Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе гуфт, тасмим дорад, охирҳои моҳи июн дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" (G20) дар Ҷопон бо раҳбарони Чину Русия -- Сӣ Ҷинпин ва Владимир Путин мулоқот кунад.
Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дод. Ба гуфтаи Трамп, мулоқоти ӯ бо Сӣ Ҷинпин дар пасманзари афзоиши ихтилофҳо миёни Чину ИМА метавонад созанда бошад. Вале президенти ИМА дар бораи интизориҳояш аз мулоқот бо Путин чизе нагуфтааст.
Саммити G20 рӯзҳои 28-29 июни соли равон дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад.
Саммити пешин рӯзҳои 30 ноябр ва 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Буэнос-Айрес барпо шуда буд. Вохӯрии Трампу Путин бо вуҷуди эълонҳои пешакӣ баргузор нашуд. Ба ин боздошти 24 маллоҳи украин дар баҳри Азов сабаб гашт. Русия то ҳол маллоҳонро озод накардааст.