Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финляндия қаҳрамони ҳоккейи ҷаҳон шуд


Дастаи мунтахаби Финляндия, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҳоккей мунтахаби Канадаро боҳисоби 3:1 (0:1, 1:0, 2:0) шикаст дод, соҳиби ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло гардид. Бозии ниҳоӣ шаби якшанбеи 26-уми май дар шаҳри Братиславаи Словакия ба поён расид.

Ҳисобро дар ин дидор дар дақиқаи 11-ум бозигари мунтахаби Канада Ши Теодор боз кард. Дар дақиқаи 23-юми бозӣ Марко Анттила ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 43-юм Анттила голи дуюми финҳоро ба самар расонид. Шайбаи сеюмро дар дақиқаи 56-ум Ҳарри Песонен ба дарвозаи мунтахаби Канада ворид кард. Ҳамин тариқ, мунтахаби Финляндия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Пеш аз финал, шоми якшанбе дастаҳои мунтахаби Русия ва Ҷумҳурии Чех барои ҷойи сеюм мубориза бурданд. Ин бозӣ аз рӯи силсилаи буллит бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 3:2ба анҷом расид ва онҳо бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд..

Ёдовар мешавем, марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 бо ширкати 16 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “А” – Канада, Финляндия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чаҳор дастаи пешсафи гурӯҳи “В” – Русия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Швейтсария - ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо карданд.

Дар чорякфинал, ки рӯзи панҷшанбеи 23-юми май баргузор шуд, Русия бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 4:3, Канада бар Швейтсария бо ҳисоби 3:2, Ҷумҳурии Чех бар Олмон бо ҳисоби 5:1 ва Финляндия бар Шветсия бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Дар нимфинал рӯзи шанбеи 25-уми май Финляндия бар Русия бо ҳисоби 1:0 ва Канада бар Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 5:1 ғолиб омаданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон-2020 рӯзи 8-уми майи соли оянда дар Швейтсария шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG