Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониёву Фаронса ва Олмон созиш бо Эронро баррасӣ мекунанд


Вазирони умури хориҷии Бритониё, Фаронса ва Олмон дар шаҳри Брюссел ҷамъ меоянд, то роҳҳои бетағйир гузоштани созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро баррасӣ кунанд.

Мулоқоти рӯзи 13-уми май бо Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо баъди он сурат мегирад, ки Эрон ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар сурати ҳимоят нашудани манфиатҳояш аз таҳримоти Амрико, баъзе аз талабҳои созишномаро иҷро намекунад.

Баъди хориҷ шудани Амрико аз созиши атомӣ дар соли гузашта ва барқарор кардани таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эрон танишҳо авҷ гирифт. Бар асоси созиш, дар ивази сабуктар шудани таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди Эрон ин кишвар аз баъзе фаъолиятҳои атомӣ, аз ҷумла тавлиди ураниуми ғализ даст мекашад.

Кишварҳои аврупоӣ саъй доштанд, ки Эронро аз таъсири манфии таҳримоти Амрико эмин нигаҳ доранд, вале Эрон гуфт, корашон дар ин самт суст аст. Пештар аз мулоқот, Федерика Могерини ба хабарнигорон гуфт: “Мо то ҳадде ки метавонем, бо тамоми абзор ва иродаи сиёсӣ, ки дорем, кӯмакро идома медиҳем.

” Ӯ афзуд, ки дар мулоқот ба шеваҳои иҷрои комили созиши атомӣ бо Эрон таммаркуз мекунанд, ки аз маҳаки аслӣ барои амнияти минтақа ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG