Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тел-Авив озмуни "Евровидение-2019" оғоз шуд


Озмуни байналмилалии "Евровидение-2019" бо иштироки намояндагони 41 кишвар рӯзи якшанбе дар майдони театри Габима, дар маркази шаҳри Тел-Авив оғоз шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дод.

Даври ниманиҳоии "Евровидение-2019" рӯзҳои 14-16 май ва даври ниҳоӣ 18 май дар Маркази намоишгоҳии Тел-Авив баргузор мешавад. Русияро дар озмун сароянда Сергей Лазарев бо суруди "Scream" намояндагӣ мекунад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ таҳти рақами 13 баромад хоҳад кард.

Телевизиони нуҳуми Исроил хабар додааст, ки тадобири амниятӣ дар рӯзҳои баргузории озмун дар Тел-Авив пурзӯр карда шудааст. Тартиботи шаҳрҳо тӯли ҳафта 20 ҳазор маъмури пулис таъмин карда, ворид шудан ба маконҳои чорабинӣ бо силоҳ қатъиян манъ аст.

XS
SM
MD
LG