Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони Маҳсо ба 30 соли зиндон маҳкум шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Афғонстон ду ноболиғро барои рабудан ва куштани як духтари 6-сола ба 30 солии зиндон маҳкум кард. Қатли бераҳмонаи Маҳсо Аҳмадӣ дар Кобул хашми мардум дар Афғонистонро, ки ҷиноят ба зидди кӯдакон онҷо зиёд аст, барангехт.

Маҳсо Аҳмадиро моҳи март дар шаҳри Кобул рабуданд ва баъд аз онки волидонаш натавонистанд, 300 000 доллар ба одамрабоён бидиҳанд, куштанд. Пулиси Кобул ду ноболиғро дар як амалиёте дастгир кард ва видеоеро намоиш дод, ки ду нафар ҷиноятро эътироф мекунанд.

Ноболиғон дар ин видео нақл мекарданд, ки духтараки 6-соларо дуздида бо мотосикл ба як хонаи иҷора бурдаанд ва чун пулро нагирифтанд, ӯро куштанд. Дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки рӯзи 26-уми май дар телевизион намоиш доданд, додрас ҳарду нафарро ба 30 солии зиндон маҳкум кард. Синну соли ноболиғонро нагуфтаанд, аммо додрас гуфт, ки онҳо ҳануз 18 сола нестанд.

XS
SM
MD
LG