Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ду муҳоҷири тоҷик дар амалиёти ФСБ-и Русия. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду нафаре, ки шаби 21-уми май дар амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Владимир кушта шудаанд, бо эҳтимоли зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия ҳувияти ин ду кушташударо ошкор накард, вале муҳоҷирони тоҷик, ки дар вилояти Владимир зиндагӣ мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Қ.А. ва Қ.С. бо ҳам амакбача ва сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон буданд.(Ному насаби пурраи муҳоҷирон дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст)

Дар наворе, ки Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия намоиш дод, дар манзили зисти ин ду муҳоҷир силоҳ дида мешавад. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ба ҳамлаи террористӣ омодагӣ мегирифтанд ва ҳангоми боздоошт муқовимат нишон додаанд. Аммо муҳоҷирони тоҷик, ки ин ду нафарро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, дар рафтори ин кушташудагон ҳеҷ амали шубҳанок дида намешуд.

Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ёвон гуфтанд, ба таври шифоҳӣ чунин хабареро аз мақомоти Русия дарёфт кардаанд, вале то кунун ҳеҷ санад дар мавриди кушта шудани ин ду ҷавон ба дасти онҳо нарасидааст.

Марги ду тоҷик дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Пайвандони онҳо дар бораи ҳодиса чизе намедонанд, вале мегӯянд, панҷ рӯз боз бо ҳарду муҳоҷир тамос гирифта наметавонанд.

Наргис, ҳамсари Қ.А., рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, шавҳари ӯ дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимир зиндагӣ мекард.

Ӯ гуфт, шаш моҳ пеш дар ин шаҳр хона харида буданд. Наргис, ҳамсари ин муҳоҷир се моҳ пеш ҳамроҳ бо се кӯдакаш ба Тоҷикистон омад ва қарор буд, моҳи оянда дубора ба назди шавҳараш баргардад.

“Панҷ рӯз пеш шавҳарам занг зад ва бо кӯдакон сӯҳбат кард. Мо бояд то моҳи дигар ба наздаш мерафтем. Мо панҷ рӯз боз занг мезанем, вале телефонаш хомӯш аст”, -- гуфт ӯ.

Ин зан, ки аз амалиёти вижаи мақомоти рус дар манзили зисташон хабар надорад, гуфт, ба идораи пулиси маҳаллӣ даъват шуд ва дар он ҷо барояш гуфтанд, ки шавҳараш бо иттиҳоми терроризм боздошт шудааст.

Наргис мегӯяд, шавҳараш як муҳоҷири одӣ буд, ки дар сохтмон кор мекард ва террорист хондани ӯ тӯҳмате беш нест.

Шаби 21-уми май мақомоти Русия ба хонае дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимир ҳамла карданд. Қабл аз ҳамла онҳо сокинони биноҳои атрофро ба дигар ҷой кӯчониданд. Ба иддаои мақомоти рус гӯиё ин ду нафар ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона кушта шудаанд. Тасдиқи дурустии ин хабар аз манобеи дигар имконнопазир аст.

Сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хабарро таҳқиқ мекунад.

Мақомоти Русия зуд-зуд дар бораи чунин амалиёт хабар медиҳанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ба чунин маълумотҳо бо шубҳа менигаранд.

Моҳи апрели соли 2017 айни чунин ҳодиса ба ду бародар аз ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон дар вилояти Владимир рух дода буд. Ибодулло ва Шарифхон Валиев, сокинони ноҳия Мӯъминобод ба шакле кушта шуда буданд, ки ҳоло ин ду амакбача кушта шудааст. Аз манзили зисти онҳо низ гуё силоҳ ёфта буданд, аммо дурустии ин хабарро манбаи мустақиле тасдиқ накардааст.

Ҷасади ин ду бародар пас аз ним сол ба дасти наздиконашон расида буд. То лаҳзаи интиқоли тобути онҳо ба Тоҷикистон дар мавриди кушта шуданашон касе хабар намедод.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи як соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ё тайи амалиёт кушта мегарданд. Амалиёте, ки коршиносон баъзан онҳоро шубҳанок медонанд.

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG