Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодии дин дар Тоҷикистон -- 2019


Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодии дини байналмилалӣ (USCIRF) комиссияи мустақил ва дуҳизбии Ҳукумати федералии ИМА мебошад, ки ҳуқуқҳои озодии дин ва эътиқодро дар саросари ҷаҳон назорат мекунад.

USCIRF, ки дар мутобиқат бо Қонуни байналмилалии озодии дин аз соли 1998 (IRFA) ташкил шудааст ва стандартҳои байналмилалиро барои назорати нақзи озодии дин ё эътиқод дар хориҷа ба кор бурда, ба президент, котиби давлатӣ ва Конгресс оид ба масъалаҳои сиёсат тавсияҳо мекунад. USCIRF ниҳоди мустақил ва алоҳида аз Департаменти давлатии ИМА мебошад. Гузориши солонаи 2018 натиҷаҳои кори яксолаи кормандони ваколатдор ва мутахассисонро дар бар мегирад, ки кӯшиш кардаанд, нақзҳои дар маҳалҳо руйдодаро сабт карда, ба Ҳукумати ИМА тавсияҳои мустақили худро оид ба масъалаҳои сиёсат пешниҳод намоянд. Гузориши солонаи 2018 давраи аз январи 2018 то декабри соли 2018- ро фаро мегирад, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо ба баъзе рӯйдодҳои муҳимме низ ишора шудааст, ки пеш ё пас аз ин давра рух додаанд. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи USCIRF сомонаи онро дар инҷо бубинед ё бо USCIRF мустақиман ба рақами телефони 202-523-3240 тамос гиред.

Тоҷикистон

Хулосаҳои асосӣ: Дар соли 2018, шароити озодии дин дар Тоҷикистон ба мисли солҳои пешин боқӣ монд, Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба сиёсати таъқибот, пешгирии зуҳури диндории мардум, инчунин таъқиби ҷамоатҳои ақаллият, махсусан таъқиби гурӯҳҳои воқеӣ ва гумонбари Салафиҳоро идома дод. Мақомот ҷанбаҳои гуногуну мушаххаси эътиқоду бовари мардумро пайгирӣ карданд, аз ҷумла маросимҳои тӯй ва ҷанозаро маҳдуд карда, барои ришмонӣ ва ҳиҷобпӯшӣ маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ намуданд. Таҳсилоти олии динии исломӣ тақрибан пурра барҳам хӯрд ва дигаргуниҳои воридшуда ба Қонуни дини кишвар аз соли 2009 боиси баста шудани бештар аз 2000 масҷид дар давоми ду соли охир гардид. Зери пӯшиши мубориза бо ифротгароии динӣ, Ҳукумат ба шиканҷаи аъзои собиқи ҳизби мамнӯъи ҲНИТ идома дода, аъзои собиқи қатории ҳизбро маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ кардааст ва истирдоди элитаи собиқро аз хориҷа дархост мекунад; мавҷудияти қонунии ҳизби ҲНИТ як бахши созишномаи сулҳи пасазҷангӣ буд.

Бар асоси ин нигарониҳо, USCIRF бори дигар дар соли 2019, тавре ки аз соли 2012 ин тараф ҷой дорад, Тоҷикистонро мувофиқи IRFA ба сифати “кишвари боиси нигарониҳои хос” ё CPC муайян мекунад. Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ҳамчун кишвари CPC бори аввал моҳи феврали соли 2016 ва ахиран бори дигар моҳи ноябри соли 2018 муайян карда буд. Бо вуҷуди ин, Департаменти Давлатӣ фавран ҳамагуна таҳримҳои марбутаро нисбати Тоҷикистон “тавре ки манфиати муҳими миллии ИМА тақозо мекунад” лағв кард. USCIRF тавсия медиҳад, ки Департаменти Давлатӣ мувофиқи IRFA дубора Тоҷикистонро ҳамчун кишвари CPC таъйин ва ин лағвро бекор кунад.

Тавсияҳо ба Ҳукумати ИМА

• Шарт кардани кӯмакҳои ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба ғайр аз кӯмакҳои марбут ба беҳсозии шароитҳои инсонӣ ва пешбурди ҳуқуқи башар, кӯмак оид ба ислоҳоти Қонуни дин аз соли 2009 ва беҳтар кардани шароитҳои озодии дину эътиқод;

• Кор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳангоми чорабиниҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) дар мубориза бо терроризм, бояд танқиди хусусӣ ва ҷамъиятии рӯйкарди Тоҷикистонро ба масъалаи танзими дин ва мубориза бо терроризм фаро гирад – аз ҷумла гурӯҳи террористӣ эълон кардани ҲНИТ;

• Дар баландтарин сатҳҳо пофишорӣ ва талаб кардани озодии фаврии шахсоне, ки барои мансубияти мазҳабӣ ё фаъолиятҳои амни динияшон зиндонӣ шудаанд ва водор намудани Ҳукумати Тоҷикистон ба муносибати инсондӯстона нисбати маҳбусон, иҷозат додани дастрасии онҳо ба оилаҳои худ, нозирони ҳуқуқи башар, хидмати муносиби тиббӣ ва вакилони мудофеъ, инчунин фароҳам кардани имконият барои иҷрои фароизи динӣ; ва

• Боварӣ ҳосил намудан, ки ИМА маблағгузории Радиои Озодиро вобаста ба мутобиқати он бо меъёрҳои байналмилалии объективии рӯзноманигорӣ идома медиҳад, то ки нашри маълумоти ғайрисензурӣ дар бораи воқеаҳои дохилии кишвари Тоҷикистон, аз ҷумла воқеаҳои марбут ба озодии дин, идома ёбад;

-------------

Замина

Тоҷикистон

Номи пурра: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукуматдорӣ: Ҷумҳурии президентӣ

Аҳолӣ: 8,604,882

Дин ва мазҳабҳои аз ҷониби давлат ба расмият шинохташуда: ба таври техникӣ давлати дунявӣ бо озодии комили дин аст. Дар ҳақиқат, дини исломи суннии ҳанафӣ ва дини насронии православии русӣ аз авлавияти давлат бархурдоранд ва дар навбати хеш таҳти назорати пурзӯр қарор дошта, маҳдуд шудаанд.

Демографияи динӣ*: 90% мусулмонон (86% суннӣ ва 4% шиа) 10% мазҳабҳои дигар (аз ҷумла, русҳои православӣ, протестантҳо, католикҳо, шоҳидони Яҳува, буддоиҳо, яҳудиён ва баҳоиён)

*Арзёбиҳо аз Китоби фактҳои ҷаҳонии СРУ (CIA) ва Департаменти Давлатии ИМА гирифта шудаанд.

--------------

Тоҷикистон як кишвари дурдасту қашшоқшудаест ва аз соли 1992 ба ин сӯ аз ҷониби Президент Раҳмон, ки қудратро дар дасти оилаи худ нигоҳ медорад, идора мешавад; дар моҳи январи соли 2017 Президент Раҳмон писари худро раиси пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе таъин кард. Дар солҳои 1990 Тоҷикистон ҷанги панҷсолаи шаҳрвандиро паси сар кардааст, ки дар натиҷаи он беш аз 100000 нафар ҷон бохтаанд; авфи пасазҷангӣ бисёре аз мансабдорони расмии кишварро дар бар мегирифт, ки ба истифодаи шиканҷа масъул дониста шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон сусту хеле фасодзада аст, 40 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро маблағҳои пулии фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия ташкил медиҳад.

Муҳити ҳуқуқии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон пас аз қабул ва амалӣ шудани як қатор қонунҳои бениҳоят маҳдудкунанда дар соли 2009 ба таври назаррас бад шуд. Аз ҷумла, Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ барои гурӯҳҳои мазҳабӣ талаботҳои сахти бақайдгирӣ ҷорӣ кардааст; мувофиқи он фаъолиятҳои мазҳабии ба қайд гирифта нашуда, таълимоти хусусии динӣ ва таблиғоти динӣ (прозелитизм) ҷурми ҷиноӣ маҳсуб шудааст; дар бобати миқдор ва андозаи масҷидҳо маҳдудияти сахт ҷорӣ кардааст; дар таъини имомон ва мӯҳтавои хутба дахолати давлатро иҷозат медиҳад; аз ташкилотҳои динӣ барои таъмини омӯзиши динӣ ва робита бо ҳаммазҳабони хориҷӣ иҷозати расмӣ дархост менамояд; бар рӯи мӯҳтаво, нашр ва воридоти маводҳои динӣ назорати давлатӣ ҷорӣ шудааст. Гурӯҳҳои хурди протестантӣ ва дигар гурӯҳҳо зери фишори талаботҳои бақайдгирӣ мақоми расмӣ ба даст оварда наметавонанд.

Тағйиротҳое, ки дар соли 2011 ва 2012 ба Кодекси ҷиноӣ ва маъмурӣ ворид шуданд як қатор ҷазоҳои нав, аз ҷумла ҷаримаҳои калон ва мӯҳлатҳои зиндон барои иттиҳомоти марбут ба дин, ба монанди ташкил ё иштирок дар ҷамъомадҳои “иҷозатнашудаи” диниро муайян намудааст. Барои ташкилкунандагони эҳтимолии “гурӯҳҳои омӯзишии ифротии динӣ” аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон муқаррар шудааст. Қонуни соли 2011 оид ба масъулияти падару модарон, иштироки ноболиғон дар ҳама гуна фаъолиятҳои муташаккили динӣ, ба ҷуз маросими ҷанозаро манъ мекунад. Ба ғайр аз ин, дар Қонуни Тоҷикистон тавсифи дақиқи ифротгароӣ мавҷуд нест ва аксари мавридҳо боздоштҳо худсарона анҷом мегиранд. Фаъолиятҳои ифротгароӣ, террористӣ ва ё инқилобӣ бидуни амалҳое, ки боиси хушунат ё таҳрика ба зӯроварӣ ҳастанд, муҷозот мешаванд. Дар мурофиаҳои судии ин гуна иттиҳомот додрасии боадолатона ва кафолатҳои мурофиавӣ мавҷуд нестанд. Ҳукумати Тоҷикистон нигарониҳояш оид ба ифротгароии исломиро барои асоснок намудани амалҳои худ бар зидди шахсоне, ки дар фаъолиятҳои муайяни динию сиёсӣ иштирок мекунанд, истифода мекунад. Ҳарчанд мавҷудияти ҲНИТ, ягона ҳизби сиёсии расмии исломии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, як шарти созишномаи сулҳи пасазҷангӣ буд, дар моҳи сентябри соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон онро ҳамчун гурӯҳи ифротгаро манъ кард. Саркӯб кардани ҲНИТ аз ҷониби давлат бо кӯшишҳои он барои таъқиби фаъолиятҳои динии исломӣ марбут мебошанд; ин ҳизб ба эҳтиром кардани сарқонуни дунявӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии озодии дин даъват мекард, инчунин ба маҳдудиятҳои ришмонӣ, ҳиҷоб ва намозгузории кӯдакон дар масҷидҳо мухолифат нишон медод.

Дар соли 2018, вуқӯъи ду ҳодисаи муҳимми амниятӣ ба ҳукумат барои саркӯби бештари озодии динӣ дар кишвар баҳонаи бештар дод. Аввал, дар моҳи июли соли 2018, гурӯҳи шаҳрвандони тоҷик бо майлу гаравиш ба Давлати Исломӣ, ба гурӯҳи дучархасаворони хориҷӣ дар вилояти Хатлон ҳамла карда, чор нафари онҳо, аз ҷумла ду шаҳрванди ИМАро дар яке аз ҳамлаҳои камтарини террористии дохили кишвар дар солҳои охир куштанд. Сипас, дар моҳи ноябри соли 2018, дар маҳбаси назораташ шадид, дар наздикии шаҳри Хуҷанд ошӯби маҳбусон рух дод, ки дар шумори маҳбусони ин маҳбас нафарони зиёди маҳкумшуда бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ низ ҳастанд. Ҳукумат марги 21 маҳбус ва 2 нозири маҳбасро эълон кард, дар ҳоле ки маълумоти ғайрирасмӣ рақами калонтареро ироа карда, дар онҳо 50 маҳбус ва 6 нозир зикр мешавад. Ба маҳбусони кушташуда хондани ҷаноза манъ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон воқеаи аввалро, бо вуҷуди он ки Давлати Исломии Ироқу Шом (ISIS) масъулияти онро ба худ гирифт, бо ҲНИТ марбут донист, аммо дар мавриди ҳодисаи дуюм даъвои ДОИШ-ро инкор накард. Баъзе мушоҳидагарон ба он дараҷае, ки ин ошӯб аз ҷониби террористон ташкил ва амалӣ шуда бошад, шак доранд ва бештар ба маълумоти мӯътамаде такя мекунанд, ки ин ошӯб аксуламали худбахудие ба шароити сахти зиндонҳо, аз ҷумла мавридҳои шиканҷаҳои эҳтимолӣ аст,

Шароити озодии дин дар соли 2018

Мурофиаҳо ва ҳабси мусулмонон: Нигарониҳо оиди амният ва терроризм дар Тоҷикистон воқеӣ мебошанд. Ҳукумат тахмин мекунад, ки таи солҳои ахир бештар аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи ДОИШ пайвастаанд. Ҳарчанд, ҳукумат ин хавфи худро барои таъқиби мухолифони сиёсӣ, танқидкунандагони ҳукумат ва гурӯҳҳои мазҳабии иҷозатнашуда истифода мекунад. Танҳо дар соли 2017, дар додгоҳҳои вилояти Суғд парвандаи 257 шаҳрванди кишвар бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шудааст.

Дар соли 2018, ба монанди солҳои пешин, як идда таъқиботи судии Ҳукумати Тоҷикистон, таъқиботи тарафдорони ҳам воқеӣ ва ҳам гумонбари Салафия буд. Истилоҳи Салафия ба таври техникӣ, ба маҷмӯи боварҳо ва таҷрибаҳои асосие, ки аввалан дар нимҷазираи Арабистон ва Миср байни асрҳои XVIII ва XX ташаккул ёфтааст, ишора мекунад. Дар Тоҷикистон, ин истилоҳ ба таври густурда ишора ба таҷрибаҳо ва назарияҳоест, ки “бегона” ё берун аз таълимоти мактаби ҳанафии ислом аст. Аз соли 2009, Салафия ҳамчун “ҷараёни ифротгаро” мамнӯъ эълон шудааст ва ба ин тартиб, танҳо амали иҷро шудани маросими мусулмонӣ берун аз урфу одати мактаби ҳанафӣ фаъолияти ҷиноӣ маҳсуб мешавад, новобаста ба он ки шахс Салафӣ бошад ё хайр. Барои маҳкум ба Салафӣ шудан танҳо ҳамин кофист, ки амали исломӣ берун аз маҳал ва замони аз тарафи давлат муайяншуда иҷро шавад. Барои маҳкум ба чандин соли зиндон шудан ба Салафиён ҳеҷ гуна таблиғот, омодагӣ ё анҷоми хушунат лозим нест. Дар соли 2018, ҳадди ақал 12 нафар бо ҷурми Салафӣ будан зиндонӣ шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон боздошти Парвиз Турсуновро дар Беларус бо ҷурми ифротгароӣ ва Салафӣ будан ташкил намуд; бозингари касбии собиқи футбол соли 2011 аз тарошидани риш саркашӣ кард ва сипас кишварро тарк намуд. Ҳарчанд кишвари Беларус истирдоди Турсуновро рад кард. Мардоне, ки вақти худро берун аз кишвар, махсусан дар кишварҳои халиҷи Форс гузаронидаанд, бештар таҳти шубҳа қарор мегиранд. Моҳи декабри соли 2018, Мухтадӣ Абдулқодирови 36 сола, ҷияни Раиси Шӯрои Уламо, шӯрои нимарасмии масъул ба хутбаву таълимот, ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон пас аз чор соли муҳоҷирати корӣ дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди он ки бинобар гуфтаҳо бо дархости мақомоти Кумитаи миллии амният “тавбанома” навишта буд ва ба ӯ авф пешниҳод карда буданд, боздошт шуд.

Ҳукумат махсусан ба хатибони намозгузор шакку шубҳа дорад, ки дар хориҷа омӯзиш ёфтаанд, ҳатто ба онҳое ки муддатҳо аз ин пеш ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ба номашон ҳеҷ қайди хушунат ё таҳрика ба ифрогтароӣ нашудааст. Масалан, дар моҳи апрели соли 2018, Абдулло Сайдуллоев, имомхатиби масҷиди Сарисангии Хуҷанд, барои намозгузорӣ ба “равиши Салафиён” ва тарғиби Салафия ба муддати шаш сол дар маҳбаси режимаш сахти меҳнатӣ муҷозот шуд. Дар натиҷаи тафтиши манзили ӯ ба ном “адабиёти ифротгароӣ” пайдо шуд ва ду бародари ӯ низ ба Салафӣ будан гумонбар шуданд.

Саъдуллоев пеш аз бозгашт ба Хуҷанд, дар масҷиди Ал-масҷид ан-набавии шаҳри Мадина, Арабистони Саудӣ аз соли 2004 то 2006 омӯзиш гирифтааст. Моҳи марти соли 2018 шаш нафар имомхатиби вилояти Суғд низ боздошт шуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар Мадина омӯзиш гирифта, ба қавле дар солҳои 1990 ба ҷунбиши Бародарони мусулмон ҳамроҳ шуда будаанд.

Аз соли 2014 ин тараф, Ҳукумати Тоҷикистон ҷангҷӯёни ДОИШ ва дигар шахсони ба ифротгароӣ гумонбаршударо, ки ихтиёран ба ватан баргаштаю тавба мекунанд, авф мекунад. Моҳи июли соли 2018 ҳукумат чунин шартҳоро ба сиёсатмадорони мухолиф, ба монанди се узви Гурӯҳи 24, гурӯҳи дунявии мухолиф, пешниҳод кард. Ҳарчанд равшан нест, ки оё ҳукумат пас аз бозгашти онҳо ба ваъдаи авфи додааш вафо кард ё не. Ин ҷараён маҷмӯи нодурусти омилҳоро ба вуҷуд меорад: шояд як қотили собиқ тавонад ба Тоҷикистон бе ягон муҷозот баргардад, дар ҳоле ки татбиқи қонун дар бораи ифротгароӣ боис мешавад, нафаре барои баромад тавассути интернет ба ҳабс гирифта шавад, ки шояд он амал танҳо баёни шавқмандии ӯ барои пайвастан ба гурӯҳи ифротгаро бошаду бас.

Таъқиботи ҲНИТ: Аз замони манъ шудани ҲНИТ дар соли 2015 тақрибан 150 нафар аъзои аоқеӣ ё гумонбари он боздошт шуданд ва гузориш мешавад, ки ҳадди ақал 1000 нафар кишварро тарк карданд; Ҳукумати Тоҷикистон ба истирдоди онҳо, махсусан тавассути “огоҳии сурх”-и ИНТЕРПОЛ (огоҳӣ дар бораи он ки шахс дар кишвари узв таҳти ҳукми боздошт қарор дорад) пофишорӣ мекунад ва вакилони мудофеи ҲНИТ ба муддатҳои тӯлонӣ ҳукми ҳабс шудаанд. Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кишвари номаълуми Аврупои ғарбӣ паноҳандагии сиёсӣ ба даст овардааст, иддао кардааст, ки иттиҳомоти ифротгароӣ алайҳи ҳизби ӯ сохта мебошанд ва ангезаи сиёсӣ доранд. Моҳи сентябр, дар Варшава, Кабирӣ раиси иттиҳоди нави сиёсӣ, Паймони Миллии Тоҷикистон интихоб шуд, ки аз эътилофи чор ҳизби мухолифи табъидшуда, аз ҷумла ҲНИТ, ташкил ёфтааст ва ҷонибдории худро ба давлати дунявӣ ва демократӣ шудани Тоҷикистон таъкид намуд. Моҳи октябри соли 2018, Кабирӣ ғоибона ба муддати иловагии номаълуми ҳабс маҳкум шуд. Оилаи Кабирӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз ҷониби мақомоти расмӣ таҳти муҷозоти хурду бераҳмона қарор мегирад. Моҳи феврали соли 2018, набераи чорсолаи Кабирӣ бо бемории саратон ташхис шуд, аммо ба ӯ иҷозати сафар ба хориҷи кишвар бо мақсади табобат дода нашуд. Азбаски вазъи саломатияш бадтар шуд, танҳо баъди дархостҳои интернетӣ, ҳимояти рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҳуқуқи башар, муроҷиатҳои табибони хориҷӣ Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дод, ки ӯ моҳи август барои ҷарроҳии фаврӣ ба Туркия сафар кунад.

Дар соли 2018, ҳабс ва таъқиби роҳбарони собиқ ва аъзои қатории ҲНИТ идома ёфт. Дар моҳи феврали соли 2018, собиқ узви аршади ҲНИТ, соҳибкор Нӯъмонҷон Шарипов мувофиқи гузоришҳо ба таври “иҷборӣ ва ғайриқонунӣ” аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд, ки дар он ҷо бо “хатари ҳақиқии” шиканҷа рӯбарӯ шудааст. Намояндагони консулгарии Тоҷикистон ба чойхонаи ӯ дар шаҳри Истанбул ҳузур оварда, аз ӯ хостаанд, ки ихтиёрӣ ба ватан баргардад ва ваъдаи амнияту дастгирии молӣ додаанд. Дар ҳақиқат, пулиси Туркия бо дархости Ҳукумати Тҷоикистон Шариповро боздошт намуд ва намояндагони консулгарии Тоҷикистон ӯро аз боздоштгоҳ гирифта маҷбурӣ ба ҳавопаймои равона ба Душанбе савор карданд ва онҷо ӯ дастгир шуд.

Шаҳрвандони тоҷик ҳатто ҳангоми сӯҳбат дар бораи ҲНИТ дучори хавфи ҳабсу боздошт мешаванд: моҳи апрели соли 2018, чор ҷавонмарди тахминан сисола дар шаҳри шимолии Истаравшан барои ба қавле баҳс дар бораи ҲНИТ ва дастгирии идеяҳои он дар чойхона, ба шаш соли ҳабс маҳкум шуданд. Моҳи май марди тоҷик барои тамошо, писандидан ва ба мушорикат гузоштани видеоҳои бархати ҲНИТ ба муддати нӯҳу ним сол маҳкум ва ҳабс шуд.

Моҳи июли соли 2018, чор нафар дучархасавори хориҷӣ аз ҷониби ҷавонмардоне, ки ба ДОИШ гароиш доштаанд, дар яке аз ҷиддитарин амалҳои террористии дохилӣ дар таърихи Тоҷикистон кушта шуданд. Ҳарчанд ДОИШ масъулияти кушторро ба худ гирифт, Ҳукумати Тоҷикистон гуноҳро ба номи ҲНИТ пайваст кард.

Маҳдудиятҳо нисбати мусулмонон: Ҳукумати Тоҷикистон фаъолиятҳои динии исломиро дақиқан назорат карда, ҳатто хурдтарин ҷузъиётҳоро, ба монанди шахсият, синнусол, замон, макон ва тарзи баёни эътиқоди динӣ танзим мекунад. Қонуни дин аз соли 2011 намозгузории мусулмононро дар чаҳор ҷой маҳдуд мекунад: масҷидҳо, қабристонҳо, хонаҳо ва мазорҳо. Кумитаи оид ба корҳои дин интихобу нигоҳдории имомон ва мӯҳтавои хутбаҳои намозро назорат менамояд. Ҳукумат маоши имомхатибонро дар масҷидҳои ҷомеъ пардохт мекунад; ин масҷидҳо танҳо масҷидҳое мебошанд, ки давлат намозгузориро дар он ҷо иҷозат медиҳад (хутбаҳои намоз қаблан аз ҷониби Шӯрои нимарасмии уламо таҳия мегардад). Қонун талаб менамояд, ки садои азон бояд танҳо дар ҳудуди масҷид шунаво бошад; дар аксари масҷидҳо дурбинҳои назоратӣ мавҷуданд, ки давлат онҳоро насб ва назорат мекунад. Дар соли 2018, ҳукумат чорабиниҳои таъқибро бар зидди либоспӯшӣ, ришмонӣ ва маросимҳои умумии гӯё решаҳои бегонадошта идома дод. Бисёрии ин сиёсатҳо дар нутқи президент Раҳмон дар моҳи июли соли 2017 асоснок шуданд ва силсилаи ислоҳҳои баъдӣ, ки ба қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ворид карда шуд, доираи васеи маросимҳои марбут ба ҷашнҳои арӯсӣ, ҷаноза, таваллуди навзод, инчунин либоспӯшии исломиро танзим мекунад. Мамнӯъиятҳои зиёде дар ташкили зиёфатҳо ё ошҳои наҳор, ки маъмулан ба дӯстон, хешовандон ва ҳамсоягон дар маросимҳои муҳимми ҳаётӣ, ба монанди ҷашнҳои арӯсӣ, хатнасур ё гаҳворабандон дода мешавад, ҷорӣ шудаанд. Ин мамнӯъиятҳо дар якҷоягӣ ҷашнҳоро манъ мекунанд ё миқдори меҳмонони даъватшуда, хӯрокҳои пешкашшаванда, чорвои қурбонишуда, дарозии мизҳои оросташуда, инчунин хидматҳои дигар ба монанди ходимони маъракаро маҳдуд мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон назорати на танҳо он ҷанбаҳое, ки робитаи эҳтимолӣ ба ифротгароии хушунатбор доранд, балки ҳар як ҷанбаи ҳаёти диниро дар назар гирифтааст. Дар Тоҷикистон, ба монанди якчанд кишварҳои пасошӯравии дигар, ба тамоми таҷрибаҳои динӣ ҳамчун хатари эҳтимолӣ муносибат мешавад, ки давлат онро мутаносибан назорат ва танзим мекунад. Мувофиқи гуфтаи як фаъоли ҳуқуқи башар, “Масҷидҳо дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ нестанд ва ба як навъ агентии давлатӣ мубаддал шудаанд. Имомон, тавре ки маълум аст, тамоми маълумот дар бораи ҷамоати масҷидро ба агентиҳои давлатӣ паҳн мекунанд.”

Ба ҳоҷиёни баргашта аз зиёрати Макка, ҷашн гирифтани ҳаҷҷи қабулшудаашон бо ҷамоати худ манъ аст; танҳо одамони синнашон аз 40 боло ба ҳаҷ рафта метавонанд. Тағйиротҳо ба Қонуни анъана як навъ заминаи ҳуқуқиро барои чорабиниҳои таъқиби занони ҳиҷобпӯш ва ӯҳдадор кардани ҳамаи шаҳрвандон ба пӯшидани “либоси миллӣ” фароҳам кардааст.

Танзими тақводории умумӣ дар соли 2018 аз ҷониби давлат идома ёфтааст. Форум 18 гузориш дод, ки ба занони ҳиҷобпӯш дар истихдом ва хидмати тиббӣ рад кардаанд. Инчунин, донишгоҳҳо риш ва ҳиҷобро манъ карда, милисаи Душанбе ба таври мунтазам ба тафтиши мактбаҳо меравад. Дар моҳи сентябри соли 2018, милиса дар яке аз роҳҳои беруни шаҳри Душанбе посгоҳ ҷойгир намуда, мошинҳоро аз ҳаракат бозмедошт ва тақозо мекард, ки мардон риши худро тарошанду занон ҳиҷобашонро кашанд. Бино бар гузориш ахбор, ҷавонмардони ришдор ағлаб то замоне ки ба тарошидани риши худ розӣ нашаванд, наметавонанд шиноснома гиранд.

Ҳарчанд чорабиниҳои маҳдудкунии тақводории мардум фарогир буданд, қонунӣ будани онҳо шаффоф нест ва иҷрои он ҳам нобаробар аст. Ҳиҷоб ва риш бештар дар шаҳрҳои асосии Тоҷикистон манъ мешавад, ҳатто, дар охирҳои моҳи октябри соли 2018, мувофиқи гузоришҳо котиби матбуотии вазири корҳои хориҷӣ тасдиқ кардааст, ки ҳеҷ қонуни расмие, ки риш ва ҳиҷобро манъ мекунад, вуҷуд надорад. Азбаски моддаи Қонуни анъанаи либоси миллӣ ҳеҷ гуна муҷозоти муайянро барои риоя нашудани қонун таъйин намекунад, Дафтари Додситони кул водор шуд, ба таври расмӣ эътироф намояд, ки ҷаримаҳо ғайриқонунӣ ситонида шудаанд. Дар айни замон, иҷрои ҷанбаҳои дигари Қонуни анъана, ба монанди танзими маросиму ҷашнгириҳо номуназзам буда, мантиқи он равшан нест. Масалан, моҳи октябри соли 2018, зани ҷавоне барои риоя накардани Қонуни анъана ба маблағи 530 доллари ИМА ҷарима шуд, зеро ӯ 25 солагии худро дар яке аз тарабхонаҳои Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои қадимии Тоҷикистон ҷашн гирифта буд. Нозирони хориҷӣ ҳадс мезананд, ки чунин қонунҳо барои мақомоти расмии маҳаллӣ баҳонае барои ситонидани ҷарима ва дарёфти маблағ аст.

Илова бар ин, барои таҳсилоти динӣ иҷозатномаи давлатӣ лозим аст ва ҳарду волидайн бояд барои иштироки фарзандашон иҷозати хаттӣ диҳанд. Қонун инчунин барои дарёфти таълимоти динӣ дар хориҷа иҷозати давлатӣ тақозо карда, идомаи таҳсил танҳо пас хатми таҳсилоти динӣ дар Тоҷикистон имконпазир аст. Танҳо масҷидҳои ҷомеъ метавонанд гурӯҳҳои таълимӣ ташкил диҳанд. Аз замони басташавӣ дар соли 2016, фаъолияти мадрасаҳо барои таълими 16-18 солаҳо манъ шудааст. Моҳи январи соли 2018, тағйиротҳои воридшуда ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ аз соли 2009, талаботҳои сахтгиронаи нав дар бораи даромади масҷид, моликият, ходимон, маошҳо ва маълумоти шахсии намозгузоронро ҷорӣ намуд. Ба ҳамин тартиб, дар соли 2018, бори дигар сатҳи дониши динии имомхатибон барои таъйини дубора ба ҳайси пешвони маънавӣ санҷида шуд. Ин ҷараён ба давлат имкон дод, ки аъзои рӯҳонии нохоста, аз ҷумла 16 нафарро аз вилояти Суғд барканор кунанд.

Ақаллияти ҳаҷман хурди мусулмонҳои шиа ба таври умумӣ аз ҷониби давлат таҳаммул мешаванд, ҳарчанд таҳти ҳамон дараҷаи назорати расмие қарор доранд, ки нисбати сунниҳои кишвар анҷом мегирад. Бо ин вуҷуд, дар соли 2018 баъзе нишонаҳои таниш мушоҳида шудааст. Давоми тобистон, ходими калони Академияи Илмҳои Тоҷикистон мақолаеро бо даъвои он ки аъзои ҲНИТ ба исломи шиа гаравидаанд ва он “дини бегона” аст, чоп намуд. 2 июли соли 2018, мақола, ки дар он инчунин ба алоқаи шадиди ҲНИТ ба Эрон ва инқилоби исломии он ишора мешуд, дар агентии миллии иттилоотии “Ховар” дубора чоп шуд.

Муносибат бо намояндагони ғайримусулмон: Ҳарчанд дар соли 2018 дар муқоиса бо солҳои пешин миқдори нисбатан ками ҳабсу боздошт ва бадрафторӣ дар ҳаққи масеҳиён ба назар расидааст, равшан нест, ки ин нишонаи тағйири сиёсат бошад. Ба монанди ҳукуматҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди гурӯҳҳои ақаллияти масеҳӣ, махсусан дар робита бо прозелитизм шакку шубҳа дорад. Нисбати пайравони мазҳаби Шоҳидони Яҳува, ки дар соли 2007 зоҳиран барои изҳори “норизоятӣ” ва худдорӣ аз хидмати ҳарбӣ бо сабаби эътиқоду дин манъ шуда буд, бадрафторӣ дар мактабҳою ҷойи кор ва таҳдидҳо дар маҳбасҳо идома ёфтаанд. 5 октябри соли 2018, 18 нафар пайрави Шоҳидони Яҳува, аз ҷумла занону кӯдакон, аз ҷониби хадамоти амниятии тоҷик боздошт ва давоми чанд соат бозпурсӣ шуданд. Дар давраи пас аз ин гузориши солона, дар моҳҳои январ ва феврали соли 2019, ҳамин гуна ҳолатҳо бо 18 пайрави Шоҳидони Яҳува гузориш шудааст. Гуфта мешавад, ки як зан давоми 14 соат бозпурсӣ шудааст, ки боиси дучори сактаи мағзӣ ва фалаҷ шудани ӯ гаштааст. Дар моҳи декабри соли 2018, милиса ба зидди Муҳибахон Исанова, пайрави Шоҳидони Яҳува, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин зан аз муаллими писари ҳаштсолааш, ки ӯро таҳқир мекардааст, шикоят бурда буд. Дар ҳоле ки таъқибот маъмулан бо тафтишоти ногаҳонӣ, ҷаримаҳо ва боздоштҳои муваққатӣ анҷом меёбанд, масеҳиён ба муддатҳои тӯлонитари ҳабс низ маҳкум шудаанд. Моҳи июли соли 2017 Баҳром Холматов, роҳиби протестантии калисои Сонмин Сонбогум воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бо иттиҳомоти ифротгароӣ ҳангоми ибодат, сароидани “навоҳои ифротгароӣ” ва “ангезиши адовати динӣ” ба се соли зиндон маҳкум шуд. Мувофиқи гуфтаҳои оилаи Холматов, давоми бештар аз чор моҳ ба ӯ иҷозати дидор бо оила ва дарёфт кардани мукотибаҳояш дода нашуд. Моҳи декабри соли 2018, Форум 18 гузориш дод, ки Холматов аз ҳама гуна шикояти минбаъда дар парвандаи худ даст кашидааст.

Дар Тоҷикистон тахминан 1000 пайрави фирқаи баҳоӣ ба сифати ҷамоати шинохташудаи мазҳабӣ ба қайд гирифта шудаанд ва имкони ибодаткунӣ доранд. Бо ин ҳама, дар соли 2018 баъзе аъзои ин фирқа дар бораи хушунат дар ҷомеаи Тоҷикистон ба таври умумӣ дарак доданд, ки дар ин амалҳо тамоюли афзоишёбандаи тавъам додани миллияти тоҷик бо исломи суннӣ ба назар мерасад.

Дар моҳи декабри соли 2018, хадамоти гумруки фурудгоҳи Душанбе 5000 нусха тақвими баптистиро бо оятҳои сабтшудаи Аҳди нав нобуд карданд. Тақвимҳо пас аз арзёбии “мутахассиси забоншинос” аз Вазорати фарҳанг ҳамчун маводи дорои “тарғибот”-и “мазҳаби бегона” мусодира карда шуданд.

Зиндонӣ шудани онҳое, ки бинобар боварҳои мазҳабияшон аз хидмати ҳарбӣ худдорӣ мекунанд: Тоҷикистон худдорӣ аз хидмати ҳарбиро бинобар боварҳои мазҳабӣ истисно намекунад. Моҳи апрели соли 2018 шоҳиди Яҳува Даниил Исломов, пас аз шаш моҳи маҳбас бо ҷурми дасткашӣ аз хидмати ҳарбӣ аз зиндон озод шуд.

Сиёсати ИМА

Тоҷикистон бинобар доштани сарҳади муштараки тӯлонӣ бо Афғонистон ва бо он сабаб, ки тоҷикон гурӯҳи калони қавмӣ дар Афғонистон мебошанд, аз ҷиҳати стратегӣ барои ИМА муҳим аст. ИМА аз соли 2010 ба ин тараф ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон густариш дод, то ин ки борҳои худро бо роҳи заминӣ тавассути шабакаи тақсимотии шимолӣ интиқол дода тавонад, дар ҳоле ки хуруҷи низомиёни НАТО ва ИМА аз Афғонистон идома дорад. Тоҷикистон ба вуруди Қувваҳои амалиётии махсуси ИМА ба қаламрави худ, дар асоси баррасии ҳар як мавриди мушаххас ҳангоми иҷрои амалиётҳои зиддитеррористӣ, иҷозат додааст. Иёлоти Муттаҳида ба сарҳадбонон ва неруҳои махсуси тоҷик омӯзиши зиддитеррористӣ ташкил кардааст.

Моҳи июли соли 2018, ҳайати ИМА дар ҳамоиши вазирони гурӯҳи C5+1 дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд иштирок кард, ки дар он вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА барои баррасии масъалаҳои чандҷониба, аз ҷумла эҳтироми озодиҳои асосӣ ҷамъ омаданд. Ҳенрӣ Эншер (Henry Ensher), ҷонишини ёвари Котиби Давлатии ИМА Гурӯҳи кории амниятиро дар ҳамоиши Тошканд роҳбарӣ кард. Аз соли 2010 ба ин тараф, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон масоили сиёсати дуҷониба ва кӯмаки иқтисодиро дар Машварати дуҷонибаи солона (ABC) мавриди муҳокима қарор додаанд. Пас аз танаффус дар соли 2017, ABC кори худро дар Душанбе моҳи октябри соли 2018 бо кӯмаки ҳайъати ИМА таҳти роҳбарии Эмилия А. Пума (Emilia A. Puma), ҷонишини ёвари Котиби Давлатӣ оид ба Осиёи Марказӣ, матбуот ва дипломатияи умумӣ барқарор кард. Эмилия А. Пума нигарониҳои ИМА-ро оид ба ҳуқуқи башар ва озодии матбуот дар Тоҷикистон изҳор намуд.

Моҳи ноябри соли 2018, Департаменти Давлатӣ дубора Тоҷикистонро ҳамчун кишвари CPC таъйин кард. Ҳарчанд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамкориҳои ҷории Тоҷикистон бо ИМА дар масоили амниятӣ, Департаменти Давлатӣ қабули ҳама гуна иқдомро дар натиҷаи таъиноти CPC ва дар мутобиқат бо “манфиати миллии ИМА” лағв кард.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG