Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи футбол аз Арманистон ба рақобатҳо дар Боку намеравад


Ҳенрих Мхитарян
Ҳенрих Мхитарян

Футболбози арманӣ Ҳенрих Мхитарян рӯзи 29-уми май дар рақобатҳо дар Боку иштирок намекунад. Ин бозигари дастаи “Арсенал”-и Англия тасмим гирифт, ки аз сафар ба Озарбойҷон худдорӣ намояд.

Дастаи “Арсенал” рӯзи 21-уми май дар гузорише гуфт, “аз он ки Мхитарян ба Озарбойҷон барои ширкат дар бозии зидди дастаи “Челси”-и Лондон ширкат намекунад, мутаассиф аст”.

“Арсенал” сабаби аз ширкат дар бозии Боку худдорӣ кардани Мхитарянро шарҳ надод. Дар изҳорот омадааст: “Мо ҳама имкониятҳои ба узвияти тим ворид кардани Микиро баррасӣ кардем ва баъди машварат бо Мики ва хонаводааш муштарак ба ин хулоса расидем, ки ӯ дар ин сафар ба мо ҳамроҳӣ намекунад”.

Рақобати “Арсенал” ва “Челси” нахустин сабқати аврупоии ин клубҳо мешавад, ки дар Озарбойҷон барпо хоҳад шуд ва худдории Мхитарян аз ширкат дар бозӣ як зарба ба обрӯи Боку мешавад. Озарбойҷон ният дорад, ки соли 2020 ҷоми Аврупоро мизбонӣ кунад.

“Арсенал” гуфт, ба қароргоҳи УЕФА навиштааст, ки аз ҳолати баамаломада “амиқан нигарон аст”, вале боз ҳам нагуфт, сабаби сафар накардани Мхитарян чист.

Клуби англисӣ аз УЕФА дархост карда буд, ки амнияти Мхитарянро дар ин сафар таъмин кунад. Ӯ инчунин дар оғози мавсими футбол бо “Арсенал” ба Озарбойҷон сафар накарда буд.

Худи Мхитарян дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер навишт, барои ӯ худдорӣ аз ширкат дар ин бозӣ “тасмими дарднок аст”, вале ӯ ҳам нагуфт, ки сабаби худдориаш чист.

УЕФА гуфт, барои таъмини амнияти Мхитарян дар Боку тамоми талошашро ба харҷ дод. Дар як имейл ба Радиои Озодӣ ин ниҳод навишт, дар робита бо таъмини амнияти бозигар “замонати мақомоти баландпояи Озарбойҷонро дастрас кардаанд”.

Дар идома ин ниҳод навиштааст, бар пояи замонатҳои мазкур як нақшаи таъмини амният ба клуби “Арсенал” фиристода шуд, вале дар ниҳоят тасмими ин гурӯҳро дар заминаи сафар накардани Мхитарян эҳтиром мекунад.

УЕФА рӯзи 10-уми май гуфт, дар бораи таъмини амнияти Мхитарян замонати Анҷумани футболи Озарбойҷонро дарёфт кардааст.

Дар худи ҳамон рӯз сухангӯи вазорати умури хориҷии Озарбойҷон Лайло Абдуллоева гуфт, бо вуҷуди ихтилофҳои тӯлонии миёни Озарбойҷону Арманистон, Мхитарян метавонад дар Боку бозӣ кунад. Ӯ афзуд, “варзиш аз сиёсат ҷудо аст”.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сафири Озарбойҷон дар Бритониё гуфт, ба Мхитарян ҳеҷ хушунат таҳдид намекунад. Вале “Арсенал” нагуфт, ки то куҷо ин ҳарфҳо барои онҳо кофӣ буд.

“Микки дар роҳи мо ба бозии ниҳоӣ як бозигари калидӣ буд ва ин барои тамоми тим як маҳрумияти азим аст”, -- омадааст дар изҳороти рӯзи 21 май.

Таниши миёни Озарбойҷону Арманистон, ки бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ эҷод шудааст, давоми даҳсолаҳо идома дорад.

Ин минтақа дар ҳудуди Озарбойҷон макони зисти аксар арманитаборон мебошад. Эълони истиқлоли минтақа аз Озарбойҷон боис ба оғози мухолифатҳои низомӣ шуд, ки солҳои 1988-94 идома дошт ва боиси кушта шудани 30 ҳазор нафар ва беҷо шудани ҳудудан 1 миллион тан шуд.

Аз соли 1994, замоне ки миёни ду ҷониб созиши оташбас имзо шуд, ин минтақа таҳти назорати нерӯҳои арман қарор дорад ва Боку мегӯяд, ин нирӯҳо аз ҷониби Арманистон мусаллаҳ мешаванд. Ҳеҷ кишваре истиқлоли Қаробоғи Кӯҳиро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG