Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, ҷанг "поёни расмии Эрон" хоҳад буд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, таҳдид кард, ки дар сурати ҷанг бо Амрико Эрон расман “поён меёбад.” Пештар аз ин баёнияи Доналд Трамп дар Твиттер, Арабистони Саудӣ шарики аслии Амрико дар Ховари Миёна гуфт, омода аст, “бо тамоми қудрат” ба иғвогариҳои эҳтимолии Эрон посух диҳад.

Изҳороти Амрикову Саудӣ дар ҳолест, ки таниш байни Амрикову Эрон авҷ гирифтааст ва ба нигарониҳо доир ба эҳтимоли ҷанг байни ду тараф доман задааст.

Вашингтон бо зикри таҳдидҳо аз тарафи Эрон нерӯҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод ва вазорати умури хориҷии Амрико дастур дод, дипломатҳояш аз Ироқ хориҷ шаванд, ба истиснои онҳое, ки ҳузурашон дар сафорат дар Бағдод ҳатмӣ аст.

Эрон гуфтааст, ки хоҳони ҷанг бо Амрико нест ва иддаоҳои Вашингтон дар бораи “хатарҳои бармало” аз тарафи Эронро рад кардааст. Рӯзи 19-уми май як мушаке дар назди сафорати Амрико дар Бағдод суқут кард, вале касе дар он осеб надидааст. Ҳеҷ кас масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.

Доналд Трамп рӯзи 20-уми май дар Твиттер навишт: “Агар Эрон ҷанг бихоҳад, пас ин ҷанг поёни расмии Эрон мешавад. Дигарбора ҳеҷ гоҳ ба Амрико таҳдид накунед.”

Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ҳамлаи бо дронҳо ба ду истгоҳи нафкашӣ дар он кишвар бо дастури Эрон сурат гирифтааст. Ҳамларо ошӯбгарони ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар Яман бар ӯҳда гирифтанд.

Доналд Трамп моҳи майи соли гузашта Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард. Бар асоси ин созиш, ки 6 қудрати ҷаҳонӣ имзо карданд, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва дар таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд. Баъди хуруҷ, Амрико таҳримот ба зидди Эронро барқарор кард.

XS
SM
MD
LG