Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳам ба фурӯши 87 билети қалбакӣ боздошт шуд.ВИДЕО


Убайдулло Раҳимов.
Убайдулло Раҳимов.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳуввияти фардеро, ки ба фурӯхтани наздик ба 90 билети қалбакии ҳавопаймо муттаҳам мешавад, эълон кард.

ВКД мегӯяд, Убайдулло Раҳимов ҳини бозгашт аз хориҷ, аз сӯи кормандони шӯъбаи ин вазорат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. ВКД таърихи дақиқи боздошти ӯро нагуфтааст.

Дар як барномаи телевизиони "Тоҷикистон" (қаблан Шабакаи аввал), Убайдулло Раҳимов эътироф мекунад, ки давоми ду моҳ 87 билети қалбакиро бо нархҳои аз 2200 то 2400 сомонӣ фурӯхта, аз ин ҳисоб беш аз 187 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин фард айни ҳол дар боздошт қарор дорад ва нисбати ӯ бар пояи моддаи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванди ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз ҳашт рӯз ба ин тараф афроде, ки аз нуқтаи билетфурӯшии Убайдулло Раҳимов чипта дарёфт кардаанд, наметавонанд ба хориҷ сафар кунанд. Ин сокинон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки билетҳоро ба нархи аз якуним то дуним ҳазор сомонӣ харидаанд.

Ҳоло онҳо мунтазири баррасии масъала аз тарафи мақомот ҳастанд. Мақомоти ВКД рӯзҳои гузашта гуфта буданд, ки дар ин робита ду нафарро боздошт кардаанд. Аммо маълум нест, ки сарнавишти фарди дувум чӣ шуд ва ӯ ҳам дар ин қазия муттаҳам дониста мешавад ё на.

Билетҳои қалбакии ҳавопаймо даҳҳо мусофирро сарсон кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

XS
SM
MD
LG