Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони дохилӣ. Зиндагӣ дар домани тафсони Шаҳритус бе барқу мактаб. ВИДЕО


Саёҳат Муродоваро ҳар субҳ шавҳараш бо хару ароба ба мактаб мебарад
Саёҳат Муродоваро ҳар субҳ шавҳараш бо хару ароба ба мактаб мебарад

Аз даҳҳо хонаводае, ки нӯҳ сол пеш аз минтақаи Кӯлобу Рашт ва вилояти Бадахшон ба деҳаи Ватани ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир шуданд, танҳо чаҳор оила мондааст.

Аксарият зиндагии бидуни шароит дар ин минтақаро таҳаммул накарда, дубора ба зодгоҳҳои худ баргаштанд. Боқимондаҳо то ба ҳол умед доранд, ки мақомот ба ваъдаашон вафо мекунанд. Мақомот вазъиятро шарҳ намедиҳанд.

На мактаб ва на бунгоҳи тиббӣ

Деҳаи Ватан дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритус. Соли 2010 як гуруҳ аз сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳину Муъминобод ва Лахшу Дарвоз ва Ванҷро ба инҷо оварданд.

Он замон мақомот ваъда доданд, ки барояшон бунгоҳи тиббӣ ва мактаб месозанд ва хатти барқ мекашанд. Бо гузашти нӯҳ сол аз ин се ваъдаи мақомот, танҳо симчӯбҳои хатти барқ рост шудаасту бас. Худи барқ ҳанӯз ба хонаҳои мардум нарасидааст. Мактаб ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи ҳамсоя аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рӯзгори муҳоҷирони дохилӣ дар Шаҳритус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

Хоҳарон Фароғат ва Саодат дар синфи ду ва панҷум мехонанд. Онҳо ҳар рӯз панҷ километр роҳро бо дучарха тай карда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя мераванд.

"Як чароғ дорем, ки..."

Зулфиннисо Мирзоева, модари онҳо, баъди гусели духтарон машғули кори хонаву саҳро мешавад. Худи ӯ мактабро то синфи ҳафтум хондааст.

Ӯ гуфт: "Хондан даркор аст. Ба духтаронам ҳамеша таъкид мекунам, ки бо баҳои аъло хонанд. Мақсад дорам, ки ба донишгоҳ дохил кунам. Худам ба онҳо кумак мекунам, падарашон ҳам ёрӣ мерасонад."

Зулфиннисо зодаи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) аст. Нӯҳ сол пеш ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш муҳоҷир шуда, ба ноҳияи Шаҳритус омад.

Зулфиннисо Мирзоева

"Як чароғ дорем, ки бо кумаки "аккумлятор"-и кӯҳна кор мекунад. Дар он телевизор монда намешавад. Ду духтари мактабхонам дар равшании ҳамин чароғ дарс тайёр мекунанд. Барқ надорем", -- афзуд ӯ.

Хару ароба -- нақлиёти алтернативӣ

Набуди барқу мактаб ягона мушкили сокинони деҳаи Ватан нест. Ҳолати роҳе, ки то ин деҳа мерасад, сокинонро маҷбур кардааст, воситаҳои алтернативии нақлиётро ҷустуҷӯ кунанд.

Саёҳат Муродова дар мактаби деҳаи ҳамсоя омӯзгор аст. Ба фарқ аз Фароғату Саодат, ӯ маҳорати дучархаронӣ надорад. Шавҳараш ҳар субҳ бо хару ароба ӯро ба кор мебарад ва аз он ҷо ба хона меорад. Ба қавли худаш, мошини хидматиаш ҳамин аст.

“Ронандаҳои таксӣ розӣ намешаванд, ки моро то пеши дари хона оранд. Мегӯянд, ки роҳҳоятон вайрон аст ва ба мошин зарар мерасонад. Маҷбур мешавам, бо хару ароба ба кор равам”, -- нақл кард Саёҳат Муродова.

Саёҳат шаш сол пеш аз шаҳри Кӯлоб ба деҳаи Ватан муҳоҷир шуд: “Замини наздиҳавлигӣ надоштем. Ба ҳукумат муроҷиат кардем, натиҷа надод. Баъд муҳоҷир шуда, ба ин ҷо омадем. Ба хотири даҳ сотих замин ва обод кардани як гӯшаи ватан.”

Замин, сабаби муҳоҷират ба Шаҳритус

Нафарони эҳтиёҷманд ба мисли Саёҳатро мақомот дар ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хусрав ва Хуросону Қубодиён бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунанд ва барои оғози сохтмони манзил ба онҳо каме маблағ медиҳанд.

Вале набуди одитарин шароит барои зиндагӣ аксари онҳоро маҷбур кардааст, ки ба зодгоҳҳои худ баргарданд. Дар бештари хонаҳо дар деҳаи Ватан касе зиндагӣ намекунад. Баъзеи онҳо хонаҳои худро гузошта, ба зодгоҳҳояшон баргаштаанд.

Зулфиннисо Мирзоева мегӯяд, ки “дар инҷо ҳамагӣ чаҳор оила мондем.”

Сомия Фахриддинзода, сокини 28-солаи деҳаи Ватан, гуфт, “хушдоманам омада, вазъиятро дид. Писари сесолаамро бо худаш ба Ҷиргатол бурд. Гуфт, ки сохтмони хонаатонро тамом кунед ва ҳар вақте барқ омад, мефиристам.”

Мақомот шарҳ надоданд

Ҳоло сокинони боқимонда дар ин русто барои ҳалли мушкилоти худ дари мақомотро мекӯбанд. “Чанд бор ба мақомот муроҷиат кардем. Ба идораи барқ, ба газетаи “Субҳи Шаҳритус”. Раиси Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ омад, муовини аввали раиси вилоят омада, чанд бор муроҷиат кардем, лекин ягон натиҷа надод”, -- мегӯяд Саёҳат Муродова.

Дар идораи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шаҳтитус нахостанд, дар ин бора сӯҳбат кунанд ва гуфтанд, танҳо бо иҷозаи мақомоти болоӣ метавонанд, вазъро шарҳ диҳанд.

То омадани хатти барқ дар ин ҳавои гарму тафсон ягона тафреҳи сокинони камшумори деҳаи Ватан нишастан зери сояи дарахт ва нӯшидани оби сард аст. “Бе барқ зиндагӣ карда намешавад. Одам зиқ мешавад. Бояд ягон телевизор тамошо кунем, кино тамошо кунем. Вале феълан чора надорем”, -- хулоса кард Алексей Кузнетсов, сокини деҳаи Ватан.

XS
SM
MD
LG