Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон қонуни ба ҷавобгарӣ кашидани президенти собиқ ба иҷро даромад


25 май дар ҷаласаи охирини ҳизбӣ Алмосбек Отамбоев аз раисии ҳизби сотсиал-демократӣ истеъфо дод
25 май дар ҷаласаи охирини ҳизбӣ Алмосбек Отамбоев аз раисии ҳизби сотсиал-демократӣ истеъфо дод

Дар Қирғизистон рӯзи 27 май қонуни наве ба иҷро даромад, ки мавриди пайгарди қонунӣ қарор додани собиқ президентонро иҷоза медиҳад. Ин қонун ду рӯз баъди он ба иҷро даромад, ки собиқ раиси ҷумҳурӣ Алмосбек Отамбоев аз мақоми раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Қирғизистон истеъфо дод. Ин қонун миёнаҳои моҳи май аз ҷониби президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков имзо шуд. Ҳоло қонуни нав иҷоза медиҳад, ки дар заминаи қарорҳои қабулкардаи Отамбоев таҳқиқоти ҷиноӣ ба роҳ монда шавад. Даъватҳо дар ин замина аз ҷониби сиёсатмадорони зиёде ба гӯш мерасад. Дар ҳоле, ки қонун боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар нисбати президенти амалкунандаро иҷоза намедиҳад, қонуни нав президенти собиқро баъди тарки мақоми президентӣ карданаш мавриди пайгард қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG