Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон


Сергей Шойгу, вазири дифои Русия шаби гузашта вориди Душанбе шуд. Дар ин бора як манбаъ дар вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 28-уми май навишт, ки вазири дифои Русия дар Душанбе бо мақомоти тоҷик дар мавриди бозсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва таҳкими фаъолияти пойгоҳи 201-и Русия, баҳсу гуфтугӯ кард.

Ин хабаргузорӣ аз қавли раҳбари хадамоти матбуоти вазорати дифои Русия гуфтааст, ки Сергей Шойгу дар робита ба ин масоил бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфтугӯ хоҳад кард. Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст Шойгу бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дидору гуфтугӯ кунад ва аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дидан намояд.

Пойгоҳи мазкур макони истиқрори 7 ҳазор низомии Русия буда, бар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия ҳақи то соли 2042 фаъолият карданро дорад. Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ меноманд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG