Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе кран чаппа шуд ва ба чанд хона осеб расонд. ВИДЕО


Дар Душанбе як крани борбардор аз баландии беш аз 30 метр чаппа шуда, ба чанд хона зарар расондааст. Ин кран дар сохтмони бинои баландошёнаи ширкати "Дунёи Анвар", дар маҳаллаи наздик ба бозори "Корвон", кор мекард.

Соҳибони бино мегӯянд, ҳодиса тасодуфӣ буд ва онҳо ҷуброни зарарро мепардозанд. Вале бисёриҳо ба куҳнаву корношоям будани техникаҳои ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт ишора мекунанд.

Ҳангоми бардоштани бор ба ошёнаҳои болоии бино, кран аз идора берун шуда, ба ҳадди ақал чаҳор манзили бинои наве, ки дар ҳамсоягии он қарор дорад, бархӯрдааст.

Муборакшо Карамшоев, идоракунандаи крани борбардор, мегӯяд, тамоми талошро ба он равона карда буд, то кран ба роҳи мошингард наафтад ва ба сокинон осеб нарасонад.

Садамаи крани борбардор дар шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Шоҳидон мегӯянд, кран ба табақаи 9-уми бинои 13-ошёна бархӯрдааст. Дар хонаҳое, ки зарар дидаанд, феълан касе зиндагӣ намекунад. Вале соҳиби як хонаи дигар, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист, тарсида ва дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мирвайс Мирзохон, корманди ширкати "Маҳмуд 66", ки бинои аз зарби кран осебдида ба он тааллуқ дорад, рӯзи 18-уми май гуфт: "Ман дар зери бино будам, ки як бора хоку чанг ба ҳаво хест. Дидам, ки кран ба хона задааст. Соҳибони ин хонаҳо нестанд. Аммо ҳамсояи онҳо аз тарс бемор шуд."

Масъулони сохтмон мегӯянд, сарозер шудани кран як тасодуф аст ва дар натиҷаи шамоли сахт рух додааст, аммо сабаби дигар ҳам муҳлати истифодаи крани борбардор гуфта мешавад. Кран мероси замони Шӯравӣ буда, масъулони сохтмон мегӯянд, бояд то як ҳафтаи дигар онро ба крани нави чинӣ иваз мекарданд.

Раҳматуллоҳ Давлатов, сармуҳандиси сохтмони бинои ширкати “Дунёи Анвар” мегӯяд, ин крани қадимӣ аз тамоми санҷишҳои зарурӣ гузашта буд. "Ҳама ҳуҷҷатҳо ҳаст, 6-7 моҳ пеш аз санҷиш гузашт. Ин кран шиноснома дорад. Ин як ҳодисаи табиӣ аст. Мо ҳам онро намехостем", -- афзуд ӯ.

Ҳоло дар маҳалли ҳодиса сохтмончиён қисми шикастаи борбардорро ҷаъмоварӣ мекунанд. Намояндагони ниҳодҳои масъул, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса рафта, вазъро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Масъулони ширкати “Дунёи Анвар” мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса талафти ҷонӣ ё афроди захмӣ нест ва онҳо ҷуброни зарарро ба уҳда мегиранд. Раҳматуллоҳ Давлатов, сармуҳандиси сохтмони бинои ширкати “Дунёи Анвар”, гуфт, “мо бо соҳибони хонаҳо маслиҳат кардем, ки дар рӯзҳои наздик таъмир мекунем. Дигар ягон гап нест.”

Ин ҳодисаи аввалини сарозер шудани кран дар сохтмонҳои Душанбе нест. Қаблан дар маркази Душанбе низ як кран чаппа шуда, рӯйи боми бинои сохтмон афтода буд.

XS
SM
MD
LG