Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коломойский ба Украина баргашт"


Игор Коломойский

Олигархи украинӣ Игор Коломойский баъди тақрибан ду соли тарки ихтиёрии кишвар дубора ба Украина баргашт.

Як тарҳи муштараки бахши украинии Радиои Озодӣ ва Шабакаи аввали телевизионии Украина “Схеми” ба нақл аз манобеи худ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Днипро хабар дод, ки ҳавопаймои Коломойский субҳи 16-уми май дар хоки Украина фуруд омад.

Манбаъ гуфт, Коломойский, як марди сарватманди украинӣ ва собиқ раиси вилоят дар ҳавопаймои хусусие аз шаҳри Тел-Авив ба Украина расидааст.

Петро Порошенко
Петро Порошенко

Муносибатҳои Коломойский ва президенти амалкунанда Петро Порошенко давоми солҳои зиёд бад буд. Бозгашти ӯ ба ватан чанд ҳафта баъди пирӯзии Владимир Зеленский дар интихоботи президентӣ сурат мегирад. Зеленский дар даври дуюми интихобот, ки рӯзи 21-уми апрели имсол баргузор шуд, ба Порошенко ғолиб омад.

Нашрияи интернетии Babel навишт, Коломойский баъди фуруд омадан дар Днипро гуфтааст, ки феълан дар бораи нақшаҳои баъдии худ чизе гуфта наметавонад.

Ин миллиардери украинӣ гуфтааст, аз бозгашт ба ватан ҳарос надорад ва умедвор аст, фишорҳои сиёсӣ нисбат ба ӯ дар давраи президентии Зеленский поён меёбад. Зеленский рӯзи 20-уми май дар порлумони Украина ба ҳайси президенти тозаинтихоб савганд ёд мекунад.

Коломойский, ки дар Украина таҳти тафтиш ва фишори ҳукумат қарор дошт, моҳи июни соли 2017 кишварро тарк кард ва дар ин муддат дар Исроилу Швейтсария зиндагӣ кард.

Порошенко иддао кардааст, ки Коломойский дар сари қудрат омадани Зеленский нақши муҳим дорад ва ба ин номзад ба хотири “қасосгирӣ аз давлат барои миллисозии PrivatBank” кумаки пулӣ кардааст.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Миллисозии бонк моҳи декабри соли 2016 сурат гирифт ва дар ин кор Сандуқи байналмилалии пул ҳам мусоидат кардааст. Тасмими ҳукумат барои ин кор баъди он гирифта шуд, ки бонк дар амалиёти хатарноки молӣ ва камбуди миллиардҳо доллар муттаҳам шуд.

Коломойский, ки дар гузашта саҳоми бонк буд, мухолифи ин тасмим баромад кард ва дар ҳукми додгоҳ аз 18-уми апрел гуфта шуд, ки ҷараёни миллисозии бонк ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Коломойский соли 2015 муддати кӯтоҳе раҳбарии вилояти Днепропетровскро ба ӯҳда дошт, вале бо як қарори Порошенко аз вазифа барканор шуд. Президент ӯро дар таъсиси артиши хусусӣ ва талоши азхудкунии ширкати давлатии нафт айбдор кард.

Вале ҷонибдоронаш мегӯянд, Коломойский тавонист дар пайи ишғоли Қрим аз ҷониби Русия аз тавсеаи эҳсосоти ҷудоиталабона дар Днепропетровск пешгирӣ кунад. Русия баъди ишғоли Қрим дар моҳи марти соли 2014 аз ҷудоиталабони шарқи Украина дар Донбасс пуштибонӣ кард.

Минтақаи таҳти раҳбарии Коломойский бо вилояти Донетск ҳаммарз аст. Дар ҷанги панҷсола миёни нирӯҳои ҳукуматии рӯ ба Киев ва ҷудоиталабони рӯ ба Маскав дар Донетск ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG