Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Ишқобод коргоҳҳоро аз биноҳои нав берун мекунанд


Мақомоти Ишқобод ширкатҳоеро, ки дар таҳхонаи биноҳо коргоҳ доранд, маҷбур мекунанд, онҳоро холӣ созанд.

"Аксари ширкатҳое, ки дар минтақаҳои марказӣ ҷойгир ҳастанд, намехоҳанд, ба маконҳои дигар раванд. Ба ҳамин хотир, мехоҳанд дар марказ коргоҳи нав пайдо кунанд",-хабар дод як сокини шаҳри Ишқобод.

Ахиран хабар расид, ки мақомоти шаҳрӣ мехоҳанд, ҳамаи коргоҳҳои ширкатҳоро ба Минтақаи саноатии Ишқобод кӯчонанд. Ин минтақа дар канори шаҳр ҷойгир аст. Талаботи мақомот шаби 15-уми май ба соҳибкорон расонида шуд.

Аммо хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, аксари соҳибкорон мехоҳанд, дар маркази шаҳр боқӣ монанд. "Ширкатҳо намехоҳанд, аз маркази шаҳр кӯч банданд. Ба ҳамин хотир, ҳоло мақомот таҳхонаи биноҳоро тафтиш карда, ширкатҳоро маҷбур ба кӯчидан мекунанд",-гуфт хабарнигор.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG