Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 11-19-уми май дар шаҳри Душанбе, дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон, доир гардид, 98 варзишгар аз 16 кишвар ширкат дошт.
Дар сабқати писарон Азиз Дадабоеви узбекистонӣ дар даври ниҳоӣ бар ҳамватанаш Максим Шин ғалаба кард. Миёни духтарон низ Ситора Нормуродоваи узбекистонӣ пирӯз шуд. Ӯ дар финал варзишгари Русия Ксения Огурееваро шикаст дод.
Пеш аз ин, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони зери 18-сола - “Tajikistan Open” - бо пирӯзии варзишгарони Лаҳистон ва Узбекистон хотима ёфта буд. Дар ин мусобиқа 97 теннисбози ҷавон аз 15 кишвар иштирок кард.
Дар сабқати писарон Ян Вандемайер аз Лаҳистон дар бозии ниҳоӣ бар Азиз Дадабоеви узбекистонӣ ғолиб шуд. Дар рақобатҳо миёни духтарон Ситора Нормуродоваи узбекистонӣ бар ҳамватанаш Севил Юлдошева пирӯзӣ ба даст овард.
Ба назари коршиносони соҳа, дар Осиёи Марказӣ мактаби зӯртарини теннис дар Узбекистон мавҷуд аст. Бинобар ин, теннисбозони узбек ҳамеша дар мусобиқот муваффақ мешаванд.
Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, ин ду мусобиқа ба чорабиниҳои дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) дохил буд. Варзишгарон барои иштирок соҳиби имтиёзҳо дар раддабандӣ гардида, ғолибон бо ҷому ифтихорномаҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон мукофотонида шуданд.