Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи Тоҷикистон ба Афғонистон. Тариқи "хатҳои худӣ" ё аз роҳи Узбекистон?


Афғонистон пояҳои хати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистонро, ки охири соли гузашта гурӯҳи Толибон тахриб карда буд, пурра барқарор кардааст.

Масъулини "Брешно"- ширкати таъминкунандаи барқ дар Афғонистон мегӯянд, Тоҷикистон охири сол бинобар хароб будани хатҳои интиқоли нерӯи барқ интиқолро коҳиш дод, вале аз оғози сол содироти барқро дубора бештар кард. Ба гуфтаи мақомоти афғон, Тоҷикистон аз тариқи Узбекистон ба қисматҳое аз вилояти Балх ва Кобул барқ интиқол дод.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, аз хароб шудани пояҳои хати интиқоли нерӯи барқ беш аз 380 млн. кВт. соат барқ кам ба Афғонистон интиқол дод, ки тақрибан 15 миллион доллар арзиш дошт.

Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати "Брешно" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барқи Тоҷикистон ба он хотир аз тариқи Узбекистон транзит шуд, ки бар асари ҷангҳо пояҳои хати интиқоли нерӯи барқ тахриб дид. Ин мақоми ширкати "Брешно" мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон яке аз чаҳор кишвари аслии воридкунандаи барқ ба Афғонистон аст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик".
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик".

Интиқоли барқ тариқи Узбекистон ҳам дар ҳоле имконпазир шуд, ки соли гузашта, пас аз нӯҳ сол, ин ду кишвар ҳалқаи ягонаи барқиро барқарор карданд Соли 2009 Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна берун шуд, ки Тоҷикистон аз содироту воридоти барқ аз кишварҳои дигари Осиёи марказӣ маҳрум шуда буд.

Ҳарчанд, Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, интиқоли барқ ба Афғонистон тариқи "хатҳои худӣ" сурат гирифт, вале як мақоми дигари баландпоя дар ҳукумат мегӯяд, бори аввал интиқоли барқ ба Афғонистонро тариқи Узбекистон таҷриба карданд.

Дар се моҳ ба гуфтаи Ёдгорӣ, Тоҷикистон беш аз 240 млн. кВт. соат барқ содир кардааст. "Соли 2018 ба Афғонистон 921 млн. кВт.соат барқ интиқол дода шудаааст. Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон мутобиқи қарордод байни ШСХК "Барқи тоҷик" ва ширкати "Бришно" амалӣ мешавад",-гуфт ӯ.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, дар се моҳ аз фурӯши барқ зиёда аз 15 миллион доллар фоида дидааст, ки бештараш аз фурӯши барқ ба Афғонистон ба даст омадааст.

Як кВт.соат барқи Тоҷикистон дар Афғонистон 4 сенти амрикоӣ нарх дорад, ки қариб ба 40 дирам баробар аст. Дар Тоҷикистон барқ ба сокинон 20 дирам фурӯхта мешавад.

Толибон соли гузашта дар шимоли Афғонистон хатти интиқоли барқи Тоҷикистон ба он кишварро тахриб карданд.
Толибон соли гузашта дар шимоли Афғонистон хатти интиқоли барқи Тоҷикистон ба он кишварро тахриб карданд.

Тоҷикистон, ки дар зимистон аҳолиашро бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонист, ду сол пеш эълон кард, ки маҳдудияти нерӯи барқ бардошта шуд. Аммо аввали соли равон, ғайриинтизор ва бидуни огаҳии пешакӣ, дубора реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шуд.

Дар моҳи март ва апрели соли равон сокинони навоҳии Тоҷикистон шикоят карданд, ки дар интиқоли нерӯи барқ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Бархе сокинон гуфтанд, ки Тоҷикистон барқро ба кишвари ҳамсоя мефурӯшад ва мардуми худро бебарқ мемонад, вале ширкати "Барқи тоҷик" бо ради ин иддао маҳдудиятро расман "таъмири хатҳои интиқоли нерӯи барқ номид ва умедворӣ кард, ки мардум вазъиятро дарк мекунанд".

Аммо як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумат мегӯяд, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар мушкил дар нерӯгоҳи Роғун ва содироти барқ ба Афғонистон буд. Охири моҳи март, бинобар мушкил, оби обанбори неругоҳи Роғун сар дода шуд. Чархаи ин нерӯгоҳ, ки дар охири соли гузашта ба кор даромаду барқ истеҳсол мекард, аз кор монд.

"Пешбинӣ шуда буд, ки ҳам барқ содирот мешавад ва ҳам дар дохил мардум таъмин мешавад. Чун оби обанбори Роғун сар дода шуд ва истеҳсоли барқ қатъ шуд, мушкил пеш омад. Бо Афғонистон, ки шартнома аз пеш баста шуда буд, онро вайрон кардан имкон надошт"-гуфт ин ҳамсӯҳбати огоҳи Радиои Озодӣ.

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзона то 115 мегаватт барқ медод, ки ба гуфтаи коршиносон, барои таъмини ҷумҳурӣ бо нерӯ хеле кумак мекард. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" мегӯяд, “ин ягон асоси воқеӣ надорад. Роғун, ки акнун сохта шуда истодааст, ба таъминоти барқи кишвар алҳол ягон таъсири ҷиддие надорад".

Феълан, Тоҷикистон қисматҳое аз вилояти Кундуз, Бағлон, Парвон, Кописо, ва Кобули Афғонистонро бо барқ таъмин мекунад. Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи худ барқро бар сари як киловат соат бо арзиши 4 сент, наздики 40 дирам мефурӯшад. Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ширкати "Брешно"-и Афғонистон мегӯяд, барқи Тоҷикистон дар қиёс ба барқи Узбекистон арзонтар аст.

Ин кишвари гирифтори ҷанги дохилӣ ба якуним ҳазор мегават барқ ниёз дорад. Танҳо рӯзона ҳазор мегават барқи заруриро аз Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дастрас мекунад ва худаш ҳамагӣ 300 то 380 мегават барқ тавлид мекунад. Аз ин рӯ, сухангӯи ширкати "Брешно" мегӯяд, ҳанӯз ба барқ ниёз доранд ва Афғонистон як бозори хубе барои Тоҷикистон дар самти фуруши нерӯи барқ аст.

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG