноӣ бо шароити кор, тамрини низомиён ва масъалаҳои дигар мебошад", -- афзуд манбаъ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG