Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент ва мақоми СММ дар остонаи конфронси зидди терроризм


акс аз вебсайти president.tj
акс аз вебсайти president.tj

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков дар Душанбе масоили амниятӣ, муқобила бо терроризму маблағгузории он, ҷинояткории муташаккил ва шаклҳои нави фаъолияти гуруҳҳои террористӣ баррасӣ шуд. Ин мулоқот дар остонаи конфронси сатҳи байналмилалие доир шуд, ки ба мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ихтисос ёфтааст.

Ин нишаст рӯзи 17 май дар Кохи Сомон – маҷлисгоҳи калони ҳукуматӣ баргузор мешавад ва қарор аст дар кори он президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Дар барномаи конфронс гуфта шудааст, ки дар ин нишаст инчунин Владимир Воронков ҳам суханронӣ мекунад, ки раҳбарии дафтари СММ дар умури мубориза бо терроризмро ба ӯҳда дорад. Дар миёни ширкатдорони дигари конфронс вазири хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов, Афғонистон – Салоҳуддин Раббонӣ, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Владимир Норов, муовини вазири хориҷии Эрон Ғуломҳусейн Деҳқонӣ ва дигар мақомоти баландпоя хориҷӣ суханронӣ хоҳанд кард. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси СММ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG