Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон қарзи соҳибкоронро бахшиданд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон қарзи 1815 соҳибкори хусусиро дар ҳаҷми бештар аз 26 млн доллар бахшиданд. Ин қарз аз ҳисоби напардохтани андоз ва ҷаримаҳои молӣ ҷамъ шуда буд.

Хабар дода мешавад, ки ҳамаи ин соҳибкорон ба далели надоштани имкони пардохти қарзу ҷаримаҳо фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Аз ин шумор 524 соҳибкор дар ноҳияи Учтепин баъди соф шудани қарзҳояшон дубора фаъолиятро оғоз кардаанд.

Ҳамзамон назорати давлатии андози Узбекистон аз соҳибкорон даъват кард, ки то 1 июли соли ҷорӣ мушкили қарзҳояшонро ҳал ва дубора фаъолияташонро ба роҳ монанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG