Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Парлумони Аврупо: ҳизбҳои рӯ ба Аврупо мавқеи худро аз даст доданд


Итолиё. Маттило Салвинии ростгаро
Итолиё. Маттило Салвинии ростгаро

Натиҷаҳои интихоботи Парлумони Аврупо бозгӯи фазои кунунии табиати сиёсии Иттиҳодияи Аврупо мебошад: дар интихобот нирӯҳои аслии чап ва рости марказгаро мавқеи бартарии худро аз даст дода, мақоми ҳомиёни муҳити зист, ҳизбҳои рости ифротгаро ва пуштибони бизнесу тиҷорат тақвият ёфтааст.

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳии 27 май “эътилофи азими” Ҳизби мардумии Аврупо ва сотсиалистҳо дигар аксариятро ташкил намедиҳанд.
Вале дар ҳоле, ки нирӯҳои рости ифротгаро ва миллатгароҳо натиҷаҳои аз гузашта беҳтар ба даст оварданд, дастоварди Сабзу либералҳо ба онҳо имкони назорати шаст дар сади курсиҳои Парлумони Аврупо, яъне 505 курсӣ аз 751 курсии мавҷударо фароҳам меорад. Либералҳо 100 ва сабзҳо тахминан 70 курсии маҷлисро ба даст оварданд ва ҳамакнун садои онҳо назар ба гузаштаҳо баландтар садо дода, мавқеи марказгароҳо заъифтар мешавад.

Вале натиҷаҳо интизороти сиёсатмадорони ростгарои мисли Марин Лё Пен дар Фаронса ва Маттео Салвинӣ дар Итолиёро, ки мухолифи тақвияти ормонҳои Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, бароварда намекунад.

XS
SM
MD
LG