Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои нахуствазири Австрия баъди видеои ҷанҷолӣ


Парлумони Австрия дар паи раъйи адами эътимод нахуствазир Себастиан Куртсро ба истеъфо фиристод
Парлумони Австрия дар паи раъйи адами эътимод нахуствазир Себастиан Куртсро ба истеъфо фиристод

Себастиан Куртс, нахуствазири Австрия, ки дар маркази як моҷарои сиёсӣ қарор гирифт, рӯзи 27 май бо раъйи адами эътимоди парлумон рӯбарӯ ва аз мақомаш маҳрум шуд.

Эътилофи сиёсии ӯ ҳам дар ҳукумат пароканда шудааст. Овоздиҳӣ барои эълони адами эътимод ба нахуствазирро вакилон аз ҳизби сотсиал-демократ ва ҳизби рости ифротгаи Озодӣ барпо карданд, ки дар эътилоф бо Куртс қарор доштанд.

Ҳамакнун президент Александр ван дер Беллен бояд нахуствазири навро таъин кунад, то ки ӯ то замони баргузории интихоботи навбатӣ дар моҳи сентябр ҳукумати навро созмон бидиҳад.

Бӯҳрони сиёсӣ ҳафтаи гузашта дар паи нашри як навори видеоие сар зад, ки соли 2017 сабт шуда, дар он дида мешавад, ки шахси монанд ба муовини нахуствазир Ҳайнс-Кристиан Штрахе ба як соҳибкори рус бар ивази имтиёзҳои сиёсӣ шартномаҳои корӣ пешниҳод мекунад.

Штрахе ва ҳизби Озодӣ 18 маи соли ҷорӣ ба истеъфо рафтанд. Ба иловаи ин ки ин ҳизб шиорҳои зиддимуҳоҷиронро ба забон оварда бо тундгароҳо аз гурӯҳҳои ифротгаро дар тамос мебошад, ҳизби Озодӣ дар эҳтимоли пешбурди манфиатҳои Русия гумонбар дониста шуд.

Навори видеоӣ 17 май нашр шуд ва дар он дида мешавад, ки гӯё Штрахе ба як зане, ки мегӯяд аз гурӯҳҳои сарватманди Русия намояндагӣ мекунад, дар самти бунёди сохтмонҳои зербиноӣ ҳамкорӣ пешниҳод мекунад. Дар ин видео зан ба забони русӣ сӯҳбат карда худро ҳамчун хоҳарзодаи як соҳибкори хеле сарватманди Русия муаррифӣ кардааст.

Як мақоми дигар аз ҳизби Озодӣ дар ин навор ба унвони тарҷумони немисиву русӣ хидмат мекунад. Ин саҳна дар яке аз рӯзҳои моҳи июли соли 2017 дар ҷазираи Ибитсаи Испания ва се моҳ пеш аз интихоботе сабт шудааст, ки дар он ҳизби Озодии Штрахе пирӯз шуд ва худи ӯ баъдан ба мақоми муовини нахуствазир интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG