Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ҷулиан Ассанж дигарбора таҳқиқ мешавад


Ҷулиан Ассанж
Ҷулиан Ассанж

Додситонии Шветсия қарор кардааст, ки тафтиши муқаддамотии қазияи Ҷулиан Ассанж муассиси Викиликсро аз сар бигирад, ки ӯро ба таҷовузи ҷинсӣ муттаҳам мекунанд.

Эва Мария Перссон, муовини додситони Шветсия гуфт, ки бо назардошти хориҷ кардани Ҷулиан Ассанж аз сафорати Эквадор вазъ тағйир карда ва имкони истирдоди Ассанж барои бозпурсӣ дар Шветсия фароҳам шудааст. Эва Мария Перссон афзуд, баъди адои ҳукми зиндон дар Бритониё дар соли 2020 онҳо истирдоди Ассанжро талаб мекунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам хостааст, ки Ҷулиан Ассанжро барои ҳамкорӣ бо Челсӣ Маннинг, маъмури Хадамоти иттилоотии артиши Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар истирдод кунанд. Челсӣ Маннинг садҳо ҳазор санадҳои сиррӣ, мукотибаҳои дипломатӣ ва гузоришҳои махфии артиши Амрико дар бораи ҷанг дар Афғонистону Ироқро ба Викиликс дод ва фош кард. Моҳи апрели имсол вакили дифои зане, ки гуфтааст,

Ҷулиан Ассанж ӯро соли 2010 ҳангоми сафар ба Шветсия таҷовуз кард, дархост кардааст, то парвандаи ба зидди ӯ аз нав таҳқиқ шавад. Шветсия соли 2017 баъди панҷ соли паноҳ бурдан дар сафорати Эквадор аз таҳқиқи парвандаи Ассанж даст кашид.

Муассиси “Викиликс”-ро рӯзи 11-уми апрел аз сафорат берун карданд. Додгоҳи Бритониё ӯро баъдан барои риоят накардани шартҳои озодӣ дар ивази васиқа ба 50 ҳафтаи зиндон маҳкум кард. Ҷулиан Ассанж иттиҳомоти таҷовузи ҷинсиро рад мекунад ва мегӯяд, бо ризоияти худи зан бо ӯ якҷо будааст.

XS
SM
MD
LG