Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу дар садри аъзои ҳукумати Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад


Октябри соли 2017, Душанбе. Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ
Октябри соли 2017, Душанбе. Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ

Рӯзи 28 май қарор аст ба Тоҷикистон вазири дифои Русия Сергей Шойгу сафар кунад. Оҷонсии русии Интерфакс рӯзи 27 май бо такя ба ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки Шойгу “бо раҳбарии ҳайате аз ҳукумати Русия” ба Душанбе парвоз хоҳад кард. Ин манбаъ мегӯяд, ки ҷузъиёти сафари вазири дифои Русия феълан нашр намешавад, вале ҳафтаи гузашта хабаргузории дигари русии ТАСС гуфта буд, ки ин сафар ба хотири баррасии масоили ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар баргузор мешавад. Қарор аст Шойгу бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дидору гуфтугӯ ва аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дидан кунад.

Пойгоҳи мазкур макони истиқрори 7 ҳазор низомии Русия буда, бар асоси созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Русия ҳақи то соли 2042 фаъолият карданро дорад. Русияву Тоҷикистон худро шарикони стратегӣ меноманд ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкории низомии ин ду кишвар ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG