Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик Русияро ба Додгоҳи аврупоӣ кашид. ВИДЕО


Сулаймон Саидов мегӯяд, ҳар сол барои табобати чашми худ ба садҳо ҳазор рубл ниёз дорад.
Сулаймон Саидов мегӯяд, ҳар сол барои табобати чашми худ ба садҳо ҳазор рубл ниёз дорад.

Сулаймон Саидов, шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон, аз рӯйи ҳукумати Русия ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон шикоят карда, товон хостааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия гуфтаанд, дар расидагӣ ба парвандаи ӯ қонун муроот шудааст.

Сулаймон Саидов мегӯяд, дар ҳоле ки се сол пеш барои "тоҷик" ва "сарсиёҳ" будан мавриди ҳамла қарор гирифт ва аз як чашм маҳрум шуд, додгоҳҳои Русия инро як "амали авбошӣ" донистаанд. Саидов бовар дорад, ки ҳамла ба ӯ дар заминаи адовати миллӣ сар задааст ва онро "авбошӣ" донистан дуруст нест.

Мақомоти Русия дар гузашта гуфтаанд, ки парвандаи Саидовро мӯшикофона таҳқиқ ва ҳамлаварро бо ҷурми талоши куштор беш аз даҳ сол зиндонӣ кардаанд.

Онҳо мегӯянд, Сергей Тсарев, шаҳрванди 61-солаи Русия дар ҳолати мастӣ бо таппончаи травматикӣ ба Сулаймон Саидов ҳамла кардааст ва “ин як амали авбошист”. Зинаҳои болоии додгоҳ дар Русия низ бегонаситезӣ будани қазияи Саидовро рад кардааст.

"Ин қатор барои русҳо аст"

Ҳамла ба Сулаймон Саидов моҳи апрели соли 2016 рух дод. Ӯ рӯзи 15-уми май гуфт, парвандааш ноодилона таҳқиқу баррасӣ шуд ва ҳатто 360 ҳазор рублеро, ки дар моҳҳои аввал дар бемористон харҷ кард, ҳанӯз напардохтаанд.

"Сад дар сад бегонаситезӣ буд. Ин мардро намешинохтем ва ӯ ҳам моро намешинохт. Дар миёни даҳҳо рус фақат ба ману ҷиянам ҳамла кард", -- афзуд ӯ.

Аризаи ин шаҳрванди Тоҷикистон ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар бо ёрии Кумитаи "Гражданское содействие" (Мусоидати шаҳрвандӣ) дар Русия навишта шудааст. Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳамлагар замони ҳуҷум Сулаймон Саидов ва ҷиянашро бо ибораҳои "сарсиёҳ" таҳқир карда ва гуфтааст, "ин қатор барои русҳо аст".

Муҳоҷири тоҷик Русияро ба Додгоҳи аврупоӣ кашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон

Сулаймон Саидов мегӯяд, то замони ҳамла дар Русия кор мекард ва рӯзии худу ҳамсар ва чаҳор фарзандашро меёфт. "Пас аз ин ҳодиса корам фақат табобат аст. Ҳанӯз сар ва чашмам месӯзад ва пайваста зери назари пизишконам. Дигар мисли пеш кор карда наметавонам. Аз ин рӯ, бо муроҷиат ба Додгоҳи аврупоӣ мехоҳам пеш аз ҳама ҷуброни зарари расида ба саломатиамро ба даст орам", -- гуфт ӯ.

Чаҳор моҳ пеш Сулаймон аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло дар ватан қарор дорад.

Светлана Ганнушкина
Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина, раҳбари Кумитаи “Гражданское содействие”, рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ба он хотир ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат карданд, ки ҳукумати Русия (дар симои кормандони пулис) замони ҳамла ба муҳоҷири тоҷик "беамалӣ нишон додааст".

"Чунин парвандаҳоро авбошӣ менависанд"

"Дар парвандаҳо ба сахтӣ ангезаи миллатбадбинӣ доштани ҳамлаҳоро зикр мекунанд. Мақомот аксаран инро эътироф намекунанд. Ба он хотир, ки худашон дар ангехтани андешаҳои миллатбадбинӣ даст доранд. Аз ин рӯ, аксаран чунин парвандаҳоро ҳамчун авбошӣ баррасӣ мекунанд", -- гуфт Ганнушкина.

Ҳамла ба Сулаймон Саидов се сол пеш баҳсҳои бегонаситезӣ дар Русияро доман зад. Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо кунад ва ҷазои сазовор диҳад.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Онҳо ба далели бекорӣ ва камии маош дар кишвар ба онҷо рафтаанд.

Амри додгоҳ ба пардохти товон

Дар гузашта Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон ба Русия амр дода буд, ки ба чанде аз шаҳрвандон ва ё зодагони Тоҷикистон ба далели нақзи ҳуқуқи онҳо товон пардозад.

Он аз ҷумла ҳукм бароварда буд, ки ба Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд; Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд; Раҳматуллоҳ Назаров, як сокини ноҳияи Файзобод, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, аз 15 000 то 50 000 евро товон дода шавад.

XS
SM
MD
LG