Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари нави дафтари САҲА дар Душанбе ба кор сар кард


Сафир Валериу Кивер 13 май ба иҷрои вазифаи худ ҳамчун роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шурӯъ намуд. Вай гуфт, талош мекунад, "кори Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба беҳбудии зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар саросари кишвар ба таври мусбат мусоидат намояд”.

Ба гуфтаи Кивер, дипломати молдовӣ, «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе яке аз намояндагиҳои калонтарини созмон мебошад. Он ба Тоҷикистон дар беҳбуди амнияти сарҳадҳо, бартараф кардани хатари минаҳо ва маводи тарканда, рушди иқтисодӣ ва мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунад. САҲА метавонад ба кишвар пешниҳодҳои зиёд намояд ва ман умедворам, ки бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, таъсири кӯмакамонро ба ҳадди аксар расонам», -- гуфт Кивер.

Ин дар ҳолест, ки фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз тарафи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти тоҷик танқид мешавад, ки ба вазъи озодии баён ва ҳуқуқи инсон дар тин кишвар таъсире надорад. Ахиран созмон аз мақомоти Тоҷикисттон даъват кард, бастани дастрасии мардум ба сомонаҳои Радио Озодӣ, Азия Плюс ва шабакаҳои иҷтимоиро қатъ кунад. Ин даъвати аввал набуд, аммо ҳеч яке аз чунин хостҳои САҲА дар Тоҷикистон амалӣ нашудаанд.

Сафир Валериу Кивер зиёда аз 24 сол собиқаи кории дипломатӣ дорад ва дар гузашта ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷӣ ва интегратсияи аврупоии Молдова ва ҳамчунин сафири Молдова дар Австрия хидмат намудааст. Ӯ бо САҲА робитаи тӯлонӣ дорад, ба ҳайси Намояндаи доимии кишвар дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо адои хидмат намуд ва ба вазифаҳои гуногун дар намояндагиҳои САҲА дар Гурҷистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъин шуда буд. Ба забонҳои руминӣ, англисӣ ва русӣ суҳбат мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG