Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои шиноснома ва истеъфои раиси КДАМ дар Қирғизистон


Идрис Қодирқулов
Идрис Қодирқулов

Музояда барои нашри "бланкаи шиносномаҳои биометрӣ" дар Қирғизистон моҷаро барангехт ва ба истеъфои раиси Кумитаи давлатии он кишвар сабаб шуд. Расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мегӯянд, КДАМ қазияро мунсифона таҳқиқ накард ва раҳбарияти он бештар манфиатҳои худро дунбол дошт.

Идрис Қодирқулов рӯзи 15-уми май эълон кард, ки аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон истеъфо дод ва раиси ҷумҳур низ онро пазируфт.

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар баёнияи расмӣ гуфтанд, "вақтҳои охир дар расонаҳо ва ҷомеа, бахусус расонаҳои ғайриҳукуматӣ баҳсҳои тунде ба миён омадааст. Онҳо мегӯянд, гӯиё ниҳодҳои КДАМ тафтиши ибтидоии парвандаи хариди бланкаи шиносномаҳои биометриро аз сӯи Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон бетарафона анҷом надоданд."

Дар баёнияи КДАМ гуфта мешавад, дар робита бо ин иттиҳомот изҳороти “чандкарата”-и матбуотӣ пахш шудааст ва нодуруст будани онро собит мекунад. Қодирқулов ҳам гуфт, онҳо чанд дафъа таъкид кардаанд, далелҳои кофӣ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳанд, масъулони Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон ҳангоми харид аз салоҳиятҳои худ сӯистифода кардаанд. Ӯ гуфтааст, ба хотири роҳ надодан ба хулосаҳои ғайривоқеӣ дар бораи таъсиргузориаш ба ҷараёни тафтишот, тасмим гирифт, аз мақом равад.

Моҷаро дар атрофи музояда

Дар бораи ҷузъиёти нави моҷаро Алина Шаикова, раиси пешини Хадамоти давлатии регистратсионӣ ё сайбти давлатии Қирғизистон суҳбат кард. Ин мақомдор, ки моҳи апрели имсол аз вазифа барканор шуд, гуфт, рӯзи 6-уми декабри соли 2018 ӯ ва мушовири президент Достон Догоевро раиси КДАМ Идрис Қодирқулов ба як тарабхона даъват кард.

Дар ҷараёни ин зиёфат гӯиё Қодирқулов ӯро бо чанд соҳибкори хориҷӣ шинос кард ва бо онҳо имкони дар дохили Қирғизистон таъсис додани пойгоҳи таҳияи санадҳои дорои аҳамияти давлатиро баррасӣ намуд.

Алина Шаикова
Алина Шаикова

Шаикова гуфт: “Дар ҷараёни ин мулоқот хоҳиши рӯйиросте садо надод. Вале воқеият ин аст, ки мулоқотро Қодирқулов ташкил кард ва дар ин нишаст соҳибкорони аврупоӣ иштирок карданд. Намояндагони ширкат омода буданд, ки шароити пешбурди тиҷорати худ дар Қирғизистонро баррасӣ кунанд. Вале тасдиқ карда наметавонам, ки ин мулоқот ба тафтишот рабт дорад, ё не. Инро бояд комиссияҳои вижаи ҷамъиятӣ ваё вакилони порлумон бисанҷанд”.

Баъди ин изҳороти собиқ раиси хадамот, КДАМ ҳам шарҳи худро нашр кард. Дар кумита тасдиқ карданд, ки “чекисти аршад” Қодирқулов воқеан ҳам мулоқоти раиси хадамот ва соҳибкорони швейтсариро ташкил карда буд.

Бар асоси изҳороти матбуотии КДАМ, соли 2014 ҳукумат як гурӯҳи байниидоравиро барои баррасии зарурати таъсиси як чопхонаи давлатӣ ташкил кард. Ба ин гурӯҳ Идрис Қодирқулов ҳам шомил буд. Дар чаҳорчӯби ин кор, ба ҳукумати Қирғизистон ширкати швейтсарии “КБА НотаСис С.А.” муроҷиат кард ва гуфт, дар доираи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонад дар таъсиси чопхонаи давлатӣ мусоидат кунад. Вале музокираҳои тӯлонӣ бенатиҷа анҷомид.

Дар ниҳоят, Идрис Қодирқулов ба намояндагони “КБА НотаСис С.А.” кумак кард, ки бо раҳбарияти хадамоти регистратсионӣ мулоқот кунад. Он замон Қодирқулов дигар узви гурӯҳи корӣ набуд, ба он хотир ки дар мақоми раиси КДАМ фаъолият мекард.

Роҳат Сулаймонов
Роҳат Сулаймонов

Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии КДАМ гуфт, ин мулоқот сирф бо ҳадафи пешбурди манфиатҳои давлат баргузор шуд. Ӯ гуфт, “дар ин мулоқот Догоев ва Шаикова баррасии мавзӯи таъсиси корхонаи истеҳсоли санадҳои давлатиро рад карданд. Аз ин хотир, изҳороти Шаикова дар бораи он ки гӯё Қодирқулов кадом манфиатҳои шахсии худро мехост амалӣ кунад, асос надорад. Ин танҳо талоши дигари беобрӯ кардани КДАМ дар чашми ҷомеа ва фирор аз масъулият аст”.

Чаро ин муҳим аст?

Моҷарои атрофи шиносномаҳои электронӣ дар Қирғизистон ду моҳ боз идома дорад. Дар тендер ё музоядаи таҳияи шиносномаҳои шакли нав ширкати литвонии “Гарсу Пасаулис” ғолиб омад.

КДАМ бар асоси тендери анҷомшуда аз рӯи моддаи “коррупсия” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва муовини раиси хадамоти регистратсионӣ Русланбек Сарибоев, дабири ин хадамот Дониёр Бакчиев ва раиси ширкати давлатии “Инфоком” Талант Абдуллоевро ба ҳабс гирифт. Раиси хадамот Алина Шаикова аз мақом барканор шуд.

КДАМ гуфт, онҳо иртиботи байни баъзе аз мақомдорони ҷудогонаи хадамот бо ширкати хориҷии ғолиби тендерро муайян карданд. Дар порлумон раиси КДАМ суханронӣ кард ва гуфт, дар бахши таҳияи шиносномаҳо як нақшаи коррупсионӣ амал мекард.

Вале баъди он ки номи худи раиси КДАМ дар робита бо ин моҷаро садо дод, талаби таҳқиқи дурустии иттиҳоми зидди Қодирқулов ҳам баландтар ба гӯш расид.

Эдил Байсалов
Эдил Байсалов

Коршиноси маҳаллӣ Эдил Байсалов мегӯяд, мудохилаи КДАМ ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ шакку гумонҳои зиёде эҷод мекунад: “Раиси КДАМ аслан наметавонад ба ташкили мулоқоти ғайрирасмӣ машғул шавад. Бигузор бо аъзои ҳукумат ваё раиси кадом сохторе дар дохили ҳуҷраи кории худ мулоқот кунад. Ӯ имкониятҳои зиёд дорад. Чаро Қодирқулов бояд Шаикова ва Догоевро ба як тарабхонаи гароннарх даъват карда, ба ҳайси миёнарав хидмат кунад? Як моҳ шуд, ки мегӯянд раҳбарияти хадамоти регистратсионӣ дар моҷарои марбут ба шиносномаҳо манфиати худро доштанд. Мегӯянд, ки соли фалон дар кадом як конфронс бо ҳам сари як дастурхон нишаста буданд. Агар ин хилофкорӣ бошад, пас, бояд худи Идрис Қодирқулов ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шавад”.

Эдил Байсалов мегӯяд, номи ширкати швейтсарӣ, ки Қодирқулов мулоқоти он ва раҳбарони хадамотро ташкил карда буд, дар робита бо моҷароҳои дигар дар кишварҳои хориҷӣ ҳам садо додааст.

Соҳибкоронро Ҷеенбеков ҳам қабул карда буд

Дар ҳамин ҳол, вакили порлумон Рискелдӣ Момбеков баъзе аз иттилои навро дар робита ба ширкати швейтсарӣ фош кард. Ӯ гуфт, бо намояндагони ин ширкат ӯ ва Қодирқулов ба ҳайси узви гурӯҳи кории “зарурати сохтмони чопхона” шинос шуда буданд.

Ӯ гуфт: “Раиси минтақавии “КБА НотаСис С.А.” дар Қирғизистон Михаил Полуяновро дар замони нахуствазир буданаш Сооронбой Ҷеенбеков ҳам ба ҳузур пазируфта буд. Он замон ман, Болсунбек Казаков, Ҷилдизбек Исоқулов ва Алӣ Қарашев бо таҷҳизоти ширкат шинос шудем. Онҳо ба таҳияи бланкҳо машғул нестанд, онҳо таҷҳизоти истеҳсолкунандаи бланкҳоро тавлид мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба назар мерасад, ки Алина Шаикова иттилоъро махсус хато баён мекунад, то ки таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашад”.

Бар асоси маълумоти боз ва дастрас, “КБА НотаСис С.А.” ба унвони корхонаи истеҳсолӣ ёд мешавад, ки дар бахши хадамоти чопӣ кор мекунад. ширкат соли 1952 дар Швейсария таъсис шудааст.

Соли 2018 ин корхона бо ширкати давлатии ОАО “Учқун” ёддошти ҳамкорӣ имзо кардааст.

XS
SM
MD
LG