Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар порлумони Қирғизистон гуфтанд, раиси "Мегаком" аз сӯи ҳукумат таъқиб мешавад


Чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 22-юми май гуфтанд, ки ҳукумат таъқиби мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" (тамғаи тиҷорӣ "Мегаком") Оқилбек Жамангуловро ба хотири ширкати "КТ Мобайл" ташкил кардааст.

"Оқилбек Жамангулов аз низоми бузурги фасодолуд пешгирӣ кард, порлумон аз вай ҳимоят намуд. Касоне, ки аз фасод пешгирӣ мекунанд, набояд таъқиб шаванд. Ба пулиси молӣ ва ВКД расонед, ки ҷамъоварии иттилоъ ва тафтишотро қатъ кунанд. Комисияи вакилон бояд корро то охир расонад", - гуфт вакили порлумон Жанар Акаев дар хитоб ба намояндаи ҳукумат дар порлумон Аширбек Темирбоев.

Вакилони дигар аз Жанар Акаев ҳимоят карданд. "Ба Оқилбек Жамангулов фишор меоранд. Ӯро таъна мезананд, ки чаро ҳамаи асрорро фош месозӣ. Пайвандон ва тиҷорати ӯро таъқиб мекунанд", - гуфт Олтинбек Жунус уулу, вакили дигар.

Оқилбек Жамангулов, мудири кулли ширкати "Алфа Телеком" рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки аз сӯи Имонқодир Рисалиев, бародарзодаи сарвазир таҳдид шунидааст.

"Имонқодир Рисалиев 3-4 маротиба дар ҳукумат ҷаласа баргузор кард. Вай се маротиба дар утоқи кориаш муовини роҳбари дастгоҳи президентро қабул кард. Он ҷо дастур шуда буд, ки ин лоиҳа "ширкати мобилии "КТ Мабайл"" зудтар амалӣ шавад. Ба ҷуз ин, 2-3 ҳафта пеш дар Кумитаи давлатии алоқа ҷаласа доир шуд. Ҷаласаро худи Рисалиев раисӣ кард. Роҳбарои Фонди амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии алоқа, ширкати "Алфа Телеком" ва "КТ Мобайл" ширкат карданд",-гуфт Жамангулов.

"Бори аввал нест, ки таҳдид мешунавам. Таҳдидҳо ба он хотир буданд, ки ман зидди амалисозии ин лоиҳа будам",-афзуд мудири кулли "Алфа Телеком".

Имонқодир Рисалиев, роҳбари котиботи созмони "Ҳукумати боз" рӯзи 15-уми май дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, робитаи вай бо ширкати "КТ Мобайл" танҳо дар он хулоса мешавад, ки писараш онҷо кор мекунад. Вай робитаи дигарро бо ширкат рад мекунад. Рисалиев бародарзодаи сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев аст.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, ширкати нави мобилии "Салам", ки ба "КТ Мобайл" рабт дорад, манфиати афроди алоҳидаро амалӣ мекунад. Вай илова кард, ки вазъ атрофи ширкат мумкин аст, то эъломи нобоварӣ ба ҳукумат бирасад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG